Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим дорад парвози ҳавопаймоҳои хурд ба навоҳии кӯҳистони минтақаи Кӯлобро дубора оғоз намояд.
Ҳоло мутахассисони фурудгоҳи Кӯлоб роҳҳои барқарор кардани фурудгоҳҳои маҳаллӣ ва роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои хурд назири Ан-2, Ан-24-ро ба минтақаи Сари Хосор, Даштиҷумъ ва Чилдухтарон мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Алӣ Комилов, директори фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб мегӯяд, ин ҳавопаймоҳои хурд дар тобистон барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва дар зимистон, ки роҳҳои мошингард ба ин минтақаҳо тақрибан баста мешаванд, ба сокинон хидмат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Комилов, аллакай мутахассисон сарфу харҷи дубора барқарор кардани фурудгоҳҳои маҳаллиро омӯхта, ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намудаанд ва ҳоло дигар паҳлӯҳои ин масъаларо меомӯзанд.
«Ҳамаи фурудгоҳҳоро бо мутахассисони хати парвоз рафта дидем, сурат гирифтем ва ҳисобу китоб карда, ба вазири нақлёт пешниҳод кардем. Ҳоло дигар паҳлӯҳояш омӯхта мешаванд. Дар амали кардани ин кор пеш аз ҳама манфиати мардум дар назар гирифта мешавад, зеро аз ин кор манфиати молии зиёд дидан мушкилтар аст».
Масъулини фурудгоҳ мегӯянд, пас аз дубора барқарор кардани фурудгоҳҳо, бархе ҳавопаймоҳои хурд, назири Ан-24-ро, ки бекор хобидаанд, таъмиру тармим мекунанд ва бо дарназардошти маблағгузорӣ, эҳтимол ҳавопаймоҳои хурди ҷадид низ харидорӣ кунанд.
Тасмими эҳёи дубораи парвозҳо ба манотиқи кӯҳистони минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки дар чанд зимистони ахир сокинон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар баста будани роҳҳо, беморони зиёде то беморхонаҳо нарасида ҳалок шудаанд.
Муслима Сатторова, сокини деҳаи Шехони ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ду зани ҳомила аз деҳи онҳо дар зимистони имсол бинобар банд будани роҳ ҳалок шудааст: «Мушкили мо ҳамин аст, ки дар зимистон роҳҳоямон баста мешавад. На беморро ба беморхона бурда мешавад, на сиҳатро. Ҳамин зимистон одамон ду зани беморро бо даст ба беморхона мебурданд, ки дар роҳ фавтиданд».
Сокинони деҳоти кӯҳистон мегӯянд, агар парвози ин ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шавад, зиндагии онҳо беҳбуд хоҳад ёфт. Давлат Расулов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки наздиконаш дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, мегӯяд, хабари дубора эҳё кардани парвозҳои ҳавопаймоҳои хурд ӯро дубора ба ёди замони Шӯравӣ бурдааст.
Ӯ мегӯяд, маҳз сокинони кӯҳистон шӯравиро бо хидматрасонии чунин ҳавопаймоҳояш ба хотир доранд ва он замонро то кунун дӯст медоранд:
«Тасаввур кун, ки як одам мехост, 8 бор дар як рӯз Ховалинг рафта меомад. Бо се одам ҳам павроз мекард, бо чор одам ҳам. Ҳозир дар як рӯз ба зӯр дар ин роҳҳои вайрон Ховалинг рафта омада мешавад».
Аммо Аҳмади Иброҳим, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳои хурд ба навоҳии кӯҳbстон иқдоми хубу оқилона аст, аммо ӯ ба амалишавии он дар солҳои наздик бовар надорад. Ба эътиқоди ӯ, ин гуфтаҳо ба мисли садҳо идеяи дигар аст, ки танҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонад.
Аммо масъулини фурудгоҳи Кӯлоб мегӯянд, ин иқдоми Вазорати нақлёт ҷиддист ва дар наздиктарин фурсат бо барқарор кардани фурудгоҳҳои маҳаллӣ, парвозҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.