Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку (31-уми май) имкони хубест, барои бознигарии одати тамокукашӣ ва зиёну осебҳои он.
Рӯзи 31-уми май бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку эълон шудааст. Дар ин рӯз дар ҳама кишварҳои ҷаҳон тамокукашони ашаддӣ ҳам талош хоҳанд кард, то даст ба тамоку набаранд ва ин рӯзи худро бе тамоку сипарӣ кунанд.
Агарчӣ ҳар сол ин маърака баргузор ва аз зиёни тамоку ба сиҳҳатии одамон, махсусан ҷавонону наврасон ҳарф зада мешавад, зоҳиран, то ҳанӯз натиҷаҳои назаррас надодааст. Зеро сол то сол ба ҷои кам шудани сафи тамокукашон, баръакс, шумораи онҳо дар тамоми ҷаҳон афзоиш меёбад. То кунун на танҳо маъракаҳои таблиғотӣ, балки ба маротиб боло рафтани нархи тамоку дар ҷаҳон, нашри ҳушдорҳои шадид дар рӯи қуттиҳои сигор низ гирифта натавонистааст.
Дар Тоҷикистон 1 солу чор моҳ пеш қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҳукми иҷро даромад. Дар оғози ҳукми иҷро гирифтани ин қонун аз муҷозоти бархе шаҳрвандон барои нақзи он хабар расида буд. Нақзи қонуни манъ ё маҳдудияти сигоркашӣ дар Тоҷикистон аз 105 сомонӣ то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ба дунбол хоҳад дошт.
Тарабхона ва қаҳвахонаҳо барои сигоркашон ҷойҳои махсус муайян кардаанд ва дар ҳоли сигоркашӣ дидани одамон дар кӯчаву хиёбонҳо коҳиш ёфтааст. Онҳо ба хотири он ки ҷарима насупоранд, аз тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан толорҳову дохили мусофирбарҳо худдорӣ меварзанд.
Ин ташаббус таъсири тамокуро ба атрофиён коҳиш медиҳад, вале гумон аст, пеши роҳи афзоиши шумораи тамокукашонро бигирад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳонае роиҷ аст, ки одамон аз мушкилоти зиндагӣ ва ғаму андӯҳ ба носу сигор рӯ меоранд.
Аз тарафи дигар, арзонӣ ва дастрасии тамокуи қочоқӣ ва нос дар сари ҳар қадам, бешубҳа, сафи мӯътодони тамокуро, махусан дар миёни ҷавонону наврасон бештар мекунад. Бархе аз наврасон одати нос ё сигоркаширо далели камолоти худ медонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад