Бонки Ҷаҳонӣ соли 2011-умро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ "соли рушди устувори иқтисод" арзёбӣ кардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ гузориши нави худро бо номи “Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ, июн 2012” ба нашр расондааст. Ин бонк дар гузориши худ гуфтааст, барои он ки кишварҳои рушдёбанда худро ба бадтар шудани вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ омода кунанд, бояд барномаҳои миёнамӯҳлати худро дошта бошанд.
Бонки Ҷаҳонӣ соли 2011-умро барои кишварҳои рушдёбандаи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли рушди устувори иқтисод арзёбӣ кардааст. Зеро рушди солона 5,6 дарсадро ташкил кардааст, дар ҳоле ки дар соли 2010-ум ин нишондод 5,4 дарсад будааст. Масалан, кишварҳои содиркунандаи нафт, аз ҷумла Русияву Қазоқистон, дар соли 2011-ум аз ҳисоби афзоиши содироти нафт рушди худро нисбат ба як соли пеш боло бурдаанд.
Арманистону Туркия ва Руминияву Украина низ нисбат ба солҳои 2009-ум ва 2010-ум ба рушди бештари иқтисод ноил шудаанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои қаламрави пули евро дар ин муддат вазъи хуби молӣ надоштанд. Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба кишварҳояшон дар соли 2012-ум низ афзоиш хоҳад ёфт ва он сарчашмаи муҳими нигоҳ доштани арзиши пули миллӣ дар ин кишварҳо ва сарчашмаи муҳими даромади нохолиси миллӣ боқӣ хоҳад монд.
Барои намуна, бо вуҷуди душвориҳои иқтисодии Аврупои Ғарбӣ муҳоҷирон дар соли 2011-ум дар муқоиса ба як соли пеш 12,6 дарсад бештар ба кишварҳояшон пул фиристодаанд. Дар Тоҷикистону Молдова ва Қирғизистон ин пулҳо бештар аз 20 дарсади даромади нохилиси миллиро ташкил додааст. Вале мушаххасан ин нишондод барои Тоҷикистон ҳудуди 40 дарсад тахмин зада мешавад. Бори нахуст муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ ба хонаводаҳои худ бештар аз 2 миллиарду 300 миллион доллар фиристоданд.
Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани дастгирӣ ва рушди соҳибкории Тоҷикистон, мегӯяд, гардиши ин пулҳо дар бозори дохилӣ ба иқтисод суд овардааст: “Ин пул дар бозор гардиш ва тиҷоратро қавитар кард, гарчӣ истеҳсолоти мо қавӣ нест. Аз сӯи дигар, ба хориҷ аз кишвар барқ ҳам содир кардем, қиматтар фурӯхтем ва мусаллам аст, ки он як миқдор асъор овард. Ҳоло корҳои сохтмонӣ ва корҳои кишоварзӣ ҳам хуб ҳастанд. Сол ҳам хуб омад.”
Ҷаноби Ҷумъаев дар робита бо пешниҳодҳои Бонки Ҷаҳонӣ зарурати омодагӣ барои муқовимат бо бӯҳрони молӣ дар кишварҳои қаламрави евроро таъйид мекунад, вале мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон он гуна ки Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, барномаҳои миёнамӯҳлати рушди иқтисод надорад: "Худамон бояд вазъияти имрӯзаро, панҷ соли ояндаро таҳлил кунем ва як барнома созем. Бӯҳронро мо хоҳем нахоҳем, аз сар мегузаронем. Мутаассифона, то имрӯз ягон барномаи мушаххас, ягон таҳлили мушаххас аз тарафи мақомоти марбутаи давлатӣ надидаем. Хуб мешуд, ин барнома бо ширкати тамоми коршиносони ҷумҳурӣ таҳия ва роҳҳои пешгирӣ аз он ба назар гирифта шавад.”
Тоҷикистон дорои заминаҳои хуби рушди иқтисод аст ва коршиносон дар ин бора бештар ба бахши энержӣ ишора мекунанд. Вале дар марҳилаи кунунӣ ин кишвар ҳамчунон пойбанди сармоягузориҳои хориҷӣ боқӣ мондааст. Тоҷикистон ба таври мустақил наметавонад дар сохтмони нерӯгоҳҳояш сармоягузорӣ кунад. Аз сӯи дигар, бештари аҳолӣ аз ҳисоби пули муҳоҷиронашон рӯзгори худро гардон мекунанд.
Бо назардошти мушкили иқтисодӣ Фаридун Сангинов, корманди намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ин бонк сармоягузорӣ дар бахшҳои беҳдошт, маориф ва бахшҳои хусусиро бештар хоҳад кард: "Лоиҳаҳоро дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва бахши хусусӣ пешниҳод мекунем. Дастгирии молиро барои солҳои 2012-2014 аз 75 миллион доллар ба 175 миллион доллар зиёд кардем.”
Бар пояи иттилои расмӣ даромади нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2011-ум 7,4 дарсадро ташкил додааст. Вале он барои соли 2012-ум 5,8, барои соли 2013-ум 5,9 ва барои соли 2014-ум 6,0 дарсад пешбинӣ шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, ки бо назардошти вазъи пешомадаи молӣ дар қаламрави евро кишварҳои рушдёбанда бояд мизони қарзҳои кӯтоҳмуддат ва касри буҷаи худро коҳиш диҳанд ва сиёсати бетарафи қарзию пулиро пеш бигиранд.