«Арӯсӣ» - орзуи ниҳоии аксари духтарони бесаводи кишвар

«Сар аз соли 1990 дар Тоҷикистон се насли занон бесавод мондаанд»
Ин натиҷаи пажӯҳишест, ки дар чаҳорчӯби барномаи «Таҳсили духтарон дар Тоҷикистон» дар водии Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон анҷом шудааст.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, раиси созмони иҷтимоии «Оштии Миллӣ» ва ҳамоҳангсози барномаи «Таҳсили духтарон дар Тоҷикистон» дар шарҳи ин пажӯҳиш гуфт, заноне, ки то фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ аз таҳсил дар канор монда буданд, духтаронашон бинобар ҷанги шаҳрвандӣ аз мактаб дур афтоданд ва ҳоло насли баъдӣ, ки то синфи 8 ё 9 ба мактаб меравад, ояндаи худро норӯшан ва танҳо дар либоси арӯсӣ тасаввур мекунад. Хонуми Ғаффорзода аз ҷумла афзуд, «мутаассифона имрӯз тамоюле, ки ҳамчун як бону маро ба ташвиш меорад ин аст, ки духтари синфи 5-ро вақте суол медиҳӣ, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ ин духтарак мегӯяд, арӯс. Яъне вай аз ин беш орзу кардан наметавонад. Чунки дар мактабҳо он шароите, ки бояд фароҳам бошад нест».

Ин ҳам дар ҳоле, ки меъёри пазируфташуда барои саводнокӣ, ин хондан ва навиштан дониста мешавад. Аммо зинаи аввали сифати босаводӣ ин ҳадди аққал доштани маълумоти нопурраи асосӣ, яъне таҳсил то синфи 9-ум маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи хонум Ҳуриниссо ҳарчанд тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 17 дарсади духтарон аз омӯзиш дар мактабҳои ҳамагонӣ дур мондаанд, вале дар асл ин рақам ба маротиб бештар аст.

Гуфта мешавад, машғулияти аслии ин модарони оянда аксаран аз тамошои филму гӯш кардани мусиқӣ иборат буда, онҳо дар бораи зиндагии ояндаи худ тасаввуроте надоранд. Акнун дар хона модари бесавод ё камсавод бо духтари бедониш ё келини камсаводе нишаставу қарор аст, онҳо насли ояндаро тарбия мекунанд. Чунин вазъият нақши мактабҳои миёнаро ба маротиб бештар кардааст.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ҳафта гуфт, «то имрӯз зиёданд волидайне, ки духтаронашонро пинҳон кардаву ба мактаб рафтан иҷозат намедиҳанд. Мо болои ин масъала кор бурда истодаем ва ҳатто ният дорем барои духтарон дар водии Рашт мактабҳои ғоибона ташкил намоем, то ин ки тавонем ин духтаронро баъд аз синфи 9 ба таҳсил фаро бигирем».

Дар ҳамин ҳол, қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои монеъ шудани волидайн ба таҳсили фарзандон дар мактаб муҷозотеро ба манзури пардохти ҷарима ба маблағи 3,5 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст.
Танҳо дар вилояти Хатлон дар соли 2010 ба иттиҳоми «монеъ шудан ба таҳсили кӯдакон дар мактаб» 19 ва дар соли 2011, 28 парвандаи ҷиноӣ алайҳи волидон боз шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин омор коршиносон мегӯянд, қабули чунин қонун, барои ҳифзи ҳуқуқи духтарон ба таҳсил муассир набудаст, зеро аксаран бинобар камбизоатӣ, волидайн барои таҳсили духтарони худ монеъа эҷод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷомеъашинос Дилором Раҳматова мегӯяд, баргузории ҳама гуна пажӯҳишҳо дар мавриди дастрасии духтарон ба таҳсил метавонад ба манфиати кор бошад.

Вай афзуд, «натиҷаи ҳамин таҳқиқотҳо буд, ки ҳукумат ва вазорати маориф аллакай дарк намуд, ки бояд ба таҳсил ва сифатнокии дараҷаи маълумотнокии насли ҷавон рӯ оваранд. Аллакай маоши омӯзгорон то ҳадде боло бурда шудааст, то ин ки мактабҳо бо кадр таъмин шаванд, аммо ин ҳанӯз хеле кам аст.»

Бо ин ҳама Ҳуриниссо Ғаффорзода мегӯяд, гурӯҳе аз созмонҳои иҷтимоӣ мехоҳанд дар заминаи ин пажӯҳишҳо Вазорати маориф ва кишварҳои мададрасонро ба баррасии дурнамои рушди маориф ва барномаҳои нави ҳифзи таҳсили духтарон давъат кунанд.