Амрикову Русия бар сари муноқиша дар Сурия бо ҳам даъво карданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе (13-уми июн) дигарбора гуфт, Русия бо фиристодани чархболҳои ҷангӣ барои давлати Сурия ҷангро дар ин кишвар шиддат мебахшад.
Ӯ ибрози таассуф кард, ки Русия тақозоҳои батакрори Амрико барои қатъи ҳамкориҳои низомиаш бо Сурияро нодида гирифтааст. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, иддао дар бораи интиқоли чархболҳо ба Сурияро рад карда, гуфт, кишвараш танҳо қарордодҳои пешинаи фурӯши аслиҳа ба Сурияро иҷро мекунад.
Ҳилларӣ Клинтон гуфт, "мо борҳо аз Русия хостем, то ҳамкориҳои низомиашро бо Сурия комилан қатъ кунад ва ҳар гуна ҳимояту таъминотро муттавақиф намояд. Албатта, медонем, зеро онҳо таъйид карданд, ки таъминотро идома медиҳанд. Ба эътиқоди мо ҳоло низоъ ба сӯи ҷанги шаҳрвандӣ ҳаракат дорад ва фурсати он расидааст, ки ҳама дар ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Русия ва тамоми аъзои Шӯрои Амният бо як овоз ба Башор Асад бигӯянд ва пофишорӣ кунанд, ки бояд ба хушунат хотима дода шавад, барномаи сулҳи Кофӣ Аннон амалӣ шавад ва гузариши сиёсӣ сурат бигирад."
Бисёре аз расонаҳо аз қавли Сергей Лавров навиштаанд, гӯиё Амрико шӯришиёни Сурияро мусаллаҳ мекунад, аммо худи Лавров гуфт, Иёлоти Муттаҳида минтақаро бо “васоили махсус” таъмин мекунад. Вале Ҳилларӣ Клинтон ин иддаъоро рад кард: "Русия мегӯяд, мехоҳад, сулҳу субот барқарор шавад. Ҳеҷ муҳаббати хосе ҳам ба раиси ҷумҳур Башор Асад надорад ва иддао мекунад, ки дар минтақа манофеи ҳаётиву муносиботе дорад, ки мехоҳад нигаҳ дорад. Агар Русия ҳоло иқдоми созандае накунанд, он ҳамаро дар хатар мегузорад. Мехостам таъкид кунам, ки Амрико ҳеҷ гуна кӯмаки низомӣ ба Сурия накардааст. Ҳеҷ гуна."
Айни замон Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, гуфт, ба Созмони Милал пешниҳод хоҳад кард, ки иҷрои барномаи сулҳи Кофӣ Аннон дар Сурияро ҳатмӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, минтақаи мамнӯъ барои парвоз эълом кардани фазои Сурия дар Шӯрои Амният баррасӣ мешавад, чун нерӯҳои Сурия ба камингоҳҳои шӯришиён бо чархболҳо ҳамла мекунанд. Матбуоти давлатии Сурия дирӯз (13-уми июн) хабар дод, ки баъд аз як ҳафта ҷанг нерӯҳои ҳукуматӣ шаҳри Ҳаффаро дигарбора тассарруф кардаанд.
Артиши Озоди Сурия гуфт, рӯзи сешанбе аз ин шаҳр хориҷ шудааст. Нозирони Созмони Милал хостанд, ҳамин рӯз ба Ҳаффа бираванд, аммо издиҳоми хашмгине монеи вуруди онҳо ба шаҳр шудааст ва баъдан афроди номаълуме ба сӯи мошини нозирон тир андохтааст, вале касе аз онҳо осеб надидааст.