Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баъди мулоқот бо раиси Шӯрои мудирони ширкати миллии сӯхти Чин дастури ҳамкорӣ бо ин ширкатро содир кардааст.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баъд аз мулоқоташ бо раиси Шӯрои мудирони ширкати миллии сӯхти Чин ё CNPC дар Пекин ба вазири маодини кишвараш дастур дод, ки пешнависи қарордоди ҳамкорӣ бо ин ширкат таҳия ва ҷиҳатҳои техникии он омӯхта шавад.
Дар ҳамоиши навбатии раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой нуктаи дигаре, ки муҳим ба назар мерасад, мулоқоти Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон бо Ҷианг Зеймин - раиси Шӯрои мудирони ширкати миллии сӯхти Чин ё CNPC буд, ки ҳафтумин ширкати бузурги сӯхт дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар мулоқот бо Карзай ин ширкат таъйид кард, ки барои таҳқиқи захоири сӯхт дар ҳавзаи Амударё ва истихроҷи он ҳамкорӣ хоҳад кард. Илова бар ин ҷониби Чин ӯҳдадор шудааст, ки имконоти техникии бунёди лулаи газ аз Туркманистон ба Чинро хоҳад омӯхт. Тибқи пешбинӣ ин лулаи газ аз Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистону Тоҷикистон ба Чин мегузарад. Афғонистон аз ин ду тарҳ ҷонибдорӣ кардааст, вале то ҳол ҷониби Тоҷикистону Туркманистон дар ин бора изҳори назар накардаанд. Вазорати маодини Афғонистон аз додани маълумот дар бораи ин тарҳҳо ба Радиои Озодӣ худдорӣ кард ва онро пеш аз вақт донист.
Дар мулоқоти Ҳомид Карзай бо Ҷианг Зеймин ҳамчунин тавофуқ ба даст омадааст, ки то поёни моҳи ҷорӣ як ҳайат аз Чин вориди Кобул шавад ва бо ҳукумати ин кишвар мувофиқатномаи ҳамкориҳоро дар ин замина таҳия кунанд. Вале ширкати чинии CNPC нақшаҳои худро пинҳон намедорад ва мехоҳад моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷалби сармоя барои иҷрои тарҳи ҳавзаи Амударёро оғоз кунад. Ширкати чинӣ гуфтааст, ки гази ҳавзаи Амударёро бо нархҳои байналмиллалӣ харидорӣ хоҳад кард.
Вале тибқи муқаррароте, ки вуҷуд дорад, иҷрои ин тарҳ замоне метавонад оғоз шавад, ки мувофиқатнома ё қарордоди ширкати чинии CNPC-ро ҳукумати Афғонистон ба имзо расонад.
Дар сурати ба имзо расидани қарордоди мазкур Чин дар ҳавзаи Амударё дар се ҷоҳ ба истихроҷи газ шурӯъ хоҳад кард.
Бо назардошти вазъи кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтааст, ки тарҳи истихроҷи газ дар ҳавзаи Амударё ва бунёди лулаи гази Туркманистон - Чин тавассути Афғонистону Тоҷикистон ба рушди иқтисодии Афғонистон кӯмак хоҳад кард ва заминаҳои суботи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ин кишвар фароҳам хоҳад шуд.