Р.Раҳимов: "На ҳама омилони қатли Х.Сафаров ошкор шудаанд"

Рамазон Раҳимов

Вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, ки на ҳама ширкаткунандагони қазияи куштори Холмӯъмин Сафаров ошкор ва боздошт шудаанд.
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, боздошти қотили Холмӯъмин Сафаров, сарвари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро таъйид кард, вале ба хотири халал ворид нашудан ба раванди тафтишот, аз ироаи тафсилот худдорӣ намуд.

Вазир гуфт, ин парванда ба гурӯҳи «тафтиши махфиёна» алоқаманд аст ва ӯ намехоҳад то ба раванди таҳқиқи он халал расонад.

Генерал Раҳимов, танҳо гуфт, ки тафтиши ин қазия идома дорад ва баъдан расонаҳои хабарӣ аз ҷузъёти ин куштор огоҳ карда хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти қотили эҳтимолии Холмӯъмин Сафаров хабар дод, аммо ҳуввияти онро ошкор накард.

Масъулони вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки шахси гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров, рӯзи ҷумъаи 14-уми июл дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Р. Раҳимов:"На ҳама омилони қатли Х.Сафаров ошкор шудаанд"


Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, ки раҳбарии гурӯҳи муштараки тафтишотиро бар дӯш дорад, дар сӯҳбат бо РО дастгир шудани фарде ба куштори Холмӯъмин Сафаровро таъйид кард.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ низ иқдомотеро барои пайдо кардани тапончаи қотил дар дарёи Душанбе, дар қисмати ғарбии маркази пойтахти Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд.

Ба манзури дигар кардани маҷрои оби дарё техника сафарбар карда шуда ва аз маъмурони пулис то ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ба хусус вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ду паҳлӯи дарёи Душанбе, дар қисмати ҷамоати деҳоти «Россия» ва маҳаллаи 46- ум назоратро бар дӯш доранд, талош доранд, то тапонча дарёфт шавад.

Зеро ба гуфтаи манобеи пулис, фарди қотил зимни ироаи нишондод гуфтааст, ки дар шаби сӯи қасд ба ҷони Холмӯъмин Сафаров, силоҳи худро дар дарёи Душанбе партоб кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух дода буд.

Вазорати умури дохилӣ (ВУД) бо нашри баёнияе гуфта буд, ки "афроди номаълум раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи "Макаров" аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад."

Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст.