Гулсика, зани 20-солаи афғон, пас аз ҳадафи тири шавҳараш қарор гирифтан пинҳон аз чашми дигарон зиндагӣ мекунад.
Гулсика, як зани 20-солаи афғон, баъд аз ҳадафи тири шавҳараш қарор гирифтан пинҳон аз чашми дигарон дар Кобул ба сар мебарад ва мегӯяд, аз баргаштан ба манзили шавҳараш ҳарос дорад,
Ӯро замоне ба шавҳар доданд, ки сенздаҳ сол дошт. Даҳ рӯзи аввал, ба гуфтаи Гулсика, беҳтарин рӯзҳои зиндагияш буданд, аммо баъдан таънаву надомат ва хушунату латукӯб оғоз ёфт. Бо гузашти ҳафт сол аз тӯйи арӯсӣ акнун Гулсика машғули муолиҷаи захмҳоест, ки аз тир бардоштааст. Шавҳараш, ки моҳи май дар назди манзилашон дар Тахор сӯи Гулсика тир андохт, ҳоло дар маҳбас интизори ҳукми додгоҳ аст.
Гулсика дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз машаққату азияти дар хонаи шавҳар кашидааш қисса кард. Сабаби сӯяш тир андохтани ҳамсарашро Гулсика бо он марбут донист, ки баъд аз ҳафт соли хонадорӣ ӯ тифле ба дунё наовард. Лаҳзаҳои аввали баъд аз тирандозии шавҳарашро Гулсика ин гуна тасвир мекунад: "Рӯдаҳоям аз шикамам ба замин афтоданд. Хушдоманам онҳоро ҷамъ карда дар шикамам андохт ва шикамамро баст. Ӯ ба ман мегуфт, ки "фарёд назан". Ман нафас кашида наметавонистам, нафас дар гулӯям печида буд."
Ҳадафи тир қарор гирифтани Гулсика, ки дар борааш ба Радиои Озодӣ аз комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон хабар доданд, дувумин ҳодисаи пурсару садои хушунат алайҳи занону духтарони афғон дар чанд моҳи ахир аст. Аз ин пеш пулиси вилояти шимолии Бағлон иттилоъ дода буд, ки Саҳаргул, як арӯси 15-сола, мавриди хушунати пайвастаи пайвандони шавҳараш қарор гирифтааст.
Ҳангоми кофтукоб пулис дар таҳхонаи торик ҷисми беҳаракати Саҳаргулро дарёфт, ки ангуштонаш шикаста, нохунҳояш канда ва тамоми ҷисмаш аз лату кӯб сиёҳу кабуд шуда буд. Ба қавли афсарони полис, аҳволи Саҳаргул он қадар бад буд, ки ҳатто ҳарф зада наметавонист. Рӯзи 1-уми май додгоҳи Кобул мурофиаи марбут ба ин ҳодисаро анҷом дод ва модарарӯсу хоҳари шавҳари Саҳаргулро бо ҷурми лату кӯбу азияти ин наварӯс ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.
Ба иттилои Бунёди занони Созмони Милал, тақрибан 90 дарсади занони афғон аз хушунати хонаводагӣ азият мекашанд ва Афғонистон дар сафи аввали кишварҳои хатарбор барои занону духтарон қарор дорад.
Гулсика мегӯяд, тамоми солҳое, ки ӯ ҳомиладор намешуд, шавҳару хушдоман азияташ мекарданд. Ба хотири ҳалли ин мушкил бародари Гулсика барояш пул дод, то назди духтур рафта сабаби ҳомиладор нашуданашро мушаххас кунад. Гулсика мегӯяд, ки “духтурҳо маро аз тариқи ултрасадо муоина карданд ва гуфтанд, ки ман ягон мушкил надорам. Ман ҳам ба хушдоманам гуфтам, ки айб дар ман нест ва акнун писаратонро тафтиш кунед."
Аммо ин хабар шавҳари Гулсикаро бештар хашмгин кард ва ӯ сӯи хонумаш оташ кушод. Ҳамсояҳо Гулсикаро ба бемористон бурданд ва табибон ба ӯ умри дубора ато карданд.
Ҳоло захмҳои тир тақрибан шифо ёфтаанд ва аммо қадам гузоштан барои Гулсика ҳанӯз ҳам душвор аст. Ӯ мегӯяд, умедвор аст, додгоҳ шавҳарашро ба мӯҳлати тулонӣ маҳкум ба маҳбас хоҳад кард. Вай меафзояд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба хонаи шавҳараш баргаштанӣ нест, зеро ҳарос дорад, ки дубора мавриди шиканҷаи пайвандони шавҳараш қарор мегирад. Гулсика ҳамчунин мутмаин аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дубора издивоҷ ҳам нахоҳад кард.