Мадина, маъруф бо номи Madison, як ҷавондухтари тоҷик дар филми ҳолливудӣ нақш иҷро мекунад.
Дар ин бора торнамои "Topstar" хабар дода ва навиштааст, Мадина дар филме иҷрои нақшро бар ӯҳда дорад, ки дар мавриди қочоқи маводи мухаддир баҳс мекунад. Худи ӯ гуфтааст, умед дорад, ин охирин нақшаш дар филмҳои ҷаҳонӣ нахоҳад буд.
Мадина (Madison) аз ифшои мазмуни филм худдорӣ карда, гуфтааст, пас аз рӯи кор омадани он ҳамагӣ аз мазмуну моҳияташ низ огоҳ хоҳанд шуд. Аммо ҳамон тавре "Topstar" мегӯяд, ба онҳо даст додааст, ки чанд аксеро аз ҷараёни нақшофарии Мадина дар Ҳолливуд дастрас намояд. (Аксҳоро дар зер бубинед)
Ин ҷавондухтари тоҷик чанд сол боз дар Амрико зиндагӣ мекунад ва ӯ қаблан дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки дар Иёлоти Муттаҳида ба таронахонӣ ва иҷрои нақш дар наворҳои таблиғотӣ машғул аст.
"Читаю по твоим глазам" - яке аз таронаҳои маъруфи ӯст, ки дар Тоҷикистон ҳам аксарият онро медонанд. Худи Мадина дар бархе аз видеоклипҳои Ҷонибеки Мурод нақш бозида, бо Ҷонибек, Зикри Оллоҳ ва Ситора таронаи муштараки "Меоӣ ё намеоӣ?"-ро хондааст.