Холмӯъмин Сафаров дар Данғара ба хок супурда шуд

Холмӯъмин Сафаров, шавҳари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки шаби 13-уми июн дар Душанбе аз сӯи афроди номаълум кушта шуд.

Ҷасади Холмӯъмин Сафаров, шавҳари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Данғара ба хок супорида шуд.
Нисфирӯзии 14-уми июн ҷанозаи Холмӯъмин Сафаров, раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон ва шавҳари ҳоҳари президенти кишвар дар ҷамоати Корези ноҳияи Данғара ба хок супурда шуд.

Абдулло Ҳафизов, раиси ҷамоати Корези ноҳияи Данғара, мегӯяд, беш аз сӣ соли ҳаёти Холмӯъмин Сафаров дар ноҳияи Данғара сипарӣ шудааст. Ҳафизов ӯро аз ҷумлаи инсонҳои шоиста ном бурд ва гуфт, "худораҳматӣ бисёр одами хуб буд. Дар ноҳия аввал дар корхонаи пахтатозакунӣ кор мекард. Ин корхонаро ба беҳтарин коргоҳ табдил дода буд. Ихтисосаш биолог буд ва ин ҳама кабудизоркуние, ки дар Данғара сурат гирифтааст, маҳсули меҳнати ӯст. Фидоии кори худаш буд ва маҳз ба ҳамин хотир ӯро раҳбари раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон гузоштанд."

Дар мавриди пайвандии Сафаров бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҷаноби Ҳафизов афзуд: "Ӯ шавҳари хоҳари Ҷаноби Олӣ буд. Ҷаноби Олӣ як апа ва хоҳар доранд. Сафаров дар ҷавониаш ба Данғара омада буд ва замоне бо хоҳари Ҷаноби Олӣ хонадор шуд, ки он вақт президент набуданд. Тахминан дар солҳои 1975-76-ум дар Данғара хонадор шуда буданд."

Ин масъули ҷамоат мегӯяд, ҳар нафаре, ки даст ба куштори Холмӯъмин Сафаров задааст, "бадтарин кор дар ҳаққи мардуми тоҷик кардааст." Раиси ҷамоат инчунин гуфт, бо дарназардошти хидматҳояш барои ӯ оромгоҳе бунёд хоҳанд намуд.

Холмӯъмин Сафаров, ки 57 сол дошт, шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ дар шаҳри Душанбе ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифт ва ҷон бохт. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Сафаров аз қисми рӯй, қафаси сина ва шикам захм бардошта, ба ҳалокат расидааст.