Ҳафтаи гузашта Икром Илҳомзода, ҷавони 19-солаи тоҷик дар мусобиқоти Шӯрои байналмиллалии шатранҷи ҷавонон дар Шарҷаи АМА мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Қабл аз он, моҳи апрел дар бозиҳои 14-уми Дубай, ки бо номи Dubai Open маъруф аст ва дар он шатранҷбозони машҳури ҷаҳон ширкат мекунанд, ба унвони яке аз бозигарони соҳибном дар Дубай ба ин мусобиқот роҳ ёфт. Маъмулан ба чунин мусобиқот бозигарони номдорро даъват мекунанд. Икром дар миёни 170 устоди шатранҷи ҷаҳон мақоми 69-ро ба даст овард ва бар чандин нафар аз чунин устодон пирӯз шуд. Икроми 19-сола бо вуҷуди ҷавонии худ, бо ширкат дар ин бозиҳо мавриди таваҷҷуҳи коршиносони шатранҷи ҷаҳон қарор гирифтааст ва вайро аз ҳоло яке аз ситорагони тобноки шатранҷи оянда медонанд.
Иброҳим Аброров - бобои Икром ва нахустин устодаш мегӯяд, наберааш аз комёбиҳояш ҳамеша ва пеш аз ҳама ба вай хабар медиҳад. Вай гуфт, баъди ширкат дар як мусобиқа Икром занг зада аз пирӯзиаш хабар додааст: “Манро бобо мегӯяд. Гуфт, ки байрақи Тоҷикистонро бардоштам ва вақте, ки гимни Тоҷикистонро шунавонданд, аз чашмонам ашк рехт. Ана ҳамин хел гапҳоро гуфт..., ин хел ҷавонон кам бародар...”
Ҳоло ширкат дар мусобиқоти мӯътабар барои Икром ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст ва вай аз мусобиқоти шатранҷ дар донишгоҳи худ дар Дубай то мусобиқот дар сатҳи байналмиллалӣ ширкат меҷӯяд. Вай бо чунин комёбиҳо дар вуҷуди худ рӯҳияи як бозигари пирӯзро тарбия мекунад ва бо ин мақому савия унс мегирад.
Рашид Ҳусейнов - мураббии Икром мегӯяд, дар ин рӯзҳо таътили тобистонаи Икром оғоз меёбад ва вай аз Дубай ба Тоҷикистон меояд, вале чандон таътили зиёд нахоҳад дошт, зеро онҳо тибқи барнома 15-уми июн ба шаҳри Чкаловски вилояти Суғд мераванд ва дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат мекунанд:
“Вай бояд дар оғози моҳи июн барои машқ ба назди ман ояд. 15-уми июн ҳамроҳ ба шаҳри Чкаловск меравем ва дар бозиҳои қаҳрамонии шатранҷи Тоҷикистон ширкат мекунем. Дар ин бозиҳо ширкаткунандагони бозиҳои олимпии ҷаҳон оид ба шатранҷ муайян мешаванд. Бозиҳои олимпӣ аз 28 август то 10 сентябр дар Истамбули Туркия баргузор мешавад”.
Дар як сӯҳбати телефонӣ Икром аз Дубай бо боварӣ гуфт, ки дар мусобиқоти Чкаловск соҳиби яке аз роҳхатҳои бозиҳои олимпии шатранҷи ҷаҳон дар Истамбул хоҳад шуд: “Барои ҷои якум кӯшиш мекунем. Имконият ҳаст. Имсол тайёриам каме нағзтар аст. Барои ҳамин мақсади ман аз номи Тоҷикистон дар Олимпиада иштирок кардан аст”.
Икром имкон дорад дар ин Олимпиада бо устодони варзиши ҷаҳон Нигел Шорт, Левон Арониян, Мазмуф Карлсон ва монанди инҳо сари як тахта нишинад ва маҳорати худро биозмояд. Вай эътироф мекунад, ки бозӣ бо чунин устодон мушкил аст, вале вай аз рақобат бо устодони дараҷаи байналмиллалӣ намеҳаросад: “Агар кас бихоҳад гроссмейстер шавад, бояд бо гроссмейстерҳо бозӣ кунад. Вагарна гроссмейстер намешавад”.
Оғози бозиҳои Олимпии шатранҷи ҷаҳон бо оғози соли нави таҳсил мусодиф меояд. Вале имсол барои Икром соли олимпист, аз ин рӯ вай ду ҳафтаи ширкат дар бозиҳоро бар таҳсил бартар донистааст, вале дарсҳои донишгоҳро баъд аз бозгашт такмил хоҳад кард. Вай бо гроссмейстери украинӣ Дмитрий Комаров ба тавофуқ расидаанд, ки баъд аз ширкат дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон ба Дубай бармегардад ва якуним моҳ бо вай дар остонаи Олимпиада бо ҳам тамрин мекунанд.
Икром дар шаҳри Душанбе литсеи туркиро хатм кардааст ва ба ҷуз аз дилбастагӣ ба шатранҷ, аз кӯдакӣ аз модараш забони англисӣ, аз бобояш Иброҳим Аброров ва мураббиаш Рашид Ҳусейнов аз шатранҷ сабақ гирифтааст. Бобояш Иброҳим мегӯяд, Икром дар синни 3-4 солагӣ ба бозии шатранҷ оғоз кард ва дар синни 5 солагӣ дар мусобиқоти байналмиллалии кӯдакони минтақаи Осиё Марказӣ ширкат мекард. Нахустин мусобиқаи байналмиллалии Икром дар Бишкек баргузор шуда буд.
Иброҳим Аброров он рӯзҳоро чунин ба ёд меорад: “Барои иштирок дар якчанд мусобиқа ба Қирғизистон рафтем. Панҷсола буд. Мошин гирифта ба Хуҷанд ва аз он ҷо бо автобусҳо ба Бишкек мерафтем. Ҳама кору зиндагиро мемондем. Дар як мусобиқаи Бишкек дар шашсолагиаш ғолиби мусобиқаи кӯдакон шуд. Се-чаҳор бор то даҳсолагиаш ба Бишкек рафтем. Дар сини 11 солагӣ дар ҳамон ҷо номзад ба устоди варзиш шуд”.
Сипас соли 2008 дар бозиҳои қаҳрамонии шатранҷи Осиё дар Теҳрон дар миёни ҷавонони то 16 сола соҳиби медали биринҷии бозиҳои шатранҷи Осиё шуд. Он вақт Икром 15 сол дошт.
Ҳоло Икром Илҳомзода раҳбарии бошгоҳ ё клуби шатранҷи донишгоҳи Канада дар Дубайро бар ӯҳда дорад ва соли севвуми таҳсили худро дар бахши муҳандисии мухобирот идома медиҳад. Ҳамзамон бо таҳсил дар миёни донишгоҳҳои Дубай мусобиқоти шатранҷ баргузор мекунад ва худаш дар пирӯзии донишгоҳаш саҳм мегирад. Устодон ва раҳбарияти донишгоҳ ба вай эҳтиром қоиланд ва мегӯянд, Икром чун фарзанди Тоҷикистон эътибори донишгоҳи худро низ боло бурдааст ва ҳар ҷо баъд аз пирӯзиаш дар мусобиқот вайро донишҷӯи ин донишгоҳ меаррифӣ мекунанд, ки барои онҳо низ ифтихор аст.
Икром соли оянда таҳсилро дар донишгоҳи Канада дар Дубай ба поён мерасонад ва мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Вай мегӯяд, аз ҳоло дар доираҳои мухталифи Дубай вайро мешиносанд ва ба кор даъват кардаанд, вале кор дар Ватан ва дар назди волидайн барояш гуворотар хоҳад буд.