Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ганҷи нафт"-и Эрон ба тарҳи Тоҷикистон харҷ хоҳад шуд


Вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯ (аз чап) ҳангоми табодулаи созишномаҳои имзошуда бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул дар Теҳрон, 29-уми майи соли 2012.
Вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯ (аз чап) ҳангоми табодулаи созишномаҳои имзошуда бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул дар Теҳрон, 29-уми майи соли 2012.

Мақомоти Эрон мегӯянд, барномаҳои ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз Сандуқи Тавсеаи Миллӣ сармоягузорӣ хоҳанд шуд.

Ситоди Бунёдкорони "Хотам-ул-Анбиё", ки бахше аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст, акнун сармоягузор ва иҷрокунандаи чанд тарҳи муҳим дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Ба маълумоти хабаргузории "Меҳр", вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯй рӯзи сешанбе дар поёни нӯҳумин ҷаласаи комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, масъалаи сармояи такмили нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда дар Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. Қарор шуд, ин тарҳ аз тарафи Сандуқи Тавсеаи Миллӣ сармоягузорӣ ва аз ҷониби Ситоди "Хотам-ул-Анбиё", ки бахше аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст, ба анҷом расонида шавад.

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, дороии Сандуқи Тавсеаи Миллӣ то поёни соли равон ба 55 миллиард долар хоҳад расид ва ба камияш 20 дарсади он ба рушди сармоягузориҳои хориҷӣ сарф хоҳад шуд. Бино бар барномаи рушди панҷсолаи Эрон (2010-2015) Сандуқи Тавсеаи Миллӣ барои табдили даромади нафт ва газ ба сармоягузориҳои босамар барои наслҳои оянда таъсис шуд, Эрон солона 20 дарсади даромади нафтро ба ин фонд интиқол медиҳад.

Вазири энержии Эрон ҳамчунин гуфт дар нишасти Теҳрон миёни Эрон ва Тоҷикистон панҷ қарордоди густариши ҳамкориҳо дар риштаҳои мухталиф ба имзо расид. Ин созишномаҳо, бино бар иттилои шабакаи РressTV-и Эрон, ҳамкории бештари ду кишвар дар риштаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, беҳдошт, энержӣ ва нақлиётро тарҳрезӣ мекунанд. Аз он ҷо ки харҷи умумии созишномаҳои нав эълон нашудааст, эҳтимол меравад, бархе аз онҳо алҳол танҳо изҳори омодагии тарафҳост ва пайрезии комили ин барномаҳо ба таҳқиқу омӯзиши тарафайн бастагӣ хоҳад дошт.

Бо вуҷуди ин вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯй аз натиҷаҳои иҷлоси нӯҳуми комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар ситоиш кард ва гуфт, “созишҳои хубе ба даст омад.” Вай афзуд, “Солҳои охир барои рушди ҳамкориҳои минтақаӣ дар байни кишварҳои форсизабон, (манзур -- Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон) дар риштаҳои барқ, об, газ, мухобирот ва роҳи оҳан қадамҳои хеле хубе гузошта мешавад.”

Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти Теҳрон вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул сарварӣ мекард ва ӯ дар ҳошияи гуфтушунид бо вазири умури хориҷии Эрон, Алиакбари Солеҳӣ низ дидор анҷом дод. Дар ин дидор, Солеҳӣ изҳори умедворӣ кард, ки иҷрои қарордодҳои нав аз тарафи ҳукуматҳои ду кишвар ва бо мадади бахшҳои хусусӣ ва давлатии ду тараф ба пешрафти босамари муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон мусоадат хоҳад кард.

Дар ҳоле ки ҷаласаи комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар дар Теҳрон рӯзи якшанбе ба кор оғоз карда буд, расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломӣ иттилоъ доданд, ки яке аз мавзӯъҳои баҳс бунёди як долони муштараки газ, барқ, об ва роҳи оҳан байни се кишвари Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон буда, тарафҳо сари он ба созиш расидаанд. Гуфта мешавад аз тариқи ин долон Эрон дар фасли зимистон ҳудуди 500 мегаватт барқ ба Тоҷикистон мефиристад ва аз ҳамин масир аз Тоҷикистон 1 миллиард метри мукааб об мегирад.

Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз шарикони муҳими иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Шариф Раҳимзода, вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, дар 9 моҳи соли гузашта Эрон фақат дар бахши хусусии Тоҷикистон наздик ба 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Муҳимтарин тарҳи иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аст, ки бо 180-милллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад. Қабл аз ин Эрон сохтмони тунели «Истиқлол»-ро, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, оғоз карда буд, ки агарчанд мавриди истифода қарор дорад, аммо сохтмонаш такмил нашудааст. Эрон ҳамчунин мутааҳҳид шудааст, ки дар рӯди Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон низ нерӯгоҳе бо номи "Ёвон"-ро бисозад.

Вале густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кишварҳои минтақа хостааст, аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Эрон худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG