Ожонсии мубориза бо фасоди Хатлон нисбати нӯҳ шахси масъул парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки гӯё ба фурӯши гувоҳномаҳои ронандагӣ машғул будаанд.
Ҳикматулло Исматов, масъули шӯъбаи пешгирии коррупсияи ожонсии мазкур, гуфт, афроди боздоштшуда масъулони бозрасии давлатии техникӣ, раиси иттиҳодияи автомобилронҳо, омӯзгорон ва масъулони мактабҳои ронандагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон будаанд, ки бар ивази аз 600 то 800 сомонӣ ба шаҳрвандон шаҳодатномаи ронандагӣ дода, насаби онҳоро ба феҳрастҳои муайяни маъмурӣ тақаллубкорона шомил кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Хатлон дар ҳоли афзоиш аст. Коршинос Зокир Муродов бар ин назар аст, ки дар аксари маворид садамаҳои нақлиётӣ бо айби ронандаҳои ҷавоне рух медиҳанд, ки аз ӯҳдаи идораи мошин намебароянд ва эҳтимолан барномаи таълимии курсҳои ронандагиро аз худ накардаанд ё шаҳодатномаи ронандагиро аз роҳҳои ғайриқонунӣ дарёфтаанд.
“Бешак, ронандаи бетаҷриба метавонад, ҳам ҳаёти худ ва ҳам зиндагии дигаронро дар хатар гузорад. Дар истинод ба қавли аксари ронандагони пуртаҷриба, беш аз 30 фоизи садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо айби ронандагоне, ки одитарин қоидаҳои ронандагиро намедонанду шаҳодатномаи ронандагиро харидаанд, сар зада, боиси талафоти ҷонӣ низ мегардад. Шояд барои баъҳе нафарони масъули мактабҳои ронандагӣ ва БДА пул аз ҷони инсонӣ дида арзишмандтар бошад”, - афзуд З. Муродов.
Дар пайи боздошти ба истилоҳ, “тоҷирон”-и гувоҳномаҳои ронандагӣ, бозрасии давлатии автомобилии Хатлон имтиҳони хатмкардаҳои мактабҳои ронандагии минтақаро сахттар кардааст. Ёрмаҳмад Давлатов, нозири умури ташвиқотии бозрасии мазкур, ба радиои Озодӣ гуфт, ки масъулияти дарси муносиби ронандагӣ додан ба шаҳрвандон ба дӯши мактабҳост, аммо сатҳу сифати таълим ва дониши азбаркардаи курсантҳо дар солҳои охир мояи нигаронии ходимони БДА шудааст.
Ин вазъ натанҳо мақомот, балки сокинони маҳаллиро низ нороҳату нигарон кардааст. Сайвалӣ Муродов, мутахассиси пешбари Маркази ҷумҳуриявии “Раҳнамои касбӣ”-и Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯяд: “Сабаби асосии дучори садама гардидани воситаҳои нақлиётӣ, бевосита, нахондани соҳибони мошин дар мактаби ронандагӣ мебошад. Бояд, ки мақомоти давлат, БДА раванди таҳсили курсантҳо дар мактабҳои ронандагӣ, имтиҳонсупории онон дар БДА-ро ҷиддитар назора карда, синнусоли ронандагиро болотар аз 20 муқаррар кунанд...”
Толиб Қурбонов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ба ин назар аст, ки: “Чанд нафареро медонам, ки шаҳодатномаи ронандагиро дар ягон ҷо таҳсил накарда мехаранд. Онҳо ҷони мардум, ҷони кӯдакони моро дар хатар мегузоранд. Ҳоло мошин бисёр шудааст, роҳҳо танг, чароғакҳои раҳнамо кор намекунад, бар замми ин ронандаҳои ҷавон аломатҳои роҳ, қоидаҳои ҳаракатро хуб намедонанд, ки боиси фалокатҳо мешавад...”
Аммо ба эътиқоди Юсуфҷон Расулов, сокини шаҳри Сарбанд: “Ронандаҳо тартиботро риоя намекунанд, ба якдигар “помех” медиҳанд, шабона равшании мошинашонро паст накарда, дар ҳаракати дигар мошинҳо мушкилӣ эҷод мекунанд. Бисёр хатарнок шудааст ҳаракат дар роҳ ва гузаштан аз роҳ. Бахусус барои кӯдакон. Нохонда бисёр шудааст. 17-18-солаҳоро ҳам дар сари чанбари мошин дидан мумкин аст...”
Дар ҳамин ҳол, Давронмирзо Хоҷаев, ҷонишини раиси ташкилоти мададгори мудофиаи Хатлон (ДОСААФ), мегӯяд, ҳоло танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа дастикам 11 мактаби хусусии ронандагӣ фаъолият мекунад. Вай афзуд, бархе аз мактабҳои ронандагӣ саҳлангорӣ намуда, ҳатто гоҳе беморон ва афроди ғайриқобили ронандагиро ҳам ба таълим фаро мегиранд:
“Бахши тиббии ташкилоти мо санҷида баромад, ки баъзан ҳатто одамони бепой, нури чашмашон бисёр хира, носолимро қабул кардаанд. Бемори дилро, масалан, дардаш шиддат гирифта, дар роҳ аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада. Дучори садама шуд, ду кас ба ҳалокат расид. Дар ин маврид чӣ бояд кард? Бояд мактабҳои ронандагӣ масъулиятро бештар ҳис кунанд. Ду раиси созмонҳои маҳалии ДОСААФ ба назди мо омада гуфтанд, ки ба ташкилоти мо ҷавонон барои хондан намеоянду мактабҳои хусусии ронандагиро интихоб мекунанд. Чӣ бояд кард, ки онҳо ҷалб шаванд? Баъд фаҳмидем, ки масъулони мактабҳои хусусӣ ба курсантҳо (шунавандаҳои курсҳои ронандагӣ) ваъда додаанд, ки праваро (шаҳодатномаи ронандагӣ) дар дилхоҳ вақт, бе таҳсил омода карда медиҳанд...”
Ҷаноби Хоҷаев афзуд, ду фарзанди худаш низ дар гузашта дар пайи садамаҳои нақлиётӣ осеб дидаанд ва маълум шудааст, ки сари чанбараки мошин нафаре нишаста будааст, ки гувоҳномаи тақаллубии ронандагӣ доштааст.