НАТО таҷҳизоти низомии худро тавассути роҳҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аз Афғонистон берун хоҳад бурд.
НАТО мувофиқатномаи берун овардани колоҳои ғайриҷангии худро бо се кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон - такмил кардааст, аммо барои ниҳоӣ шудани ин мувофиқатнома то ҳол гуфтугӯҳо идома дорад. Ин мувофиқатнома имкон медиҳад, паймони мазкур бидуни истифода аз қаламрави Покистон шароити бозгашти нерӯҳояш аз Афғонистон ба Аврупо ва Амрикоро фароҳам орад.
Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО, дар Брюссел гуфт, пас аз чанд ҳафтаи музокирот бо намояндагони ин се кишвари Осиёи Марказӣ мувофиқат ба даст омадааст: “Мо бо се кишвари Осиёи Марказӣ, бо Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон дар бораи транзити бозгашт аз Афғонистон ба тавофуқ расидем. Ин мувофиқатнома ба мо як силсила имконоти нав ва шабакаи устувору дақиқи бозгаштро фароҳам меорад.”
Дар музокироти муқаддамотӣ (пешакӣ)-и НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нақшаҳои ин паймон номи Тоҷикистон ҳам зикр мешуд. Вале дар суханони ахири дабири кулли НАТО аз Тоҷикистон ёдоварӣ нашуд. Бинобар ин, суоле пеш меояд, ки оё Тоҷикистон аз нақшаҳои ин паймон барои интиқоли колоҳои ғайриҷангиаш ҳазф шудааст? Дар сӯҳбате бо Оана Лангеску, сухангӯи НАТО, ҳамин суолро матраҳ кардем. Ӯ дар посух чунин гуфт: “Ҳоло мо масъалаҳои маъмуриро бояд такмил кунем. Вақте ки ин масъалаҳо ҳал шуданд, ҷалби ҳамсояҳои Афғонистонро ба ин кор идома медиҳем, то боварӣ пайдо кунем, ки шабакаи бозгашт тибқи имкон густардатар шудааст ва маводи ғайриҷангиро аз Афғонистон интиқол диҳем.”
Рустам Солеҳов, намояндаи Тоҷикистон дар НАТО дар Брюссел, низ изҳор дошт, ки раванди музокирот дар ин бора ба поён нарасидааст: “Тоҷикистон, албатта, ҳамаи имкониятҳоро дорад, ки барои иҷрои ин нақшаҳо ҳам тавассути роҳи оҳану ҳам таввасути роҳҳои автомобилгард кӯмак расонад. Дар ҳақиқат, ҳоло масъалаҳо дар ҷараёни гуфтугӯ ҳастанд ва боварии комил дорам, ки Тоҷикистон ҳам саҳми худро дар ин кор мегузорад.”
Роҳҳои бозгашти транзитии бору колоҳои ғайриҷангии НАТО аз масири шимолии Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ замоне зарурат пайдо кард, ки моҳи ноябри соли гузашта дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО 24 сарбози артиши Покистон дар ду посгоҳи марзии ин кишвар бо Афғонистон кушта шуданд. Покистон билофосила эълон кард, ки қаламрави худро барои хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар ихтиёри ин паймон нахоҳад гузошт.
Баъд аз он НАТО бо Русия вориди музокира шуд ва акнун Русия пешниҳод кардааст, ки пойгоҳи худ дар Уляновскро дар ихтиёри НАТО мегузорад, то маводу колои худро аз ин роҳ ба Аврупо интиқол диҳад. Бо вуҷуди ин, қабл аз вуруд ба Уляновск ҳарими ҳавоӣ ва қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, шояд НАТО барои он ба Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон бартарӣ медиҳад, ки ин кишварҳо барои ҳамлу нақл роҳҳо ва имконоти бештар доранд: “Дар ин се ҷумҳурӣ инфраструктураи лозима аз муддатҳо пеш вуҷуд дорад. Ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон аз нақшаҳои НАТО оид ба баровардани нерӯҳояш ҳазф карда шудааст. Дар Душанбе пойгоҳи низомии нерӯҳои Фаронса вуҷуд дорад. Барои ҳамин нерӯҳои Фаронса метавонанд тавассути Тоҷикистон ба ватани худ бозгарданд.”
Бо вуҷуди чунин тавофуқот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, НАТО ва Амрико ҳамчунон ба Покистон фишор меоранд, ки роҳҳои худро барои бозгашти нерӯҳо ин паймон боз кунад, зеро ин роҳ харҷи камтар дорад ва бо роҳҳои обӣ, яъне бо бандари Карочӣ наздиктар аст. Вале Ҳина Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон, дар як мусоҳибаи худ рӯзи душанбе (4-уми июн) гуфт, ин кор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки Амрико барои куштори 24 сарбози Покистон аз ин кишвар узрхоҳӣ кунад. Покистон ин ҳамларо ғайриқонунӣ ва мудохила ба тамомияти арзиаш медонад.