Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор моҳи маҳдудияти сигоркашӣ. Кӣ розӣ, кӣ норозӣ?


Аз аввали соли равон то кунун дар Тоҷикистон қонуни маҳдудияти кашидани тамоку амал мекунад.

Ин қонун кашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маконҳои болопӯшидаро манъ кардааст.
Азбаски мафҳуми "ҷойҳои ҷамъиятӣ" мушаххас нашудааст, барои ҳамин ҳам сигоркашҳо дар кӯча таҳти фишор қарор мегиранд. Аз сӯи дигар, нигаронии коршиносон, ки мегуфтанд, ин қонун мабодо чун омили фасодзо хизмат накунад, ҷой дорад...


Сигоркашҳо мегӯянд, озодии комил дар кашидани сигорро аз даст додаанд ва маҳдудияте дар ин одати худ эҳсос мекунанд. Аммо кашидани сигор дар ҷойҳои хос ва умуман фарҳанги сигоркашӣ ба шеваи дигар ва тибқи қонуни нав ҳанӯз ҳам ба фарҳанги ҳамагир табдил нашудааст.

Ҳанӯз ҳам тарабхонаҳо агарчанд навиштаҷотеро ба девори худ изофа кардаанд, ки сигоркашӣ мамнӯъ аст, аммо ба далели аз даст надодани муштариёни бештар боз ҳам дар аксари онҳо дуди сигор ба машом мерасад.

Аз сӯи дигар, сигоркашҳо ҳам шикоят доранд, ки мақомот дар бораи маҳдуд кардани сигоркашӣ ва талаби кашидани сигор бар асоси қонуни нав ба масъулияти худ тибқи ин қонун амал намекунанд. Хосса, муассисаҳо бояд ҷойҳои хоси кашидани сигор таҳия кунанд, ки камтаре аз муассисаҳо то кунун чунин кореро анҷом додаанд.

Сафват Бурҳонов
Сафват Бурҳонов, яке аз сигоркашҳои собиқадор, дар мавриди бардошти худ аз амали чормоҳаи Қонуни сигоркашӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: "Парлумон дар баробари қабули ин қонун бояд шароити иҷрои онро ҳам ба инобат мегирифт. Як рӯз назди Қарияи Боло сигор мекашидам, ки як милиса омаду гуфт, қонунро вайрон кардӣ. Гуфтам, ҳамин дудпарто ё глушители мошинро дидӣ, исбот кун, ки дуди ман аз он бештар аст, ман ҷарима медиҳам. Ҳеҷ чиз нагуфту рафт. Пеш аз он ки қонун иҷро шавад, бояд корхонаҳо шароит ва ҷой барои сигоркашҳо муҳайё кунанд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00
Линки мустақим


Бархе дигар аз сигориҳо мегӯянд, қонуни мазкур ба такмил ниёз дорад, аз ҷумла дар ин қонун бояд муассисаҳо муваззаф шаванд, ки ҷои махсуси сигоркашӣ таҳия кунанд ва аз сӯи дигар бархе истилоҳоти он бояд мушаххас шаванд, назири ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, яке дигар аз мухлисони сигор мегӯяд: "Азбаски ҳамон мафҳуми ҷойҳои ҷамъиятӣ мушаххас нашудааст, барои ҳамин ҳам сигоркашҳо дар кӯча ҳам таҳти фишор қарор мегиранд. Аз сӯи дигар нигаронии коршиносон, ки мегуфтанд, ин қонун мабодо чун омили фасодзо хизмат накунад, ҷой дорад. Аз худи ман ҳам мехостанд чун ноқизи ин қонун ҷарима биситонанд. Масъала ин аст, ки бояд кашидани сигор фақат дар дохили биноҳо манъ бошад ва ё дар фазои боз низ. Дар фазои боз барои кашидани сигор бояд маҳдудияте набошад."

Дар мақомоти марбута мегӯянд, ҳоло омору арқоми вобаста ба воридоти сигор ва инчунин мавридҳои воридоти қочоқии он дар панҷ моҳи амали қонуни маҳдудияти сигоркаширо омода мекунанд ва то ду рӯзи дигар дарстраси расонаҳо хоҳанд кард. Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди амали панҷмоҳаи маҳдудияти сигоркашӣ коҳиши қобили мулоҳизае дар сигоркашӣ пеш наомадааст.

Ҷои махсуси тамокукашӣ дар назди бозори шаҳри Қӯрғонтеппа
Рустами Содиқиён, як тоҷири бозори Хоруғ, мегӯяд, муштариёни сигор ба ҳамон ҳадду суратеанд, ки то қабули қонуни маҳдудияти сигоркашӣ низ вуҷуд доштанд: "Ҳеҷ кам шудани сигоркашҳо ё саводи сигорро эҳсос намекунем. Ҳамон сигоркашҳо ва ҳамон вазъияте, ки пеш буд, ҳамон хел аст. Чизе тағйир накардааст. Дар бозор ҷои махсуси сигоркашӣ ҳам вуҷуд надорад."

Масъалаи дигар ҳам бозори сигор дар Тоҷикистон аст. Миралӣ Олимов, муовини раиси идораи “Тоҷикстандарт”, ки масъулияти назароти бозори истеъмолиро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, сигор ба бозорҳои Тоҷикистон асосан аз Русияву Қирғизистон ворид мешавад, ки умдатан ба стандарт ҷавобгӯ аст. Аммо масуъулини идораи мазкур як мавриди воридоти сигори ғайристандартиро аз Афғонистон ошкор кардаанд, ки борҷомаи он ба меъёрҳо посухгӯ набуда ва аз фурӯши он ҷилавгирӣ шудааст.

Нақзи қонуни манъ ё маҳдудияти сигоркашӣ дар Тоҷикистон аз 105 сомонӣ то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ба дунбол хоҳад дошт. Бар пояи таҳқиқоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон феълан 1,3 миллирад нафар сигор мекашад.
XS
SM
MD
LG