Франсуа Олланд, ки бо шабакаи дувуми телевизиони Фаронса дар пайи куштори ҳафтаи гузаштаи 108 нафар, ағлаб занону кӯдакон дар рустои Ҳулои Сурия сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт: «Дахолати низомӣ дар шароите сарфи назар карда намешавад, ки бо эҳтиром ба қонуни байналмилалӣ сурат бигирад, яъне дар пайи баррасӣ аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ.»
Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ дар Вошингтон гуфт, Амрико ягон интихобро сарфи назар намекунад, вале бар ин бовар аст, ки иқдоми низомӣ дар ҳоли ҳозир масири дуруст нест: “Мо бар ин бовар нестем, ки низомишавии бештари вазъи Сурия дар ин шароит масири дуруст барои иқдом бошад. Ба бовари мо, ин ба беназмии бештар ва хунрезии бузургтар хоҳад овард.”
Бо ин ҳол, Амрикову Канадаву Австралия ва як силсила аз кишварҳои Аврупо эълон карданд, ки дипломатҳои аршади Сурияро дар посух ба куштори мардуми Ҳуло ихроҷ мекунанд.
СММ гуфт, аксари қурбониҳо дастаҷамъона кушта шудаанд. Нозирони СММ мегӯянд, гулӯлаҳои истифодашудаи тонку тӯп ва изи тозаи чархҳои тонкҳо аломати рӯшан медиҳад, ки рустои Ҳулоро нирӯҳои давлатии Сурия тирборон кардаанд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳори нигаронӣ кард, ки “кишварҳои мушаххас” куштори Ҳулоро ба “як баҳона барои баланд кардани садоҳои марбут ба зарурати иттихози иқдомоти низомӣ” табдил дода истодаанд.
Фиристодаи хоси СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон, ки тавассути телефон ба СММ сӯҳбат мекард, тамоми ҷонибҳои дахилро ба хатми хушунат хонд ва ба таҳқиқи “бетарафона”-и қазияи Ҳуло таҳти раҳбарии Милали Муттаҳид даъват кард. Анон дар Димишқ дар пайи мулоқот бо президенти Сурия Башор Асад гуфт, ин кишвари арабӣ дар “як нуқтаи сарнавиштсоз” қарор дорад. Анон ба Асад гуфтааст, ки барои хатми хунрезӣ аз ҳоло иқдом кунад.
Ӯ аз ҷонибҳои дигари дахил дар ин низоъ низ даъват кард, низ дар хатми хушунат саҳми худро бигузоранд. Аммо телевизиони давлатии Сурия аз қавли Башор Асад “террористҳо”-ро ба хушунат айбдор кард.
Бо ин ҳол, хушунатҳо дар Сурия дирӯз низ идома ёфта, ба гуфтаи фаъолони мухолифин, рӯзи сешанбе дар саросари ин кишвари ошӯбзада боз дастикам 50 тан кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, шумори умумии қурбониёни 14 моҳи ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия алакай аз марзи 10 000 гузаштааст.