Ҳукумати Сурия «гурӯҳҳои силоҳбадаст»-ро дар куштори рӯзи 25-уми май дар рустои Ҳуло айбдор кард.
Ин дар ҳолест ки ҷомиаи ҷаҳонӣ аз ғарқ шудани ин кишвари ошӯбзада ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор медиҳад. Генерал Қосим Ҷалолиддин, раҳбари таҳқиқоти расмии ин қазия дар як нишасти хабарӣ дар Димишқ гуфт, таҳқиқоти аввалия ҳокист, ки афроди кушташуда “мухолифат ба давлатро радд карда, бо гурӯҳҳои силоҳбадаст ихтилоф доштаанд.”
Нозирони СММ мегӯянд, як бахш аз 108 қурбонии куштори Ҳуло, ки аз ҷумла 49 кӯдак ва 34 занро дар бар мегирад, бо зарби тир кушта шуданд, вале аксариятро қасдан куштаанд. Ин ҳавзи хун мавҷи хашму ғазабро дар ҷаҳон ба бор овард.
Бо ин ҳол, дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар як ҳамоиш дар Истамбули Туркия ҳушдор дод, ки чунин ҳаводис Сурияро ба вартаи “ҷанги шаҳрвандии фоҷиабор” тела медиҳанд: “Куштори мардуми мулкӣ ба навъе ки ҳафтаи гузашта дидем, метавонад Сурияро ба домани ҷанги шаҳрвандии фоҷиаборе тела диҳад, ки ин кишвар дигар аз ин ҷанг шояд ҳеҷ гоҳ ба худ наояд. Ман аз давлати Сурия талаб мекунам, ки бар тааҳҳудоташ дар чорчӯби тарҳи Аннон амал кунад.”
Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг бо ҳамовозӣ ба ҳушдори Бан Ки Мун дар ҳамоиши Истамбул гуфт, Иттиҳодияи Аврупо таҳримоти нав алайҳи Димишқро омода мекунад. Вазорати хориҷаи Сурия дар вокуниши билофосила бо ибрози таассуф аз изҳороти дабири кулли СММ Бан Ки Мунро айбдор кард, ки “башоратдиҳандаи ҷанги шаҳрвандӣ” шудааст.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ ҳушдор дод, ки Сурия роҳии ҷанги шаҳрвандист, ки иллати аслиаш, ба ақидаи ӯ, ҳимояти Русия аз режими Башор Асад аст. Хонум Клинтон дар донишгоҳи Копенҳагени Дания гуфт, сиёсати Маскав, ки дар Шӯрои Амнияти СММ Димишқро аз таҳримоти шадидтари байналмилалӣ дифоъ мекунад, дар амал “саҳмгузорӣ дар ҷанги шаҳрвандист.” Ӯ афзуд: “Ин иддаои русҳо, ки нуфузи онҳо суботовар аст, як суханбозист. Ман инро радд мекунам. Ба назари ман, дар замоне ки мо бояд рӯи гузариши сиёсӣ кор кунем, онҳо дар асл ба таҳкими режим машғул шудаанд.”
Ин изҳороти Клинтон дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, як киштии русии ба гуфтаи мақомоти ғарбӣ моломоли аслиҳа барои давлати Сурия, дар поёни ҳафтаи гузашта дар бандари Тартуси он кишвар лангар андохтааст. Сюзан Райс, сафири Амрико дар СММ бо изҳори нигаронӣ аз расидани ин киштии Русия ба Сурия гуфт: “Ин яқинан мояи нигаронии ҷиддист, чунки давлати Сурия истифодаи нирӯи ҷангӣ алайҳи мардуми мулкиро идома медиҳад. Ин аз нигоҳи фаннӣ нақзи қонуни байналмилалӣ нест, зеро таҳрими силоҳ вуҷуд надорад. Аммо идомаи таъмини силоҳ ба режиме ки чунин нирӯи мудҳиш ва ғайримутаносибро алайҳи мардуми худаш истифода мебарад, қобили маҳкумият аст.”
Дирӯз чирикҳои Сурия таҳдид карданд, ки агар давлат то зӯҳри ҷумъа ба иҷрои тарҳи сулҳи Куфӣ Аннон напардозад, оташбаси бе он ҳам ларзонак дар ин кишвари ошӯбзадаро ҳамагӣ қатъ хоҳанд кард. Артиши озодии Сурия гуфт, куштори Ҳуло нишон дод, ки тавҷеҳе дигар барои “мурооти якҷонибаи оташбас намондааст, чунки Асад тарҳи сулҳи Аннонро гӯручӯб кард.”
Дар ин зарбулаҷал аз низомиҳо тақозо мешавад, ки то зӯҳри ҷумъа нирӯҳову тонку тӯпҳояшонро аз манотиқи аҳолинишин берун кашида, оташбаси билофосила ҷорӣ кунанд. Ҳамчунин аз давлати Асад даъват мешавад, дастрасии хабарнигорони мустақил ва созмонҳои башариро ба тамоми манотиқ тазмин дода, кулли эътирозгарони боздоштшуда ва маҳбусони сиёсиро раҳо кунад. Талаби дигари чирикҳо аз Димишқ, оғози “музокироти ҷиддӣ” бо миёнҷигии СММ аст.