Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои "Ролкан" дарди сар шуданд


Ҳавопаймоҳои мусодирашудаи ширкати «Ролкан» ояндаи наздик ба вазорати мудофиа ё кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон таслим карда хоҳанд шуд.

Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба унвонии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ва кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон номае навишта, хостори тасмимгирӣ дар сарнавишти минбаъдаи ин ду ҳавопаймо шудаанд.

"Ин ду ҳавопаймо, ки беш аз як сол боз дар фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешаванд, бояд ба маҳалли дигар кӯч дода шавад".

Ҳавопаймоҳои навъи АН-72 мансуб ба ширкати хориҷии «Ролкан» буда, моҳи марти соли 2011-ум аз ҷониби ҳавонавардони рус Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа поин оварда шуда буданд.

Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳоро барои убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз ба дуюним соли зиндон маҳкум ва пасон, тибқи қонуни афв, раҳо кард, аммо ҳавопаймоҳои зери идораи онҳоро ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира намуд.

Cадовничий ва Руденко
Cадовничий ва Руденко
Як корманди масъули ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ояндаи наздик мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёри кадом ниҳоди давлатӣ супурдани ҳавопаймоҳо тасмим хоҳад гирифт:

«Суд ҳукмашро бо нома пешниҳод кардааст. Вазорати молия ва кумитаи давлатии сармоягузорию идораи амволи давлатӣ ин ҳавопаймоҳоро ба вазорати мудофиа ё кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вобаста хоҳанд кард. Онҳо рӯзҳои наздик хулосаи ниҳоии худро эълон хоҳанд кард…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки авоили соли ҷорӣ ширкати "Ролкан Инвестмент" бо ирсоли як нома аз додгоҳи Хатлон хоста буд, ки ҳавопаймоҳои мусодирашудаи АН-72-ро ба ин ширкат бозпас гардонад.

Раҳбари "Ролкан" Сергей Полуянов дар номаи худ гуфта буд, ки ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппаро дар мавриди мусодираи ин ду ҳавопаймо ғайриқонунӣ мешуморад ва “азбаски ҳавопаймоҳо моликияти ширкат мебошанд, бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, дар сурати тасдиқ нашудани гуноҳи соҳибмулк дар содир гардидани ҷиноят, касе ҳуқуқи мусодира намудани онро надорад”.

Аммо додгоҳ ин даъвои ширкати “Ролкан”-ро бинобар “ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ набудан ва ҷой доштани ишкол дар матни шикояти даъвоӣ”, рад кард.

Ғулом Бобоев
Ғулом Бобоев
Ғулом Бобоев, вакили мудофеи ҳуқуқи халабонҳои рус, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, давлати Тоҷикистон акнун метавонад ҳавопаймоҳоро мувофиқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кунад, зеро ҳукми додгоҳ, ки ҳавопаймоҳоро бар суди давлат мусодира кардааст, феълан қувваи қонунӣ гирифтааст ва бояд ба иҷро дарояд.

Қимати аслии ин ҳавопаймоҳо ҳанӯз аз ҷониби мутахассисон арзёбӣ нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки як адад муҳаррики ҳавопаймои навъи АН-72, ки низ дар пайи қазияи халабонҳо мусодира гардидааст, қариб як миллиону 100 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.

Ҳавопаймоҳои АН-72 сар аз 12-уми марти соли 2011-ум дар майдони фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа таҳти назорати кормандони мақомоти амният қарор доранд.

Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, ҳузури ин ҳавопаймоҳо дар умури навсозии хатти парвоз ва тавсеаи майдони фурудгоҳ, ки феълан ҷараён дорад, мушкил эҷод мекунад, биноан, онҳо бояд ба зудтарин фурсат ба макони дигар таҳвил дода шаванд.
XS
SM
MD
LG