Гирдоби парвандаи исфарагиҳо боз киро фурӯ мекашад?

Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара.

Ходимони Оҷонси мубориза бо фасод ваколатдори калони ин ниҳодро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт намудаанд
Занҷираи истеъфо ва боздоштҳои марбут ба “парвандаи исфарагиҳо” рӯзи душанбеи 18-уми июн бо хабари ҳабси хонагии додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Нур Нуров, ки ахиран Маҷлиси Миллӣ дахлнопазирии ӯро бекор карда буд, идома ёфт. Вале ин хабар нашр нашуда, аз ҳабси ваколатдори калони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, подполковники адлия, Сайидаҳтам Мудинов, ки низ ба қазияи Низомхон Ҷӯраев, мудири пешини корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара ва узви собиқи Маҷлиси вакилони вилояти Суғд рабт дошт, иттилоъ расид.

Подполковник Мудинов, ки дар соли 2007-ум узви гурӯҳи тафтишотии парвандаи Низомхон Ҷӯраев будааст, ба тасарруфи як мошини хориҷии мутааллиқ ба Ҷӯраев муттаҳам мешавад. Ҳамин тавр, Рустам Олимов, муфаттиши пешини додситонӣ ва Бердиқул Расулов, як вакили дифоъ низ барои гирифтани пора дастгир ва ҳабс шуданд.

Ба ин тартиб, то ба имрӯз ду адвокат, се додситон ва ниҳоят додраси Додгоҳи олӣ, ки ба қазияи пурсарусадои исфарагиҳо расидагӣ кардаанд, ё ба ҳабс кашонида шуданд ва ё аз вазифаҳо сабукдӯш гардиданд. Дар доираҳои наздик ба адлия ва ҳифзи ҳуқуқ аз он сӯҳбат мешавад, ки мумкин аст, занҷираи ҳабсу истеъфоҳо ҳамоно идома кунад. Яке аз масъулони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки бозрасии такрории қазияи Низомхон Ҷӯраевро пеш мебарад, бидуни зикри ном гуфт, ин навбат ҳеҷ нафаре, қатъи назар аз мақому мансабаш, дар ҳалли ин қазия ба беадолатӣ роҳ додааст, беҷазо нахоҳад монд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвандаи Н.Ҷӯраев: Занҷираи боздошту истеъфоҳо



Раҳматулло Зоиров

Вале Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, мутмаин нест, ки ин навбат низ тафтишот афроди баландмақоми марбут ба қазияи Ҷӯраевро ба ҷавобгарӣ бикашад: "Агар дар ҳақиқат давлати феълии Тоҷикистон иродаи сиёсии худро муайян кунад ва ин парвандаҳо то ба охир одилона баррасӣ шаванд, фикр мекунам, онҳое, ки дар ин қазияи иштирок карданд то прокурори генералӣ ва дигар мансабдороне, ки дар мақомоти болоӣ амал мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Лекин бовар надорам, ки аз нигоҳи принсипиалӣ ҳокимияти имрӯза ин қазияро ҳал намояд."

Нобоварӣ ба рабт гирифтани тафтиши такрории парвандаи Ҷӯраев бо мақомоти баландпоя аз он ҷо ҳам маншаъ мегирад, ки гуфта мешавад, занҷираи иттиҳомот бештар ба рақобати байни идораҳо марбут аст, то муборизаи зидди беадолатӣ ва фасод. Файзиннисо Воҳидова, як ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, аз ибтидои парвандаи Низомхон Ҷӯраев маълум буд, ки дар ин қазия на танҳо мансабдорони баландмақом, ҳамчунин худи ниҳодҳо низ миёни ҳам ба рақобат пардохтанд.

Файзиннисо Воҳидова

"Байни мақомот рақобат аст ва ин рақобат носолим мебошад. Оқибати он ба хубӣ оварда намерасонад. Бигзор ашхосе, ки гунаҳкор аст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Лекин на ба ин тарз, ки имрӯз як адвокат, пагоҳ як нафар айбдоркунандаи давлатиро, ки кайҳо аз кор рафтааст, дастгир ва ба ҷавобгарӣ бикашанд. Инҷо бояд бевосита онҳоеро, ки ба ин қазия сару кор доштанд, супоришҳои ғайриқонунӣ доданд, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ҳама кор бо ишора аз боло сурат гирифтааст. Агар Оҷонсии мубориза бо фасод алайҳи шахсони аввали дахил дар ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекард, он вақт бовар мекардем, ки ин мубориза ва рақобат солим аст",-мегӯяд Воҳидова.

Бо ин ҳол маълум нест, қазияи исфарагиҳо ва Низомхон Ҷӯраев бо чӣ анҷом хоҳад ёфт. Аммо, ҳамоно ин ҳарф такрор мешавад, ки барои то ба охирин нуқта расидани тафтиши дубораи “парвандаи исфарагиҳо” на танҳо далелҳои дар даст доштаи Ҷӯраев, салоҳияту устувории бозрасону додгоҳ, балки ризоияти мақомоти болотар аз онҳо ногузир хоҳад буд.