Назари Шумо: Аз кори табибони тоҷик розӣ ҳастед?

Бархе аз сокинон мегӯянд, табибе бо касбияти баланд пайдо намекунанд, ки бачаҳояшонро барои муолиҷа бибаранд.
Тоҷикон ҳамеша бо фарзандоне чун ибни Сино ифтихор мекунанд, ки дар олами тиб шӯҳратёр гаштааст. Вале ворисони ӯ баъд аз 1200 сол мероси гаронмояи ин фарзанди барӯманди миллати худро то куҷо нигаҳ доштаанд? Дурбини "Озодӣ" ин навбат дар баробари сокинон бо суоли "Сатҳи касбияти табибонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?" қарор гирифт.

Суоле, ки ҳамеша дар ҷомеа матраҳ буда ва андешаҳои гуногун аз забони мардум, хусусан, корафтодаҳо ба хидмати пизишкон дар бемористонҳо бештар ба гӯш мерасад ва мақоли "Худо, корат ба милиса ва беморхона наафтад", ба унвони як масал ба адабиёти мардумӣ ворид шудааст. Агарчӣ бархе ба ин андеша розӣ нестанд ва сатҳи касбияти пизишкони тоҷикро кофӣ ва басанда медонанд.

Яке аз пурсидашудагон сатҳи касбият ва муомилаи табибони кунунӣ бо ҳампешаҳои қабл аз солҳои навади онҳоро муқоиса карда, онро дар чанд зина пасттар медонад. Ба андешаи яке дигар, "худам худамро табобат мекунам. Худо накунад, ки ба табибе корафтода шавем."

Ба назари як назардиҳандаи мо, сатҳи касбияти 70-80 дарсади табибони кишвар паст аст ва барои ташхис малакаву маҳорати дуруст надоранд, ки онро дуруст анҷом бидиҳанд. Ба ҳамин иллат, вай на барои ташхис ва на барои табобат ба пизишкон муроҷиат намекардааст.

Андешаи хонуме ин аст, ки аз ноилоҷӣ рӯ ба табибон меоранд, вагарна табибе бо касбияти баланд пайдо намекунанд, ки бачаҳои худро назди онҳо барои ташхису муолиҷа бибаранд. Бархе ҳам мӯътақиданд, ки ҳанӯз дар ҷомеаи мо табибон бо касбияти баланд кору пайкор мекунанд ва набояд ҳамаро бо як чашм нигарист.

Хонандагони мӯҳтарам, аз нигоҳи Шумо сатҳи касбияти табибони Тоҷикистон чӣ гуна аст ва Шумо ба унвони як фарди ин ҷомеа ба муомилаи табибон чӣ баҳо медиҳед? Оё Шумо аз кори табибон розӣ ҳастед ва ба онҳо то чӣ ҳад бовар мекунед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз кори табибон розиед?