Узбакистон ғайрирасмӣ ба Афғонистон ҳушдор додааст, ки аз харидории бештари барқи Тоҷикистон худдорӣ кунад.
Мақомоти Узбакистон ба таври ғайрирасмӣ ба Афғонистон ҳушдор додаанд, ки дар ҳоли афзудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон зимистон аз барқи Узбакистон маҳрум хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манобеи наздик ба ширкати "Барқи тоҷик", ин ҳушдор пас аз он сурат гирифтааст, ки миёни ду кишвар ҳарфи музокирот сари афзоиши нерӯи барқ ба Афғонистон ба миён омад. Ҳоло Тоҷикистон ба Афғонистон рӯзона то 1,4 миллион киловат соат барқ интиқол медиҳад ва президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте, ки бо Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар моҳи май дар Душанбе дошт, ваъда дод, ки интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро ба 700 мегават хоҳанд расонд.
Мақомоти Афғонистон низ аз ин иқдоми Тоҷикистон истиқбол мекунанд ва Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе низ мегӯяд, ҳар қадаре, ки Тоҷикистон барқ диҳад, ҳамон қадар онро истифода хоҳанд кард. Аммо мақомоти афғонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳушдори Узбакистонро қабул надоранд ва Бежани Салҷуқӣ, намояндаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, "чунин хабаре вуҷуд надорад. Афғонистон аз кишварҳои ҳамсояаш, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон ва ҳам Эрон барқ мегирад. Ин тавр намешавад, ки агар Узбакистон барқ надиҳад, мо афғонҳо дар торикӣ бимонем. Барои ҳама кишварҳо гуфтем, ки мо мустақил ҳастем ва муносибат бо ҳамсоягон марбут ба худамон аст. Касе ҳаққи дахолат кардан ба Афғонситонро надорад."
Аммо Бежани Салчуқӣ гуфт, ба зудӣ ҳайате аз мақомҳои энержии Афғонистон ба Тошканд ва Душанбе сафар мекунанд ва қарордодҳои ҳамкорӣ барои интиқоли барқ ба Афғонистонро таҷдид хоҳанд кард. Аммо хабари ҳушдори ғайрирасмии Узбакистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон ҳам эълон дошт, ҷонибдори сохтмони роҳи оҳан тавассути Тоҷикистон нест. Вазири нақлиёти Қирғизистон изҳор дошт, ки бараъкс, тарҳи роҳи оҳани Чин- Қирғизистон-Эрон тавассути Узбакистон барои онҳо судовар хоҳад буд.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа бар ин бовар аст, ки ин гуна таҳаввул маҳсули муомилае миёни мақомоти Узбакистон ва Қирғизистон метавонад бошад. Вай гуфт, "бубинед ин тарҳ, ки аз тариқи Узбакистон бояд гузарад, чандин сол боз матраҳ аст ва худи Узбакистон дар ин солҳо зиёд алоқаманди иҷрои он набудааст. Аммо чун вазъ тағйир кард ва ба эҳтимоли зиёд Тошканд муомилаеро бо ҷониби Қирғизистон анҷом дод. Ҳадафи аслӣ низ ин аст, ки Тоҷикистон ҳар чӣ бештар дар бунбасти иртиботӣ ё коммуникатсионӣ қарор бигирад."
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди соҳибназарон, иҷрои тарҳҳои муштарак миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва ҳамчунин Покистон дар заминаҳои барқу об ва роҳи оҳан, Узбакистонро нигарон сохтааст ва Тошканд бо ҳар роҳ монеи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо мешавад.