Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Таътили саҳрои»-и атфоли деҳоти тоҷик


Кӯдакони деҳотӣ дар рӯзҳои маъмулии зиндагиашон пас аз мактаб ва ҳам рӯзҳои истироҳат дар заминҳои кишоварзӣ кор мекунанд.

Тобистон вақте дар ҳама ҷо таътил эълон мешавад, кори онҳо даҳчанд зиёд мегардад. Онҳо дастиёрони асосии аҳли оилаанд.
Бахтинисо, як ҷавондухтар аз деҳаи Қаратоғ хамагӣ 16 сол дорад. Аммо алакай корҳои деҳқониро пурра аз худ кардааст. Ҳар сол ӯ ҳамроҳи бародару хоҳаронаш дар як гектар замини лалмӣ деҳқонӣ мекунад. Вай мегӯяд, «мо дар таътили тобистона корҳои деҳконӣ дорем, яъне бодиринг, помидор, палак ҳамин хел чизҳоя кишт мекунем. Ба падару модарам ёрдам медиҳем. Падарам бошад дар Русия аст, мо бошем ҳамроҳи модарам, бародаронам ва хоҳаронам кишту корро идома дода истодаем. Мехоҳам рафта истироҳат кунам, аммо фурсат нест».

Ҷавонписари дигар Шаҳбоз ҳам боре дар таътили тобистона ба истироҳатгоҳе нарафтааст. Пас аз супоридани имтиҳон Шаҳбоз ба алафдаравӣ машғул шуд. Ҳозир бошад, ӯ гандум дарав мекунад, «аз сабаби он ки соли гузашта
хушксолӣ омад, мардум ҳеҷ чиз кишт карда натавонистанд аз ҳамин сабаб мо чизҳоямонро барои чорво захира карда мондем. Соли гузашта алаф кашондам ва хӯроки чорворо ҷамъоварӣ намудем. Падарам дар охири кор барои ман як велосипед хариданд, ки ман бо он дар вақтҳои холигиам сайругашт мекунам. Дар кишлоқ баъд аз он ки мо ҳамаи корҳоямонро анҷом додем, бо ҷӯраҳоям дар дарё оббозӣ мекунем».

Истироҳати кӯдакони деҳот дар вақти таътили тобистона имрӯз ба як муаммои бузург табдил ёфтааст. Чун имрӯз дар Тоҷикистон теъдоди хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба беш аз 1 миллиону 700 ҳазор расидааст. Аммо танҳо 400 ҳазор нафари ин кӯдакон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванду халос.

Ҷамолиддин Амиров, мудири бахши муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагии Вазорати маориф мегӯяд, «солҳое ҳаст, ки шароит фароҳам оварда мешавад дар ҳар як ноҳия дар назди 20-30 мактаб истироҳатгоҳҳои тобистона созмон меёбад. Солҳое ҳаст, ки ин шумора кам ё зиёд мегардад. Ин вобаста ба ҳамон маблағҳое, ки иттифоқҳои касабаи коркунони маориф ва корхонаву ташкилотҳо, барои истироҳат ҷудо мекунанд».

Ба унвони мисол танҳо дар ноҳияи Шаҳринав 53 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 20 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Агар соли гузашта танҳо дар назди ҳамагӣ 6 мактаб истироҳатгоҳи тобистона кушода бошанд, имсол икдом гирифтанд, ки шумораи онро ба 30 адад бирасонанд. Бо вуҷуди ин танҳо 10 дарсади хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Абдулоид Саидов раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Шаҳринав мегӯд, «дар назди хоҷагиҳои деҳконии калон лагерҳои истироҳатӣ-меҳнатӣ ташкил карда шудаанд. Онҳо як муддати муайян, як соат ё ду соат меҳнат мекунанд ва баъдан ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Аз ҷониби хоҷагӣ ба онҳо хӯроки гарм таъмин карда мешавад. Лагерҳои варзишӣ дар назди мактабҳо ташкил кардем. Аз ҳисоби маблағҳои иловагии мактаб ва волидон барои онҳо яквақта қандчой ва чалпак ташкил карда, додем».

Аммо танҳо бо чою қанд фароғати кӯдаконро бароҳат карда наметавон.

Коршинос Хилватшои Маҳмуд гуфт, ки солҳои қабл дар тобистон кӯдакони деҳот ва минтақаҳои дурдаст ба тафрегоҳҳои дохил ва берун аз кишвар даъват мешуданд. Онҳоро барои хониши хуб ва аъло шавқманд менамуданд. Ӯ ба ин бовар аст, ки имкони молиявии ҳукумати феълӣ имрӯз изоҷа намедиҳад, ки кӯдаконро бо чунин истироҳат фаро гиранд. Аз тарафи дигар ӯ мегӯяд, ки қисми тафрегоҳҳо ва ҷойҳои истроҳатии кӯдакон фурӯхта шудаанд ё ба иҷора дода шудаанд. Бинобар ин метавон бо дигар роҳҳо табъи кӯдакони деҳҳотро болида гардонид.

Ӯ пешниҳод мекунад, «хуб мешуд, ки ба деҳот ба кишлоқҷойҳо, макони дурдасти кӯҳистони кишвар як сирки сайёр, театри сайёр, филмҳои мустанади сайёр ё мултфилми сайёр ташкил карда шавад. Гурӯҳҳои ҳунарӣ ба деҳот бираванд. Дар ҳудуди бештари қишлоқҷойҳо ва ҷойҳои дурдаст майдончаҳои варзишӣ вуҷуд надоранд. Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавонад, боғчаи мактабҳо умуман аз ҷойҳои чамъиятӣ барои фарзандони меҳнаткаши ҷомеаи Тоҷикистон ҷой ҷудо кунанд, то ин ки аз заҳмати шадид каме роҳат бошанд. Дар баробари ин дар мактабҳо маҳфилҳои ихтирокори ҷавон, адибони ҷавон, математикони ҷавон таъсис дода шавад».

Ин замон бошад, кӯдакони деҳот ҳамоно дар саҳрову ҳоҷагиҳои деҳқонӣ арақи ҷабин мерезанд. Яке барои зимистон алафу хезум мекашонад. Дигари барои ба даст овардани музд талош мекунад. Дилхушии онҳо ҳамон як дарёчаи рустост, ки дар гармии тобистон роҳати ҷонашон аст. Созмонҳои байнлмилалӣ борҳо ба меҳнат ҷалб шудани кӯдаконро, хусусан дар вақти таътил, интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG