Сонсури "гӯшти мурғ" дар расонаҳои Эрон

Эрониён барои дарёфти гӯшти мурғ саф кашидаанд.

Пулиси Эрон аз намоиши саҳнаҳои истеъмоли гӯшти мурғ дар телевизион интиқод карда ва гуфтааст, ки набояд чунин лаҳзаҳо намоиш дода шаванд.
Зеро мардуми фақир имкони харидории гӯшти мурғро надоранд ва чунин наворҳо метавонад ғазаби онҳоро барангезад.

Вақтҳои ахир, ба вижа баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон, нархи гӯшти мурғ дар ин кишвар ба маротиб боло рафтааст ва барои мардуми оддӣ дастнорас шудааст. Онро яке аз нишонаҳои таварруми пул низ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, гӯшти мурғ ва болоравии нархи он метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз мавзӯъҳои мамнӯъ дар Ҷумҳурии Исломӣ табдил ёбад. Исмоил Аҳмадӣ Муқаддам-раиси пулиси Эрон аз телевизиони давлатӣ интиқод кард, ки лаҳзаҳоеро аз истеъмоли гӯшти мурғ намоиш додааст.

Аҳмади Муқаддар, раиси пулиси Эрон

Оқои Муқаддам рӯзи шанбе, 14 июн дар нишасти хабарии нируҳои интизомӣ гуфт, намоиши чунин саҳнаҳо мумкин аст ғазаби табақаи нодори ҷомеаро бар зидди ҳамсояҳои сарватмандашон барангезад.

Вай афзуд: “Чунин наворҳо имрӯз витрини ҷомеа ҳастанд ва баъзе мардум аз дидани ин фарқияти табақотӣ мегӯянд, ки худамон корд ба даст мегирем ва ҳақамонро аз ин пулдорҳо мерӯёнем”.

Дар Эрон нархи гӯшти мурғ дар нуқтаҳои савдои ҳукуматӣ поинтар аз нархи бозор аст, вале он пайдо намешавад. Дар бозорҳо аз соли гузашта ба ин сӯ ин нарх 60 дарсад боло рафтааст ва онро натиҷаи таварруми пул ва таъсири таҳримҳои шадиди кишварҳои ғарбӣ бар зидди Эрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаӣ арзёбӣ мекунанд.

Ҳоло нархи як кило гӯшти мурғ дар бозорҳо ба 5 доллар баробар шудааст, дар ҳоле, ки қабл аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб нархи он ба 2 доллар баробар буд.
Ҳоло дар ҳамаи шаҳрҳои Эрон навбатҳои тӯлонӣ барои харидории гӯшти мурғ аз нуқтаҳои савдои ҳукуматӣ падидаи маъмулӣ шудааст. Одамон то 14 соат дар рӯзҳои гарми тобистон навбати худро интизор мешаванд.

Ҳоло баъзе аз расонаҳои хабарии Эрон мегӯянд, ки дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб воридоти гӯшти мурғ ба кишвари онҳо ба таъхир афтодааст ва онҳоро барои ин кор муттаҳам медонанд.

Яке аз сокинони Теҳрон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гила кард ва гуфт, рӯзҳои сангинтаре дар пеш ҳаст: “Мо аз хӯроки мурғ гузаштем. Пешкаши худашон... Ин қадр фақр ба бор овардаанд, ки себзаминӣ (картошка) ҳам наметавонем бихарем. Имсол мурғ набояд дар филмҳо нишон дод. Шаш моҳи дигар себзаминӣ набояд дар филмҳо нишон дод. Як соли дигар нон ҳам пайдо намешавад”.

16-уми июл Фирдавс Ҳоҷиён-раиси бахши Донишгоҳи Озоди Исломии Теҳрон ба нишонаи эътироз бар зидди боло рафтани нарх як рӯз гӯшти мурғро ба таври рамзӣ байкот эълон кард.

Вай гуфт, Бахши марказии Донишгоҳи Озоди Исломӣ ба таври рамзӣ 17-уми июл гӯшти мурғ харидорӣ нахоҳад кард, зеро нархи он хеле болост ва ҳукумат наметавонад мардумро бо ин гӯшт таъмин кунад. Фирдавс Ҳоҷиён даллолону миёнравҳоро муттаҳам кард, ки бо истифода аз фурсат онҳо мехоҳанд аз ин вазъ пул ба даст оранд.

Вале мақомоти Эрон барои рафъи ин мушкил роҳи ҳале пешниҳод накардаанд, ба ҷуз ин ки барномаҳои телевизионӣ ва расонаҳои хабариро аз “гӯшти мурғ” сонсур мекунанд. Ҳафтаи гузашта Муҳаммад Ҳусейнӣ-вазири фарҳанги Эрон ба матбуот ҳушдор дод, ки дар бораи таъсири таҳримҳои Ғарб мақола чоп накунанд.

Ҳушдори Ҳусейнӣ ва Аҳмадӣ Муқаддам дар ҳоле садо медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо аз 1-уми июл бар зидди нафти Эрон таҳрим ҷорӣ кард ва кишварҳои ин иттиҳодия нафти Эронро намехаранд.

Дар посух ба сонсури гӯшти мурғ дар матбуоту телевизион баъзе эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои ҳаҷвии мурғҳоро дар сафаҳот ва шабакаҳои худ ҷой додаанд ва “мурғ”-ро мавзӯи танзи худ қарор додаанд.

Масалан, Ораш Ашӯрниё-аккоси машҳури Эрон дар торнамои худ чанд бушқоби гӯшти мурғро гузоштааст ва навиштааст: "Мехоҳад ин аксҳоро зудтар ба нашр расонад, зеро чопи чунин аксҳо дар Эрон мамнӯъ эълон хоҳад шуд."