Бузу гӯсфандҳои марзшикани Узбакистон ба асорат афтоданд

Мақомоти Шаҳритус аз мусодираи 313 сар чорвои хонагие, ки имсол аз ҷониби Ӯзбакистон вориди марзи ҷанубии Тоҷикистон шудааст, хабар доданд.
Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳритус, ноҳияе дар марзи Узбакистон гуфт, ахиран ба сабаби беэҳтиётӣ, нодидагирии марзи Тоҷикистон ё ба амри тасодуф дар ду дафъа бузу гӯсфандони чӯпонҳои узбак, ки дар мавзеъҳои сералафи назди марз чаро дода мешуданд, хатти марзро рахна намудаанд.

Ҷумъахон Сафаров гуфт: «Имсол беш аз 300 сар чорвои хурд аз сарҳади Узбакистон ба ин тараф гузаштааст. Гап сари он аст, ки қитъаи марзе, ки ин воқеа рух додааст, аслан хатти сарҳад кашида нашудааст. Ҳоло мо бо ҷумҳуриҳои Узбакистону Қирғизистон масъалаҳои баҳснокӣ сарҳадӣ бисёр дорем. Ҳоло комиссияҳои давлатӣ машғули ҳаллу фасли ин масъала ҳастанд. Аз ҷумла ҳамин сарҳади Тоҷикистону Узбакистонро, ки аз ноҳияи Шаҳритус

Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳритус

мегузарад, як роҳи одамгузар ҷудо мекунад. Дар миёна як дарахти азиме ҳаст, ки як қисмати бадани дарахт дар дохили Тоҷикистону қисмати дигараш дар марзи Узбакистон».

Ҷаноби Сафаров афзуд, ин ҳодиса расо як сол пас аз он рух додааст, ки се чӯпони тоҷик ҳам дар марзи Узбакистон бо 1570 сар чорвои хонагӣ боздошт шуда буданд: «Даҳмардаи бечора чарондааст чорворо ва азбаски ягон аломати марзӣ нест, нафаҳмида гӯсфандонро ба он сӯйи марз гузаронидааст. Вай аз куҷо донад, ки як қадам ин сӯ Тоҷикистон асту як қадам он сӯ Узбакистон. Марзбонони узбак даҳмардаҳоро бо гӯсфандҳошон боздоштанд. Вақте сарҳад аломатгузорӣ нашуда ва бо симхорҳо баста нашуда бошад, ҳамин хел нофаҳмиҳо зиёд рӯй медиҳад…»

Бо талошҳои мақомоти Тоҷикистон подабонҳои тоҷик ба кишвари худ баргаштанд, аммо бо қарори додгоҳе дар Узбакистон беш аз якуним ҳазор сар чорвои онҳо бозгардонида нашуд.

Коршиносон мегӯянд, ба сабаби демаркатсияю делимитатсия нашудани марзҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистон, баҳсҳое ба ин монанд миёни мақомоти ду кишвар зиёд рӯй медиҳанд, ки дар ниҳояти кор шаҳрвандони қатории Тоҷикистону
Узбакистон аз он зиён мебинанд. Борҳо шуда, ки сокинони ноҳияҳои марзии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, низ ба сабаби рӯшан набудани хатти марз ноогоҳона вориди хоки Узбакистон шуда, мавриди боздошт қарор мегиранд.

Ба иттилои мақоме дар вилояти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, ҳоло дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистон мавзӯи дигаре ҳам дар миён ҳаст, ки баҳси мақомоти ду кишварро ба бор овардааст. Гуфта мешавад, дар мавзеъҳои ҳанӯз делимитатсия ва демаркатсия нашудаи марз, дар наздикии ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон майдони нафтие мавҷуд аст, ки ҷониби Узбакистон аз он «худсарона истифода мекунад».

Танҳо ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо ҷумҳурии Узбакистон дастикам 46 километр марзи муштарак доштааст.