Волидон мегӯянд, барои таҳсили фарзандонашон мактаберо интихоб хоҳанд кард, ки имконияти фаровоне дорад.
Нигина - сокини 34-солаи Душанбе - писари нахустинашро, ки имсол ба синни ҳафт қадам мегузорад, ба мактаб хоҳад супурд. Аммо ба фарқ дигарон ӯ бештар ба сифати таълим ва имкониятҳои мактабҳои пойтахт таваҷҷӯҳ дорад.
Ин сокини Душанбе мегӯяд, бояд писараш дар мактабе таҳсил кунад, ки дар он ҷо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ диққати бештар диҳанд: "Мехоҳам, дар як мактабе писарамро гузорам, ки хеле мустаҳкам бошад. Забони англисию русиро хуб омӯзонанд. Дар мактабҳои нав муаллимон ба бачаҳо диққати бештар медиҳанд."
На танҳо Нигина, балки теъдоди зиёде аз волидон акнун дар интихоби мактаб барои фарзандони худ имкониятҳои гуногунро озмоиш мекунанд. Ин дар ҳолест, ки мактабҳои хусусӣ ё "типи нав" зиёд шудаанд ва рақобати миёни онҳо низ дар авҷ аст. Барои ҷалби теъдоди бештари хонандагон ҳар яке аз онҳо имконият ва барномаҳои мухталиферо пешниҳод мекунанд. Дар мактабҳои хусусӣ, ки таълим дар онҳо шартномавист, шароити беҳтар, яъне барномаҳои ҷолибтар, дарсҳои иловагӣ, машғулиятҳои тафреҳӣ, ғизо ва нақлиёт таъмин будааст.
Наврӯз Хокироев, сармутахассиси Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф, мегӯяд, ҳоло дар кишвар 165 литсей ва гимназия фаъоланд, ки онҳо наздик ба 75 ҳазор хонандаро ба таълим фаро гирифтаанд. Аз ин теъдод 33 муассисаи таълимӣ хусусӣ буда, аз ҳисоби пули шартнома кор мекунанд, боқимонда фаъолияти худро аз ҳисоби буҷаи кишвар пеш мебаранд. Нархи таҳсил дар мактабҳои типи нав аз 400 то севуним ҳазор долларо дар як сол ташкил медиҳад.
Нархи таълим дар мактабҳои давлатиро вазорати маориф ва мактабҳои хусусиро бошад, Кумитаи давлатии зиддиинҳисорӣ муайян мекунанд. Наврӯз Хокироев афзуд, "ҳамин маблағи пешбинишуда барои маоши омӯзгорон, нигаҳдории ҳолати физикии бино, харидории дастуру маводи таълимӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ сарф мешавад. Хубиаш дар он аст, ки дар муассисаҳои таълимии типи нав таълим дар як баст сурат мегирад ва хонандаҳо дар басти дувум ба дарсҳои иловагӣ ҷалб мешаванд." Ба қавли масъулон дар мактабҳои типи нав омӯзгорон тариқи озмун интихоб шуда, ҳар сол аз санҷиш мегузаранд. Ҳатто шаҳрдории Душанбе ба муаллимоне, ки аз озмун гузаштаанд, 500 сомонӣ музди иловагӣ муайян кардааст.
Азиза Заробекова, омӯзгори забони англисии синфҳои ибтидоии литсейи 2-и пойтахт мегӯяд, барои таҷруба омӯзиш дар як синфро пурра ба забони англисӣ ба роҳ мондаанд: "Хоҳишмандҳо хеле зиёд аст ва аммо аз онҳо аз ҳама беҳтаринҳояшонро интихоб мекунанд. Нафареро, ки нерӯяш барои таҳсил мерасад, чун барномаи таълимии мо хеле мураккаб аст ва кӯдаки оддӣ бо душворӣ онро аз худ мекунад."
Дар мактабҳои хусусӣ дар як сол ду бор ҷараёни таълим санҷида шуда, аъзои комиссия хонандаҳои сустхону ба қавле бадахлоқро ба мактабҳои маъмулӣ интиқол медиҳанд. Тибқи қоида хонандаҳое, ки аз як фанни асосӣ бештар, баҳои 3 доранд аз ҳаққи таҳсил дар мактаби махсус қатъи назар аз шартнома маҳрум мешаванд. Шарифҷони Бахтиёр, хонандаи синфи 9-и литсейи рақами 1-и кӯдакони боистеъдоди пойтахт аст. Ин мактаб ду соли пеш бо ибтикори шаҳрдории пойтахт таъсис ёфта, дар он наздик ба 600 нафар таҳсил мекунанд. Ба гуфти раҳбарияти ин мактаб, соли ҷорӣ чанде аз хатмкунандаҳои он алакай тариқи озмун ба донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф шомил шудаанд. Ба гуфтаи Шарифҷони Бахтиёр машғулиятҳои онҳо дар мактаб бо истифода аз компютер, Интернет ва дигар воситаҳои фаннӣ роҳандозӣ мешаванд.
Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, таҳсили хуби фарзандон беҳтарин сармоягузорист, ки дар оянда ҳатман барои худи фарзанд ва наздиконаш самар меорад. Аммо дар ҳамин ҳол волидони ботаҷриба ишора мекунанд, ки агар дар замири тифл муҳаббат ба таҳсилу омӯзишро онҳо бедор карда тавонанд, фарзанд дар мактаби дурдасти деҳ низ олиму доно мешавад.