Табодули ҳушдорҳо байни Амрико ва Русия

Вазири умури хориҷии Русия Сегрей Лавров (аз чап) бо ҳамтои эронии худ Алиакбари Солеҳӣ, Теҳрон, 13-уми июни соли 2012.

Русия мегӯяд, чун узви доимии Шӯрои Амният ба таҳримҳои бештар ва истифодаи нерӯ алайҳи Сурия иҷоза нахоҳад дод
Ҷомеаи ҷаҳонӣ болои Маскав фишор меорад, то сиёсаташро дар баробари ҳукумати Башор Асад бознигарӣ ва Димишқро барои хатми хушунат водор кунад. Дирӯз (13-уми июн) Фаронса аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хостори эъмоли таҳримҳои шадидтар болои Димишқ шуд ва пешниҳод кард, ки иҷрои тарҳи сулҳи фиристодаи хоси СММ оид ба Сурия Кофӣ Аннонро барои ҷонибҳои даргир ҳатмӣ эълон кунад.

Аммо вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, изҳор намуд, ки Маскав чун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба таҳримҳои бештар ва истифодаи нерӯ алайҳи Сурия иҷоза нахоҳад дод. Аз ин пеш Сергей Лавров бо Ҳилларӣ Клинтон вориди моҷарои лафзӣ шуд.

Вазири умури хориҷии ИМА аз сӯи Маскав дар ихтиёри Димишқ гузоштани чархболҳои низомиро танқид кард ва гуфт, ки ин амал оташи низоъро дар Сурия бештар доман мезанад. Хонум Клинтон аз он ҳам изҳори нигаронӣ кард, ки Русия даъватҳои пайвастаи Амрико барои мутаваққиф кардани робитаҳои низомӣ бо Сурияро нодида мегирад.



Сергей Лавров хабари фурӯши чархболҳои низомии русӣ ба Сурияро рад кард ва гуфт, интиқоли силоҳ ба ҳукумати Башор Асад дар чаҳорчӯби қарордодҳои пеш имзошуда сурат мегирад ва Русия ба Сурия асосан мушакҳои зидди ҳамлаи ҳавоӣ мефурӯшад. Дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон, Лавров дар навбати худ, Амрикоро дар он айбдор намуд, ки мухолифони ҳукумати Сурияро бо силоҳ таъмин мекунад.

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, мегӯяд, “агар Русия воқеан ба Сурия мушакҳои зидди ҳамлаи ҳавоӣ мефурӯшад, ишколе надорад”, зеро “Сурия ҳанӯз яке аз муштариёни силоҳи шӯравии собиқ ва Русия феълист ва замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Сурия аз он кишвар 7 миллиард доллар қарздор буд.” Аммо, меафзояд ӯ, “фурӯши чархболҳои низомие, ки Димишқ алайҳи мардуми бедифоъ ва бесилоҳ истифода мекунад, ин ҳимоят аз режим дар куштори мардуми Сурия аст.”

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, далелҳои мӯътамади фурӯши чархболҳои низомии русӣ ба Сурия мавҷуд аст ва чанд рӯз пеш шаҳри Лозиқия маҳз аз тариқи ҳамин чархболҳо мушакборон шуда буд.

Алиризо Нуризода меафзояд, ҳукумати Димишқ аз “бозори сиёҳ” низ силоҳ харидорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, маблағи силоҳи харидаи Сурия, ҳатто мушакҳои зидди ҳамлаи ҳавоиро, Эрон пардохт мекунад. “Худи Эрон ҳам силоҳи зиёдеро дар ихтиёри артиши Сурия қарор додааст, аз ҷумла, силоҳ алайҳи афроди пиёдагардро чун хунпораандоз, мусалсалҳои сангин ва тӯпхона”,-мегӯяд коршинос.

Аммо мухолифини ҳукумати Сурия аз кадом манбаъҳо силоҳ дастрас мекунанд?
Ба гуфтаи Алиризо Нуризода, Артиши озодихоҳи Сурия бо маблағе, ки аз Арабистони Саудӣ ва Қатар дарёфт кардааст, ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ аслиҳа мехарад. “Бо мурур силоҳи мухолифин ҳам пешрафтатар мешавад, масалан, онҳо ҳоло аз хунпораандоз, аз мӯшакҳои рӯи шона истифода мекунанд. Мухолифин ба як пойгоҳи низомӣ ҳамла карда, соҳиби силоҳи зиёд шуданд”,-илова кард мусоҳиби мо.

Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Нуризода, “иддаои Димишқ дар бораи он ки Арабистони Саудӣ ва Қатар ба мухолифини ҳукумат силоҳи вазнин мефиристанд, дуруст нест, зеро ин кишварҳо хоҳанд ҳам, роҳе барои интиқоли ин силоҳро надоранд – Урдун ба интиқоли силоҳ иҷоза намедиҳад, Лубнон ҳам аз ин амал ҷиддан ҷилавгирӣ мекунад”. Ӯ меафзояд, "аз тариқи Лубнон шояд фақат силоҳи сабук қочоқ шавад. Туркия, дигар кишвари ҳамсояи Сурия, бошад мехоҳад, ба Артиши озодихоҳи Сурия аслиҳа бифиристад, аммо чун узви НАТО пойбанди муқарраротест, ки онҳоро бояд риоя кунад."

Дар ҳамин ҳол, бар пояи як арзёбиии Эрве Ладсу, муовини Дабири кулли СММ оид ба амалиёти башардӯстона, ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия алакай шурӯъ шудааст - як бахши бузурги қаламрави кишвар аз назорати ҳукумат берун монда, дар он ҷойҳо задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ошӯбгарон ҷараён доранд.