Тоҷик Эйр – варшикастагӣ ё пешрафт?

Кӯҳансолтарин муассисаи ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” мегӯяд, талош дорад, симои худро барои муштариён ва ҳамкоронаш тағйир диҳад ва ба маротиб беҳтар кунад.
Ин дар ҳолест, ки сарони ширкат таассуроти худро аз танқиди муштариёну расонаҳои ахбори ом ва бардошти онро, ки рақобатпазирии “Тоҷик Эйр” коҳиш ёфтааст, пинҳон намедоранд.

Онҳо гуфтанд, дар навбати аввал барои таҳкими эътимоди муштарӣ ба хадамоти “Тоҷик Эйр” қарор аст, ба воситаи як пурсишнома баҳои мусофирон ба хадамот ва нуқоти заъфи кори ширкат муайян гардад. Инчунин, аз рӯзноманигорон даъват шудааст, бо истифода аз парвозҳои ройгон дар бораи кори “Тоҷик Эйр” иттилои дасти аввал ба нашр расонанд.

Исмоил Ғафуров, раҳбари тиҷоратии “Тоҷик Эйр” дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе гуфт: «Мо омодаем, ки дар асоси шартномаи расмӣ ба хайтсайрҳои мухталиф ба рӯзноманигорон ройгон чипта бидиҳем ва онҳо худашон бевосита бо мусофирон сӯҳбат кунанд. Мо мехоҳем, ки мушкилоти "Тоҷик Эйр" воқеъбинона инъикос гардад».

Ҳамзамон ба гуфтаи ҷаноби Ғафуров, “Тоҷик Эйр” то охири сол хатсайрҳои навро ба самти Кобул, Дубай, Банкок, Карочӣ ва Сеул ифититоҳ карданист. Ҳамчунин ба хотири ҷалби сармояи иловагӣ барои харидории ҳавопаймоҳои нав фаъолияти молиявию хоҷагидории “Тоҷик Эйр” -ро дар се соли ахир ширкати байналмилалии «Делойт ва Туш » мавриди санҷиш қарор додааст: «Ин санҷишро мо ба он хотир анҷом медиҳем, ки вақте мо бо инвесторони хориҷӣ ҳамсӯҳбат мешавем, ҳамаи онҳо талаби ҳуҷҷатҳои молиявии ширкатро доранд, ки бояд аз ҷониби аудитори байналмилалӣ гузаронида шуда бошанд. Аз ин лиҳоз мо ин ширкатро даъват кардем ва боварӣ дорем, ки баъд аз гирифтани санҷиши онҳо бо инвесторон дар дигар сатҳ гуфтугӯ кардан метавонем».

Гуфта мешавад, ҳарчанд "Тоҷик Эйр" харидани навъҳои дигари таёраҳои ғарбиро дар назар дорад, аммо дар мадди аввал мехоҳад ҳавопаймоҳои Боингро дастрас кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Юсуфҷон Юсуфаҳмедов, раҳбари парвозҳои ин ширкат, барои ҳавопаймоҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто Русияву Қирғизистону Қазоқистон пилот ё халабонҳо омода намешаванд. Ва ба хотири ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани ин мутахассисони “Тоҷик Эйр” ин халабонҳоро бозомӯзӣ медиҳад.

Юсуфҷон Юсуфаҳмедов аз ҷумла гуфт: «Ширкати "Тоҷик Эйр" мактаби аслии омодакунандаи мутахасисони бахши ҳавонавардӣ барои Тоҷикистон аст. Барои омода кардани як мутахасис ширкат то 100 ҳазор доллар масраф мекунад. То имрӯз "Сомон Эйр" ва "Исет Эйр" ягон мутахассис омода накардаанд, ин ҳама тарбиятгирандагони мо ҳастанд. Барои он ки як ҷавонро мо барои иҷрои парвоз омода кунем бештар аз як сол бо ӯ кор мекунем. Воқеан ҳоло рақобат дар бозори ҳавопаймоӣ сахт аст ва барои мо рақобтапазир будан мушкил аст. Воқеан баъд аз ин заҳматҳо вақте, ки мутахассиси мо барои кор ба дигар ширкат мегузарад, хеле аламовар аст».

Масъулони ширкати Тоҷик Эйр мегӯянд, новобаста ба талошҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтар, то имрӯз чандин мутахассисонашон барои кор ба ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ гузаштаанд. Бархеро муносибати ноҷои раҳбарият ва аксариятро музди баландтар водор ба тарки ин ширкат кардааст.

Шӯҳрат Холов яке аз халабонҳои собиқадори "Тоҷик Эйр" мегӯяд, ӯро низ борҳо бо пешниҳоди музди бештар ба ширкатҳои дигар даъват кардаанд.

Ӯ гуфт, «ман ба он хотир нарафтам, ки вақте тоза корамро дар "Тоҷик Эйр" шурӯъ кардам барои 7 сол шартномаи корро имзо намудам. Пас аз он, ки ин ширкат маро хононд ва комилан чун халабон омода кард, ман дигар корамро то ҳанӯз дар ин ҷо идома медиҳам. Аммо вақте халабонҳои дигар мебинанд, ки бо ҳамин шароити корӣ дигар ширкатҳо маоши зиёдтар медиҳанд, бечуну чаро мераванд».

Масъулони “Тоҷик Эйр” мегӯянд, ҳоло ин ширкат рӯзҳои сахтро пушти сар мекунанд, аммо новобаста ба ин талош дорад вазъи хидматрсонии худро беҳтар кардаву кормандон ва мусофиронашро аз даст надиҳад.
Коршиносон мегӯянд, “Тоҷик Эйр” ба истилоҳ тоза «бедор» шудаааст дар ҳоле, ки мебоист барвақт вазъи хидматрасониашро таҷдиди назар мекард. Аз ҷумла Муҳибуллои Қурбон, ҷомеашиноси тоҷик дар ин робита мегӯяд, «ҳоло дараҷаи хидматрасонӣ дар ин ширкат хеле паст аст. "Тоҷик Эйр" ширкати давлатӣ аст ва бинобар ин он бояд қабл аз ҳама дар андешаи суди мардум бошад на дар фикри даромад кардан. Имрӯз нархи чиптаҳое, ки ин ширкат пешниҳод мекунад хеле гарон аст. Шояд бо зиёд шудани рақобат дар ин бозор вазъи хидматрасонии онҳо баланд шавад. Зеро аксарият аз ночорӣ барои анҷоми парвоз ин ширкатро интихоб мекунанд».

Ба ақидаи коршиносон “Тоҷик Эйр” барои тағйири симо ва ишғоли ҷойгоҳи қавӣ дар бозори пуррақобат чандон фурсати зиёд ҳам надорад. Дар ҳоли нокомии талошҳои ахираш ин муассисаи давлатиро ё варшикастагӣ дар пеш аст ё хусусигардонӣ.