Ба Мавзуна Чориева аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як мошини сабукрави “ВАЗ-2107” тақдим гардид.
Бегоҳи имрӯз, 21-уми май, дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба ифтихори пирӯзии варзишгарони маъруфи кишвар - Мавзуна Чориева ва Парвиз Собиров, ки ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, маросими мукофотсупорӣ баргузор шуд.
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, нахуст Мавзуна Чориеваро, ки соҳиби роҳхати олимпӣ ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар вазни то 60 кило дар Чин гардид, бо дастовардҳои бузургаш табрик гуфт.
Ӯ иброз дошт, “дар байни 13 намояндаи Тоҷикистон, ки то имрӯз ба Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ роҳхат гирифтаанд, Мавзуна ягона бонуи варзишгар маҳсуб мешавад. Умедворем, ӯ дар Олимпиадаи Лондон муваффақ мегардад.”
Ҷаноби Неъматов ба Мавзуна Чориева аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон мошини сабукрави тамғаи “ВАЗ-2107” тӯҳфа кард. Инчунин ба Мавзуна Чориева намояндагони ширкати “Вавилон-Мобайл” сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” телефони “Айфон-4”, ширкати “Султони Кабир” мукофоти пулӣ тақдим намуданд.
Ба устоди Мавзуна мураббии варзидаи бокс Мирзо Шамсиев, ки ҳамчунин мураббии Анвар Юнусов мебошад, ҷоизаи пулӣ супурда шуд.
Баъдан Парвиз Собиров, паҳлавони варзидаи тоҷик, ки ахиран дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар вазни то 90 килограмм дар шаҳри Тошканд барандаи медали нуқра шуд ва ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф гашт, бо мукофоти пулии Кумитаи миллии олимпӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.
Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, инчунин, ба суратҳисоби паҳлавонони шинохта Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, ки ҳарсе дар риштаи гуштии озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд, ба ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ интиқол шуд.
Бо чунин маблағ, ҳамчунин, гурзандоз Дилшод Назаров, таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, муштзан Анвар Юнусов, гуштигири тарзи озод Искандари Рустам, дзюдочӣ Расул Боқиев, муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Собирҷон Назаров низ сарфароз шуда буданд.
Дар ин маросим ба Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ ва роҳхати олимпӣ, шаҳодатнома ва нишони “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” супурда шуд.
Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гурӯҳи калони мураббиёну варзишгарон ва кормандони соҳа бо унвонҳои баланд ва фахрии варзишӣ сарфароз гаштанд.
Дар охири маросим Маликшо Неъматов аз мақомоти давлативу ҳукуматӣ, ташкилоту идора ва ширкату созмонҳое, ки барои ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон мукофот таъсис додаанд, изҳори сипос кард.
Ӯ иброз дошт, ки Ҷамъияти саҳҳомии “Ориёнбонк” тасмим гирифтааст, варзишгарони Тоҷикистонро, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 муваффақ мешаванд, мувофиқи ҷойҳои соҳибшудаашон (якум, дувум ва севум) бо навъҳои мухталифи мошини сабукрави “Лексус” сарфароз намояд.
Навор аз Ютюб:
http://www.youtube.com/embed/aR-QzPY-4EE