Додгоҳи олии Тоҷикистон ин шоҳидонро барои ширкат дар муҳокима аз ноҳияи Исфара даъват кардааст. Бархе аз онҳо ронандагони “КамАЗ”-ҳое буданд, ки ба корхонаи спирти Ҷӯраев гандум интиқол медоданд. Ва айбномае, ки ҳоло эълон шуд, танҳо ба як бахши парванда рабт дошта, бино бар он Ҷӯраев ба қочоқи гандум аз вилояти Бодканди Қирғизистон дар соли 2004 муттаҳам мешавад.
Ҳарчанд ҷаласаи якум хеле кӯтоҳ буд, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Саломат Ҳакимова, ки ин мурофиаро раисӣ мекунад, аз ҷараёни он қаноатманд аст. Ин дар ҳолест, ки ба додгоҳ рафтани танҳо як бахши парвандаи Ҷӯраев бо айбномаи фишурдатар суолҳоеро халқ кардааст. Хонуми Ҳакимова дар посухи ин суолҳо ва шарҳи муҳокима аз эҳтиёткории тамом кор гирифт: «Ҳамин ки парванда ба охир расид, мо муфассал хабар медиҳаем, шояд пресс-конференсия медиҳем ва ҷузъиёти ин парвандаро суҳбат хоҳем кард.»
Худи Низомхон Ҷӯраев, ҳангоми баромадан аз толор кӯшиш мекард худро осудаҳол нишон диҳанд, вале чеҳраи коҳида дошт. Ҳарчанд дар дастони вай ҳалқаи оҳанӣ дида намешуд, вале ҳарду дасташ ба пушт, дохили мошин шуд.
Тӯдаи наздикон ва хешовандону шоҳидон дар беруни толор лаҳзаи ба мошин саворшудани Низомхонро назорат мекарданд. Аксари шоҳидон заноне буданд, ки дар корхонаи кимёвии Исфара бо ӯ дар он солҳо кор мекарданд.
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Низомхон Ҷӯраев мегӯяд, ки дар ин мурофиа танҳо як қисми иттиҳомот, яъне қочоқ, баррасӣ мешавад. Вай гуфт, ки бар иловаи ин ҳоло Низомхон Ҷӯраев ба 2 миллион сомонӣ сирқати маблағи корхонаи консервбарории Исфара айбдор донист шудааст:
«Ҳоло фаъолияти роҳбарии Низомхон дар давроне, ки дар корхонаи консервбарории Исфара кор мекард тафтиш шуда истодааст ва ӯро ба сарпечӣ аз пардохти молиёт ва аз худ кардани маблағ ба ҳаҷми 2 миллион сомонӣ айбдор медонанад, ки мо розӣ буда наметавонем. Ва ба ин бовар ҳасте, ки ин маблағ камтар аз 2 миллион сомонӣ аст.»
Аммо вакили дифои Ҷӯраев мегӯяд, ин ҷинояти ӯ ба ибтидои солҳои 2000 рост меояд, ки то ба ин вақт чаҳор Қонуни авф ба тасвиб расидааст ва эҳтимолан нафари таҳти ҳимояташ барои ин ҷурм афв ё муҷозоти молӣ шавад.
Низомхон Ҷӯраев аз соли 2007 таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Моҳи августи соли 2010 дар Маскав бо дархости вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуд ва аммо 29-уми марти соли ҷорӣ дар Маскав ғайб зад ва шоми 7-уми апрел дар телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" зоҳир шуд.
Коршиносон мегӯянд, хабари озодии мармузи Низомхон Ҷӯраев идомаи ҳамон бозгашти "ихтиёрӣ" ва норӯшани ӯст, ки ба як “чистон” табдил шудааст. Нахустин муҳокима ба ин муаммоҳо рӯшание нафаканд, балки танҳо ба онҳо афзуд.