Пас аз 124 соли ба дор овехтани Восеъ дар Шаҳрисабзи Узбакистон, нахустин тасмим барои овардани ҷасади ӯ ба Тоҷикистон гирифта шуд.
Ҳукумати ноҳияи Ховалинг бо мактубе аз Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин маврид кӯмак хостааст.
Маҳсиддин Саидтоҷов, мудири Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ҳоло Академияи илмҳо ва вазорати фарҳанг мактуби ҳукумати ноҳияро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ӯ мегӯяд, баргардонидани ҷасади Восеъ дар самти худшиносиву худогоҳии насли наврас саҳм хоҳад гузошт, аз ин рӯ, ҳукумати Ховалинг барои баргардонидани он талош хоҳад кард: «Мо пас аз мактуб кардан боз шифоҳӣ аз Вазорати фарҳанг дар ин бора пурсидем. Гуфтанд, ки роҳҳои овардани ҷасад омӯхта мешавад ва ба шумо расман посух медиҳем. Раиси ноҳия худашон бевосита ба амалӣ шудани кор ҳавасманданд, зеро ин обрӯи давлату ҳукумат мешавад. Восеъ як чеҳраи ифтихории таърихӣ Тоҷикистон аст».
Дар ҳамин ҳол, Раҷабалӣ Камолов, директори осорхонаи ба номи Восеъ, ки худро набераи ӯ медонад, аз ин иқдоми ҳукумати Ховалинг истиқбол мекунад. Ӯ мегӯяд, садҳо нафар ба Дараи Мухтори Ховалинг барои тамошои осорхонаи Восеъ меоянд ва вақте гӯри ӯро мепурсанд, мо дар хиҷолат мемонем, зеро мазори ӯ дар ин ҷо вуҷуд надорад.
Аммо ӯ мегӯяд, то ҳол гӯри бобояшро низ дар Шаҳрисабзи Узбакистон дақиқ намедонад ва паҳлӯҳои зиёди зиндагии Восеъ норӯшан аст: «Албатта, нақлҳо зиёданд, ки мӯйсафедон мекарданд, вале ҷои аниқашро намедонам. Аммо бовар дорам, ки аз паи ин кор шаванд, он амалишаванда ҳаст. Восеъ дар Дараи Мухтори Ховалинг таваллуд шудааст, дар ин ҷо калон шудааст, аммо оромгоҳаш ин ҷо нест».
«Ба Шаҳрисабз Восеъ бемазор аст»
Тасмими аввалин, барои баргардонидани ҷасади Восеъ дар ҳолест, ки чанд соли пеш туркҳо ҷасади Анварпошшо, як генералӣ турк дар ҷанги ҷаҳонии аввалро аз Балҷувон бурданд. Саид Раҳмон, як нависандаи маҳаллӣ мегӯяд, дар ҳоле туркҳо ҷасади Анварпошшоро ба Туркия бурданд, ки ӯро аксари туркҳо барои шикаст додани лашкари кишварашон дар ҷанги якуми ҷаҳон хиёнаткор медонанд. Саид Раҳмон мегӯяд, ин пешниҳодро чанд соли пеш ба ҳукуматдорони маҳаллӣ карда буд, ки барои ифтихороти миллӣ ва дар ҳоле Восеъро қаҳрамон дониста, барояш ноҳияеро унвонгузорӣ кардаанд, ҷасадашро ба ватан биёранд: «Шеъре доштам бо номи «Ба Шаҳрисабз Восеъ хору зор аст, Ба Шаҳрисабз Восеъ бемазор аст». Вақте бо номи нафаре ин қадар ифтихор мекунӣ, бояд ба қадраш расид. Гӯри Восеъ номаълум аст, ин қадар ифтихор аз ӯ бемаънӣ ба назар мерасад».
Қабри номаълуми Восеъ
Аммо Зафар Мирзоён, донишманди шинохтаи тоҷик мегӯяд, барои амалӣ кардани ин кор бояд қабри Восеъ пайдо карда шавад, ки бо гузашти беш аз сад сол кори саҳлу сода нест. Мирзоён мегӯяд, Восеъ дар замони Амир Абдулалҳадхон ҳамчун «осиву хиёнаткор» ба дор кашида шуда буд ва маъмулан дар он замон барои «осиён» гӯр намеканданд. Аммо ҷустуҷӯи қароргоҳи тобистонаи Абдулаҳадхон ва бархе аз фарзияҳое, ки замони шӯравӣ ҷамъ оварда буданд, ба гуфтаи ӯ, шояд, ин корро осонтар кунад.
Мирзоён мегӯяд: «Кадом қаҳрамони тоҷик гӯр дошт ва ин миллат онро парастишу қадрдонӣ намуд? Шинохти қаҳрамонҳои миллӣ шинохти миллат аст. Дар симои онҳо бояд мо ҷавононро тарбия кунем. Барои чунин қаҳрамонҳо ҳар коре анҷом дода шавад, арзиш дорад, зеро симои онҳо, пайкори онҳо як идеологияи ватандӯстист. Шӯравӣ аз Восеъ қадрдонӣ карда буд ва соли 1987 сад солагии шӯришаш бо шукӯҳ таҷлил шуд».
"Ё мазорашро обод кунед, ё номашро хат занед!"
Ба назар мерасад, то пайдо кардани гӯри Восеъ ва овардани ҷасади ӯ ба ватан кори осоне нест, ки ҳукумати ноҳияи Ховалинг зуд ба он даст ёбад. Аз сӯи дигар Зафар Муродов, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, дар ҳоле, ки муносиботи Тоҷикистону Узбакистон хуб нест, иҷрои ин кор дар чунин шароит тақрибан номумкин аст: «Шояд иҷозаи ҷустуҷӯ ба бостоншиносони тоҷикро надиҳанд. Аммо бояд ин корро мардуми тоҷик бикунанд. Агар ҷасад ҳам пайдо нашуд, бояд дар ҳамон Шаҳрисабз ягон мазори рамзӣ бунёд шавад. Агар инро накунанд, бояд номи Восеъро аз сафҳаи таърих хат бизананд ва бо он ифтихор накунанд».
Ин тасмиму гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки аз ба дор кашидани Восеъ дар Шаҳрисабз соли 1888 то ба имрӯз 124 сол гузашт. Восеъ дар соли 1887 бар зидди ҳокимони бекигарии Балҷувон, ки андозро боло бурда буданд, шӯриш бардошта буд. Бо вуҷуди пахши шӯриш ва қатли бераҳмонаи шӯришгарон, номи Восеъ дар забони сокинони оддӣ, ҳамчун як инсоне, ки пуштибони ормонҳои мардуми камбағал буд, фаромушнашаванда боқӣ мондааст.