Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрас Нуров аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум шуд


Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ, бо қарори Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум карда шуд.

Шавкат Саидов, сухангӯи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кор бо дархости Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Тибқи иттиллои ҳамин манбаъ, пешниҳоди додситони кулли Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият "барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва ба ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нуров Нур Эрмонович" дар иҷлоси рӯзи 14-уми июн аз тарафи аъзои Маҷлиси Миллӣ қонеъ карда шудааст.

Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 нафар аз сокинони Исфараро, ки ба қазияи Низомхон Ҷӯраев, мудири пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара ва вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд иртибот дорад, бар ӯҳда доштааст.

Баъд аз эълони ҳукми ин 33 нафар сокинони Исфара аз тарафи Нуров, Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, алайҳи он эътироз оварда ва муҳокимаи ин қазияро ноодилона хонда буд. Қазияи мазкур дар расонаҳои хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон низ бозтоби густарда пайдо кард ва ҳатто се нафар аз додрасҳо ба шумули Нур Нуров бархе аз нашрияҳои чопи Душанберо дар инъикоси нодурусти мурофиаи мазкур ба додгоҳ кашида ва ба миқдори 5 миллион сомонӣ дархости зарари маънавӣ карда буданд.

Ҳамакнун дар парвандаи пурсарусадои "исфарагиҳо" баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳи Маскави Русия ба Душанбе ва мавриди таҳқиқи дубора қарор гирифтани ин он ҳолатҳои наве пеш меоянд. Аз ҷумла, дар як моҳи ахир вобаста ба қазияи Низомхон Ҷӯраев ва 33 нафар аз исфарагиҳо ду вакили дифоъ ва як нафар корманди пешини додситонӣ боздошт шуданд.

Истеъфои додситони пешини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари додситони вилояти Суғд Очил Одилов низ ба ин қазия марбут донгиста мешавад.

Бо ин ҳол, Нур Нуров -- додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон бар пояи шароити пешомада ҳуқуқи аз маҳалли иқомати худ берун рафтанро нахоҳад дошт ва то замони боздошт таҳти шароити хос ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG