Бархе аз сокинони Шӯрообод чорпоён ва зироати худро аз ҳуҷуми гургу хук дар шаб акнун тариқи «Мp3» ё худ дастгоҳи хурди пахши садову мусиқии чинӣ ҳифз мекунанд.
Ин фикр дар ҳоле ба сари баъзе аз сокинон омадааст, ки аз ҳуҷуми гург чорпоёнашон ва аз ҳуҷуми хук мазореи кишти нахудашон зиёни ҷиддӣ дидааст.
Рамзиддин, яке ҷавони деҳаи дурдаст истифодаи «mp3»-ро дар самти тарс додани гургу хук ва дур андохтани онҳо самаранок медонад.
«Мp3» ҷои хусаро гирифт
Рамзиддин мегӯяд, дар аввал сокинон сари боми оғилхона ва киштзорҳои худ хуса мегузоштанд, аммо ба назар мерасад, ки дигар ин ҷонварони ваҳшӣ аз хуса, ки симои инсони беҳаракатро дорад, наметарсанд. Аммо дар «mp3»-ҳое, ки дар боми оғилхона ва сари мазореъи кишт овезон мегардад, садоҳои мухталиф, суруд, аккоси саг ва сӯҳбати одамон садо медиҳад, ки дар назари ҷонварони ваҳшӣ макони хатарноке пеши рӯ меояд. Аз ин рӯ, онҳо ба ин мавзеъ наздик намешаванд, зеро аз вуҷуди як муҳити пуродам дар ҳаросанд.
Истифодаи ин таҷҳизот бо чунин усул дар ҳолест, ки шумораи гургҳо хеле афзоиш ёфтааст. Меҳриниссо, як сокини дигари Шӯрообод мегӯяд, дар як ҳафтаи охир аз як деҳи онҳо 23 сар бузу гусфанди сокинонро гург хӯрдааст.
Ӯ гуфт: «Мардум ҳозир сахт эҳтиёт мекунад. Барои эҳтиёт бисёриҳо дар болои бомашон хоб аст. Аз Бобои Ҳоҷии ҳамдеҳаи моро то 10 гусфандашро гургҳо хӯрданд. Дигар ҳозир мардум силоҳ ҳам надорад. Метарсанд камон бигиранд, зеро боз омада барои камондорӣ ҷарима мекунанд».
Аммо истифодаи «mp3» ба чунин тарз на барои ҳама сокинон ошност. Маҳмадраҳим, як сокини Шӯрообод мегӯяд, воқеан, онҳо аз зиёни хуку гург ба дод омадаанд, вале то ҳол онҳо барои ҷилавгирӣ аз зарари онҳо аз усули пешина истифода мекунанд: «Дар ҳақиқат хук дар як дам агар эҳтиёт накунӣ, кишти нахӯдро ба хок яксон мекунад. Барои ҳамин то ҷамъовари кардани ҳосил мо шабро дар сари заминҳо рӯз мекунем. Касе камон дорад, бо камон, касе надорад, бо доду вой хукҳоро мегурезонад».
Афзоиши гургу хукро Идораҳои дахлдор низ тасдиқ мекунанд. Амирқул Ҷӯраев, сармутахассиси Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бинобар афзоиши теъдоди хуку гург дар навоҳии кӯҳистон, ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати ҷангали ҷумҳурӣ иҷоза додаанд, то коҳиши теъдоди ин ду ҳайвон онҳо шикор шаванд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш иҷозаи шикори хук дода мешуд, вале дар ин баробар имсол иҷозаи шикори гург ҳам дода шуд.
Ҷӯраев мегӯяд: «Ҳам гург зиёд шудааст ва ҳам хук. Аҳолӣ шикоят кард. Гург ба ҳайвонот зарар мерасонад ва хук зироатҳои навкиштаро поймол мекунад. Барои ин иҷоза шудааст, то кам шудани шумораи гургу хук онҳоро шикор кунанд. Мо боз мушоҳидаҳо ҳисоб мекунем, ки кадом ҳайвон аз меъёр зиёд шудааст, кадомаш кам. То кам шудани шумораи гургу хук мо ба шикорчиён иҷоза додем, ки шикор кунанд».
Аммо сокинони беяроқ ҳоло роҳи нави мубориза бо гургу хирсро пеш гирифтаанд, ки ин истифодаи «Мp3» мебошад. Аслан, «Мp3» ё худ дастгоҳи хурди пахши садоро чиниҳо ба ҷои магнитофон сохтаанд, ки тариқи флешкарт ё корти хотиравӣ соатҳо метавонӣ аз он мусиқӣ гуш кунӣ. Ин дастгоҳҳоро мисли телефон бо барқ қувва медиҳанд, ки беш аз 4-5 соат фаъол боқӣ мемонад.
Ба назар мерасад, ки бо гузоштани ин дастгоҳ дар болои оғилхона ва ё сари киштзорҳо, он рисолати худро гум намекунад. Зеро ин дастгоҳ барои тафреҳи сокинон аст, ки рӯз аз мусиқиаш ва шаб аз тарс додани ҷонварони ваҳшӣ онҳоро осуда мегардонад.