«Фурушгоҳ»-ҳои маводи мухаддир дар Кӯлоб дар ҳоле кашф шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот даҳҳо ҷавони маҳаллӣ мӯътод ба маводи мухаддир гаштаанд.
Дар пайи як амалёти вижа, ки ба гуфтаи коршиносон собиқа надорад, дар як моҳи ахир кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб 13 «фурӯшгоҳ»-и маводи мухаддир ва 25 нафар фурӯшандагону истеъмолагарони хатарноки онро боздошт кардаанд.
Ҷумъахон Назаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, то баргузории ин амалиёт теъдоди мӯътодони маводи мухаддир ғайричашмдошт дар ҳудуди шаҳр афзоиш ёфта буд. Ӯ мегӯяд, ҳатто бархе аз занон низ мӯътод ва фурӯшандаи маводи мухаддир шуда буданд: «Бовар кунед, ҳамаро ба маводи мухаддир вобаста карданд. Ҳатто занон ҳам буд. Дар ин миён як зан ҳам ба фурӯши маводи мухаддир даст мезад, ки бархе ҷавонзанҳоро ҷалб месохт, ки мо ӯро боздошт кардем».
Абдуҷаббор Ҳазратов, директори Маркази мубориза зидди нашъамандӣ дар минтақаи Кӯлоб аз ин амалиёти кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр изҳори хурсандӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, муборизаи онҳо бар зидди нашъамандӣ дар ҳоле самарбахш мегардад, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир талоши бештар шавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳазратов, онҳо ҷиҳати пешгирии маводи мухаддир ҳама коро анҷом медиҳанд.
«Мо дар мактабу масҷидҳо зиёнҳои маводи мухаддирро ташвиқу тарғиб мекунем. Аммо вақте, ки фурӯшандагонаш боздошт мешаванд, кори мо ҳам осонтар мешавад. Яъне, дар ду сол сол худ ба худ истеъмолагарони маводи мухаддир камтар мешаванд».
Сокинон боздошти пайдарпайи фурӯшандагони маводи мухаддирро хуш қабул кардаанд. Абдусамад Ғайратов, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, фурӯши ҳероину банг дар ду соли охир ҳатто дар ҳудуди шаҳр ошкоро сурат мегирифт. Ӯ мегӯяд, борҳо ба собиқ кормандони шаҳр номи афроди муъайянр, ки ба ин кор машғул буданд, пешниҳод карда буд, аммо онҳо ҳеҷ чорае надиданд.
Аз ин рӯ, Маҳмудҷон Раҳматов, мегӯяд, бе пуштибонии афроде дар мақомот фурӯшандагони маводи мухаддир чунин амал намекарданд: «Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки онҳо пуштибон доштанд. Пуштибонҳое, ки манфиати худро болотар аз манфиати ҷамъият медонистанд. Суол ин аст, ки чаро собиқ кормандони милиса инҳоро ба пуррагӣ боздошт накарданд? Ҷавоби ин савол худаш бозгӯи воқеият аст».
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта 15 нафар аз истеъмоли зиёди маводи мухаддир ба ҳалокат расида буданд. Бештари ҳалокшудагон ҷавонони сини 25 то 36 соларо ташкил медоданд.
Аммо аз аввали сол ҳамагӣ се нафар дар ҳудуди шаҳр аз истеъмоли зиёди маводи мухаддир ҳалок шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба камтар аст. Ин боздошт дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пайи тағйироти кадрӣ, аксари кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи Кӯлоб иваз шуданд.