Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили хешованди президент ҳанӯз ошкор нашудааст


Холмӯъмин Сафаров
Холмӯъмин Сафаров

Мақомот мегӯянд, дар робита ба қатли Холмӯъмин Сафаров дар Душанбе ҳанӯз касе боздошт нагардидааст.

Бо гузашти ду рӯз аз қатли Холмӯъмин Сафаров, раҳбари Муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз омилони ин сӯиқасд дарёфт ва сабабҳои он рӯшан нашудааст.

Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 15-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло тафтишот ҷараён дорад. Аммо то кунун гумонбарон нестанд. Пурсиш дорем, аммо ҳанӯз ягон сабабе рӯшан нашудааст."

Ҷаноби Сангов ба кӯмаки сокинон умед баст, ки ҷиҳати шиносоӣ кардани омилони ҳодиса ва сабабҳои он ба гурӯҳи махсуси тафтишотӣ мусоидат намоянд.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, низ танҳо ҳаминро гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тафтишоти қазия ҷараён дорад ва касе ба унвони гумонбар боздошт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар миёни ҷомеа сару садое ҳаст, ки се ё чор фарди гумонбар ба қатли Холмӯъмин Сафаров тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва амняитӣ боздошт шуда, мавриди бозпурсии гурӯҳи тафтишот қарор дорад.

Дар пайи вуқуи ҳодисаи куштори Холмӯъмин Сафаров, аз пайвандони раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаби 13-уми июн сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе дар ҳолати омодабош (казармавӣ) қарор гирифта ва роҳҳои воридотӣ ба пойтахт тавассути гурӯҳҳои махсуси силоҳбадаст назорат мешаванд.

Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст. Хонадони раисиҷумҳур ё дафтари матбуоти ӯ то ин лаҳза дар бораи ҳодисаи қатл изҳороте пахш накардаанд.
XS
SM
MD
LG