Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарии додгоҳӣ кашидани Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ ризоият дод.
Шавкат Саидов, сухангӯи Маҷлиси Миллӣ гуфт, ин қарор дар ҷаласаи навбатии маҷлис таҳти сарварии Муҳаммадсаид Убайдуллоев қабул шуд. Ӯ афзуд, "ин дархост аз сӯи Шерхон Салимзода, додситонии кулли Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллӣ ворид шуд ва бо иттифоқи орои аъзои маҷлис қарор қабул шуд, ки иҷозаи ба ҷавобгарӣ кашидани Нур Нуров дода шавад."
Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дорад. Номи ӯ пас аз он расонаӣ шуд, ки аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфараро бар ӯҳда дошт ва бо имзои ӯ ин афрод аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шуданд.
Бори дувум номи ин додрас дар аввали соли 2010-ум дар робита ба қазияи додгоҳии се нашрияи мустақил - "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" расонаӣ шуд. Ҷаноби Нуров ҳамроҳ бо ду ҳампешаи худ ин нашрияҳоро ба тӯҳмат ва паст задани шаъну шараф муттаҳам намуда, 1 миллиону 260 000 доллар товон хостанд ва гуфтанд, ин маблағро ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона хоҳанд кард. Ахиран дигарбора ба саҳифаи матбуот баргаштани номи Нур Нуров пас аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини Корхонаи кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилоятии Суғд ба Душанбе ва тафтиши парвандаи ӯ рабт мегирад.
Бино ба гуфтаи манобеи наздик ба ҳукумат, "насими эътироф"-ҳои ахири Низомхон Ҷӯраев ҳангоми тафтиши парвандааш аз сӯи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ба додраси асосии "парвандаи исфарагиҳо" низ расид. Аксари афроди дахил дар "парвандаи исфарагиҳо" бо иттиҳоми гирифтани ришвaҳои бузург муттаҳам мешаванд, ки ба қавли манобеи огоҳ, рӯйхаташон аз сӯи Низомхон Ҷӯраев пешниҳод шудааст. Аммо Нур Нуров ба кадом хотир мавриди тафтиш қарор хоҳад гирифт?
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон як рӯз қабл аз тасмими Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки то фароҳам омадани мавриди муносиб дар бораи иттиҳомот алайҳи Нур Нуров расонаӣ намешаванд: "Ӯ ҳамчун додрас иммунитет - дахлнопазирии қонунӣ дорад. Имкони ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ фароҳам мешавад, вақте Маҷлиси Миллӣ ризоияти худро дод. Пас қазияи ӯро ҷиддитар мегирем ва таҳқиқ мекунем."
Маҷлиси Миллӣ қарори худро баровард, аммо ҳанӯз иттиҳомот алайҳи Нуров эълом нашудаанд. Аммо дар гузашта тафсилоти нақши ӯ дар "парвандаи исфарагиҳо" дар расонаҳо ошкор шуда буд. Додситони кулли вақт – Бобоҷон Бобохонов 7-уми июли соли 2009-ум изҳор дошта буд, ки ҳукми сокинони Исфара як навъи "говсуд" аст ва ӯ алайҳи додраси парванда Нур Нуров парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард. Аммо парвандаи ҷиноӣ боз нашуд ва худи додситони кул аз сари кор рафт.
Пас аз ин Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифои "парвандаи исфарагиҳо" сабти садоии сӯҳбати худ бо Нур Нуровро дар нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-Плюс" чоп кард. Нур Нуров дар ин сабт мегӯяд, медонад, ки ҳукми 33 сокини Исфара ноодилона аст, аммо фармон аз раиси Додгоҳи олӣ Нусратулло Абдуллоев аст. Баъдтар Нур Нуров барои "сафед" кардани худ эълом дошт, ки ин суханонро барои халос шудан аз суолҳои вакили дифоъ гуфтааст ва сипас дар ҳамдастӣ бо додрасҳои дигар - Фахриддин Додоматов ва Улуғбек Мамадшоев нашрияҳоро ба додгоҳ супурд. Аммо ин мурофиаи додгоҳӣ беш аз як сол кашол ёфт ва соли 2011-ум бо мусолиҳа миёни ҷонибҳо анҷом ёфт.
Дар сӯҳбат бо мо як нафар, ки Нур Нуровро мешинохтааст, ӯро як додраси ботаҷриба ва ҳуқуқдони ҳирфаӣ номид, ки "қурбонии бозиҳои болоӣ" шудааст. Ба қавли ӯ, ин парвандаи пурбаҳсро ягон додраси дигар наметавонист ба табъи "болоҳо" анҷом диҳад ва ҷаноби Нуров дар баровардани ҳукм аслан мустақил набуд. Вай гуфт, пас аз ҳукм ӯро хеле малулу парешонхотир дидаааст.
Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс", ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бо Нур Нуров ҳамсӯҳбат шудааст, низ ҳирфаият ва донишмандии ӯро зикр мекунад. Вай афзуд, "ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ ман Нуровро мушоҳида мекардам ва таассуротам ин буд, ки як инсони босаводу босалоҳият аст ва таҷрибаи хуби кор дар додгоҳро дорад. Ҳамзамон ба назар менамуд, ки ӯ як инсони бепринсип ва беирода аст. Ҳукми "парвандаи исфарагиҳо" хеле ноодилона буд. Аммо ӯ коре накард, ки аз ин беадолатӣ ҷилавгирӣ шавад."
Коршиносон мегӯянд, қазияи Нуров далели барҷастаи номустақилӣ ва фасодзадагии додгоҳҳои Тоҷикистон аст. Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ бо кӯмаки институтҳои хориҷӣ ислоҳоти додгоҳиро роҳандозӣ кардааст, аммо нуктаи ҷолибтарин аз ин ислоҳот то ба ҳол танҳо ин буд, ки додани санксия аз додситонӣ ба додгоҳ дода шуд.
Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ дар "парвандаи исфарагиҳо" мегӯяд, ба ҷои Нур Нуров ҳар додраси дигар ҳам мебуд, ҳамин гуна ҳукм мебаровард ва имрӯз сарнавишташ ба ҳамин меанҷомид, зеро низоми додгоҳии Тоҷикистон чунин аст: "Дар ҷои Нуров кадом додрасе, ки намебуд, бояд бар асоси маводи ҷамъшуда ва нишондодҳои шоҳидон хулоса карда, бояд одилона ҳукм мекард, зеро адолати додгоҳиро худи додрасҳо бояд таъмин кунанд. Аз он сабте, ки дастраси вакили дифоъ шуда буд, бармеояд, ки Нуров ҳукмашро мустақилона набаровардааст ва ба раиси Додгоҳи олӣ ишораҳо мекунад. Аммо тибқи сарқонуни Тоҷикистон ин дахолат ба кори додрас аст. Мутаассифона, дар мо ҳамин ҳолатҳо ҳам дида мешаванд."
Дар гузашта мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон на як бору ду бор барои он интиқод шудаанд, ки онҳо танҳо “моҳичаҳои хурд”-и дарёи фасодро боздошт мекунанд ва бо сабабҳое “наҳангҳои воқеӣ” сайди онҳо намешаванд. Ҳоло коршиносон ҳадаф қарор гирифтани додраси Додгоҳи олиро низ далели тағйири сатҳи мубориза бо фасод намешуморанд, балки ин қазияро ба рақобати байни ниҳодҳои қудратӣ ва гурӯҳҳои мухталиф дар ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.
Онҳо мегӯянд, дар гузашта атрофи "парвандаи исфарагиҳо" як гуна мубориза миёни Додситонии кулл аз як сӯ ва Оҷонси мубориза бо фасод ва Додгоҳи олӣ аз сӯи дигар ба назар мехӯрд. Додситони кулли собиқ Бобоҷон Бобохонов ба баррасии мунсифонаи парванда даъват мекард, аммо Додгоҳи олӣ дар симои додрас Нур Нуров бар асоси натиҷаҳои тафтишоти Оҷонси мубориза бар фасод, ки он замон сарвариашро Шерхон Салимзода ба зимма дошт, ҳукми парвандаро содир намуд.
Бобохонов барканор шуда, писараш боздошт гардид ва Салимзода аз раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасод ба курсии Додситонии кул нишаст. Акнун, зоҳиран, даври дигаре аз рақобатҳо ҷараён дорад ва таърих ба шакле такрор мешавад.
То ин замон Рустам Олимов, собиқ айбдоркунандаи давлатӣ, муфаттиши Додситонии кул ва Шермат Нуров, муовини собиқи додситони нақлиёти Тоҷикистон бо ҷурми ситонидани ришва боздошт шудаанд. Эмом Ғоибов, додситони ноҳияи Фирдавсӣ ва Очил Одилов, ёвари додситони вилояти Суғд, ки ҳарду солҳои 2007-2008-ум комиссияи тафтишотии масъули "парвандаи исфарагиҳо"-ро аз Оҷонси мубориза бар фасод сарварӣ мекарданд, аз мақомҳои худ истеъфо додаанд.
Ҳоло, ки дасти тафтишот дари Додгоҳи олиро мекӯбад ва баъд аз он ки Маҷлиси Миллӣ мақоми дахолатнопазирии додрас Нур Нуровро лағв кард, ахириро чӣ сарнавиште интизор аст: боздошт ё истеъфо? Аз ҳама муҳим, вақте додани санксияи боздошт дар ихтиёри додгоҳ аст ва дар ин маврид онро бояд раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев имзо кунад, ки Нуров мегуфт, дар баровардани ҳукм дастури ӯро иҷро кардааст.
Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дорад. Номи ӯ пас аз он расонаӣ шуд, ки аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфараро бар ӯҳда дошт ва бо имзои ӯ ин афрод аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шуданд.
Бори дувум номи ин додрас дар аввали соли 2010-ум дар робита ба қазияи додгоҳии се нашрияи мустақил - "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" расонаӣ шуд. Ҷаноби Нуров ҳамроҳ бо ду ҳампешаи худ ин нашрияҳоро ба тӯҳмат ва паст задани шаъну шараф муттаҳам намуда, 1 миллиону 260 000 доллар товон хостанд ва гуфтанд, ин маблағро ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона хоҳанд кард. Ахиран дигарбора ба саҳифаи матбуот баргаштани номи Нур Нуров пас аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини Корхонаи кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилоятии Суғд ба Душанбе ва тафтиши парвандаи ӯ рабт мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад