Афғонистон: Мусиқӣ ба ҷои садои тир
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба маҳзи суқути Толибон дар охирҳои соли 2001-ум, мусиқидонҳо аз дохилу хориҷи Афғонистон барои эҳёи ин ҳунар ба кишварашон омаданд. Аҳмади Сармаст яке аз ин афрод аст. Ӯ, ки мусиқишиноси ҳирфаӣ (касбӣ)-ст, пас аз тағйири авзоъ дар Афғонистон барои таъсиси як омӯзишгоҳи олии мусиқӣ, дар ҳамон маконе, ки дар кӯдакӣ мусиқиро фаро гирифта буд, ба кишвараш бозгашт.