Субҳи рӯзи ҷумъа дар Кобул тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд ва ширкаткунандагон бар зидди насби тасвирҳои оятуллоҳ Хумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон шиор медоданд.
Ин аксҳо дар робита бо 23 солагии даргузашти Хумайнӣ ғайричашмдошт дар Кобул пайдо шуд ва аз он ҷо зуд ба сафҳаҳои рӯзномаҳову шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ кӯчид.
Дар тазоҳуроти эътирозии зидди Эрон даҳҳо нафар донишҷӯёни донишгоҳи Кобул ва сокинони шаҳр ширкат доштанд ва шиор медонанд: “Ҷирахорон, хиёнат бас аст, ин ҷо Кобул аст, на Теҳрону на Қум.”
Аз як ҳафта пеш дар Кобул тасвирҳои оятуллоҳ Хумайнӣ пайдо шуд ва дар ин тасвирҳо аз мардум даъват шуда буд, то дар 23 солгарди маросимҳои даргузашти Хумайнӣ ширкат кунанд.
Тазоҳуркунандагон дархост мекарданд, ки дар Кобул бояд аксҳои шахсиятҳои илмиву фарҳангии худи афғонон насб шавад, на шахсиятҳои бегона. Аҳмад Саидӣ - таҳлилгар ва яке аз фарҳангиёни Афғонистон дар Кобул чунин мегӯяд: “Худи Афғонистон қаҳрамонҳои сисёсӣ, инқилобӣ ва мазҳабӣ дорад. Имом Хумайнӣ на афғон ва на аз Афғонистон аст. Мо ҳақ дорем қаҳрамононеро, ки дар ҷанги истиқлоли кишварашон ҷони худро аз даст доданд, дар давраи муқовимат бар зидди терроризм ҷанг карданд, ба онҳо арҷ гузорем”.
Аҳмад Саидӣ ононеро, ки аксҳои Хумайниро дар чорроҳиҳо насб кардаанд, “муздурони эронӣ” медонад ва мегӯяд, дар ин кор Эрон даст дорад ва дар таҳияи ин пустер ё аксҳои бузург ба онҳо кӯмаки молӣ шудааст. Вай таъкид кард, ки нуфузи Эрон тавассути ҳаводоронаш дар Афғонистон густариш ёфтааст: “Эрон нуфузи фарҳангӣ дорад, пул додааст ва аксҳоро таҳия кардааст ва тавассути муздуронаш онҳоро боло кардааст”.
Ин имконро Алиризо Нуризода-таҳлилгарии умури Эрон дар Лондон низ истисно намедонад ва бештар аз он чунин ақида дорад: “Оқои Фидо Моликӣ замоне, ки дар Афғонистон сафир буд, амалан дар баъзе суханони худаш гуфт, бале, мо ҳар коре диламон хоҳад дар Афғонистон метавонем анҷом бидиҳем. Ва мутаассифона инро таввуссути афроди худи Афғонистон анҷом медод”.
Оқои Нуризода ба унвони намуна мегӯяд, Осиф Муҳсинӣ-шаҳрванди Афғонистон ва раҳбари ҳизби “Ҳаракати Исломӣ” шахси надик ба доираҳои режими Эрон аст ва имрӯз бо кӯмаки Ҷумҳурии Исломӣ дар Афғонистон телевизион дорад ва он комилан ҳамаи филмҳои садову симои Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳатто фатвоҳои оқои Хумайниро пахш мекунад.
Тасвирҳои Хумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон дар Кобул аслан дар қисматҳое насб шудааст, ки дар он ҷо аҳолии ҳазора аксариятро ташкил медиҳанд. Ҳазораҳо аз мазҳаби шиа пайравӣ мекунанд. Вале оқои Саидӣ насби аксҳоро ба мазҳаб ва пайравони онҳо иртибот намедиҳад ва мегӯяд, набояд пайравони мазҳаби шиаву сунниро дар ин маврид аз ҳам ҷудо кард. Ба гуфтаи вай, дар робита бо насби ин аксҳо матраҳ кардани мазҳаби шиа ва суннӣ ҷоиз нест ва нодуруст ҳам ҳаст.
Дар гузаштаҳо ва то ба ҳол паноҳҷӯёни зиёди афғон дар Эрон ба сар бурданд ва шояд ангушти ишора ба сӯи онҳо низ бардошта шавад, ки мумкин аст шуморе аз онҳо ба хидмати режими кунунии Эрон гуморда шуда бошанд. Вале Алиризо Нуризода ин имконро рад мекунад ва мегӯяд, афғонҳои муҳоҷир бо он муҳаббате, ки ба мардуми Эрон доранд, дар қаламрави Эрон дучори шиканҷаи зиёди мақомоти режим шудаанд, аз режим озурдаанд ва ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷо омода нахоҳанд буд, аз раҳбарони режими ҳокими Эрон ҳимоят кунанд.
Дар Афғонистон қавмҳо ва миллиятҳои гуногун ба сар мебаранд ва онҳо ҳадафҳои худро доранд. Баъзе аз онҳо байни худ рақобатҳои қавмӣ ё миллӣ ҳам доранд. Гузашта аз ин, дар ҷомеаи ин кишвар то ҳол қишри нодор аксариятро ташкил медиҳад ва онҳо дар ивази маблағе метавонанд ноогоҳона фармоишҳоеро аз қабили насби тасвирҳои оятуллоҳ Хумайнӣ иҷро кунанд.
Эрон дар робита бо Афғонистон сиёсати каҷ дору марезро пеш мебарад. Дар зоҳир иддао мекунад ки аз сисёсати давлати ин кишвар ҳимоят мекунад, вале 2-юми май вақте, ки Ҳомид Карзай дар ҷараёни боздиди ғайримунтазираи Барак Обама дар Кобул бо ҳам қарордоди амниятиву дифоии Афғонистону Амрикоро имзо карданд, яке аз рӯзномаҳои вобаста ба валии фақиҳ ё низоми Эрон навишт, ки Карзай Афғонистонро фурӯхт. Бо васфи ин нукот, таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки насби тасвирҳои Хумайнӣ дар Кобул чандон ҷанбаи мазҳабӣ надорад, балки бештар амали сиёсист, ки ба мухолифати мардум дучор шуд.