Халабонҳои тоҷик аз Кобул ба Душанбе баргаштанд

Шоми 13 июл панҷ халабони ширкати «Тоҷик Эйр», ки 45 рӯз аз тарафи Мақомоти амниятии Афғонистон дар Кобул нигоҳ дошта мешуданд, ба Душанбе баргаштанд.
Халабонҳои тоҷик бо ҳавопаймои хатсайри Кобул -Душанбе дар соати 21: 00 ба Тоҷикистон омаданд.

Шамсиддин Қаҳҳоров, яке аз халабонҳои тоҷик дар фурудгоҳ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки 45 рӯз қабл вақте ки намояндагони амниятии Кобул омаданду шиносномаҳои онҳоро гирифтанд, дигар бозпас надоданд ва бо ҳамин натавонистаанд ба Душанбе баргарданд.

Шамсиддин Қаҳҳоров меафзояд, «вақте шиносномаҳои 12 нафар халабонҳои тоҷикро гирифтанд, сабабҳои зиёд пеш оварданд, вале ман ҳоло наметавонам аққалан сабаби кӯчактаринеро, ки онҳо мегуфтанд баён дорам, бояд «Тоҷик Эйр» посух диҳад. Мо халабонҳо гуноҳ надорем бегуноҳем ва дигар «Тоҷик Эйр» медонад, беҳтараш аз мақомоти ин ширкат пурсон шавед.»

Ин 12 нафар халабонҳо мансуб ба ширкати «Тоҷик Эйр» буданд ва дар доираи ширкати «Supreme Food” дар Афғонистон барои неруҳои НАТО ғизо ва дигар маводи зарурӣ ҳамлунақл мекарданд.

Лола Кенҷаева масъули Дафтари матбуоти «Тоҷик Эйр» дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи як иштибоҳи хурде, ки аз тарафи халабонҳои тоҷик рух додааст, ин масъала cар зад. Лекин ба назари ӯ ин чандон масъалаи бузург набуд ва зуд роҳи ҳалли худро пайдо кард:

«Мутобиқи қарордоде, ки онҳо дар онҷо кор мекарданд, ба як иштибоҳи фаннӣ роҳ додаанд. Вақте ки дар парвози навбатӣ аз тафтиши марзӣ нагузаштанд ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифтанд, ки боз ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо кард. Халабонҳо бо ширкати «Supreme Food» то охири ҳамин сол ҳамкорӣ доранд ва боз пас хоҳанд гашт.»

Вале дар мавриди чархболҳои ширкати «Тоҷик
Эйр», ки ҳанӯзам дар фурудгоҳи Кобул нигоҳ дошта мешаванд, Лола Кенҷаева мегӯяд, ки халабонҳои тоҷик, ки бо ширкати «Supreme Food” ҳамкорӣ доштанд ва нерӯҳои НАТО аз пардохти андози Афғонистон озод буданд, ҳеҷ масъалае пеш намеомад. Ба қавли ӯ баъдан Вазорати нақлиёт ва авиатсияи Афғонистон аз неруҳои НАТО талаб кард, ки ба Афғонистон андоз супоранд:

«Ҳоло то замони пардохти андоз аз тарафи НАТО мақомоти Афғонистон ба чархболҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар, ки бо ширкати «Supreme food” ҳамкорӣ доранд ва барои нерӯҳои НАТО ғизо мекашониданд, иҷозаи парвоз намедиҳад», афзуд Лола Кенҷаева.

Ҳамсӯҳбати мо Шамсиддин Қаҳҳоров халабони «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки онҳоро мақомоти афғон дар ҳабсхона ва ё бозддоштгоҳ нигоҳ намедоштанд, онҳо озод буданд ва фақат дар як манзил ба сар мебурданд ва тавре ӯ афзуд, бинобар надоштани шиноснома наметавонистанд ба кӯча бароянд.

«Мардуми афғон бо мо бо эҳтиром муносибат мекарданд, хӯрданию ҳар шароите, ки лозим мешуд муҳаё мекарданд», мегӯяд Шамсиддин Қаҳҳоров.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Халабонҳои тоҷик аз Кобул ба Душанбе баргаштанд


Вай аз сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов изҳори ташаккур кард, ки бо кӯшишу талоши эшон ва намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон, шиносномаҳои онҳоро баргардониданд ва масъалаҳоро мусбат ҳал карданд.

Аз чеҳраҳои халабонҳо рӯшан ба назар мерасид, ки онҳо сиҳат саломат буданд ва аз бозгашти худ ба ватан хеле хушҳоланд.

Тақрибан як ҳафта пеш панҷ нафари дигар аз халабонҳои ширкати «Тоҷик Эйр» пас аз 39 рӯзи боздошт, ба ватан баргашта, қаблан ду тани дигарро низ раҳо карда буданд.