Бахши хатлонии Фонди ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон ҳоло дар рӯ ба рӯйи муфлисшавӣ қарор дорад.
Фонди мазкур, ки онро собиқ вазири корҳои хориҷӣ, академик Талбак Назаров роҳбарӣ мекунад, бо ҳадафи тақсимоти одилонаи кӯмакҳои башардӯстона ба қишрҳои осебпазир ва ниёзманди ҷомеа, дар соли 2007 аз сӯи президенти Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Хӯҷа Шарифов, муовини раиси бахши хатлонии фонди хайриявӣ, гуфт, агар як соли аввал беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҷамъ шуда буд, ҳоло таваҷҷӯҳи мақомоти маҳаллии давлатӣ ба ин фонд дида намешавад ва ин гуна вазъият ба фалаҷ шудани он бурда мерасонад.
Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, соли гузашта аз тамоми 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон танҳо 32 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба хисороти расида дар пайи офатҳои табиӣ, тахриби манзилҳо, афзоиши шумораи маъюбону бепарасторон дар ду соли охир, масъулони фонди ҷамъиятии хайриявӣ дар Хатлон аз мақомоти давлат хостаанд, то ба ин созмони ҷамъиятӣ, ки ҳадафаш кӯмак ба ниёзмандону осебдидагон аст, ёрӣ расонанд.
Оқои Шарифов мегӯяд: «Мақомоти маҳаллӣ диданд, ки солҳои охир пурсиш нест, супориш намедиҳанд аз боло, ягон кас ба фонди хайриявӣ алоқамандӣ нишон намедиҳад. Дар мо, мутаассифона, одат шудааст, ки Президент супориш диҳад, ҳама аз пасаш мешаванд, аммо пас аз чанде, фаромӯш мекунанд. Дар оинномаи ташкилоти мо ҳатто додани стипендияи донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст. Аммо, афсӯс, ки чунин нашуда истодааст. Дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 16 ҳазор сомонӣ дар фонди вилоятӣ ҷамъ шудааст, ки бо ин миқдор маблағ чӣ метавонд кард?!»
Хӯҷа Шарифов афзуд, шумораи афзуни ниёзмандон барои дарёфти кӯмак ба фонди хайриявӣ муроҷиат мекунанд, аммо ба сабаби дасткӯтаҳии фонди мазкур, онҳо дар аксар маврид ноумед мемонанд.
Вера Ашӯрова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, борҳо аз мақомот хостааст, ки барои муолиҷаи модари пиру гирифтори бемории саратонаш кӯмак расонанд, аммо ҳатто аз фонди ҷамъиятии хайриявӣ низ ба додаш расидагӣ накардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки модари ӯ Александра Шадринаи 90-сола – иштирокдори ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 будааст.
«Чӣ ҳам бигӯям? Агар шикоят кунам, шояд фардо роҳбарони корхонае, ки дар он фаъолият мекунам, аз шикояти ман хабар ёфта, танбеҳам диҳанд. Ба болои ин ҳама русзабон ҳастам ва шояд таҳдид кунанд, ки Худоро шукр гӯй, ки туро ба кор гирифтем. Боз аз мо шикоят мекунӣ? Танҳо аз шӯрои собиқадорони ҷанги Қӯрғонтеппа миннатдорем, ки ҳар гоҳе аз модарам ёд мекунад. Аммо давлат ва баъзе аз ниҳодҳои ҷамъиятӣ бояд аз ҳоли нафароне мисли модари ман муддавом хабар бигиранд», - мегӯяд В. Ашӯрова.
Дар ҳамин ҳол, Умар Ёров, сарвари маркази иҷтимоӣ-эҳёкунии нобиноёни шаҳри Қӯрғонтеппа, низ мегӯяд, тӯли панҷ соли фаъолияти фонди ҷамъиятии хайриявӣ ин марказ ва ё маълулони нобинои Қӯрғонтеппа кӯмаке дарёфт накардаанд:
«Ҷамъияти мо то замоне, ки фонди хайриявӣ таъсис дода шуд, аз ҷониби донорҳо, соҳибкорон ва баъзе мақомот як дараҷа кӯмакҳо дарёфт мекард. Аммо дар ин чанд соле, ки фонди мазкур арзи ҳастӣ дорад, донорҳо ба мо мегӯянд, ки маблағи хайриявиро ба фонд супурдем ва кӯмакро аз ин созмон дарёфт хоҳед кард. Ин мушкили танҳо ҷамъияти нобиноён нест. То ҷое хабар дорам,
масъулони ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа низ пас аз таъсиси фонди хайриявӣ бо ҳамин гуна мушкил мувоҷеҳ шудаанд. Ҳатто ба бахши хатлонии фонд ҳам муроҷиатҳо шудааст, аммо бесуд…»
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон наздики 500 ҳазор оилаи камбизоат, 134 ҳазор нафари маъюб, 68 ҳазор хонаводаи бесаробон ва 9 ҳазор нафари солманди бепарастор ба сар мебаранд.
Ҳадафи Фонди ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон - мусоидат кардан дар болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум, дар мувозинат нигоҳ доштани мизони камбизоатӣ ва сарватмандӣ будааст.
«Баъд, ҳамин маблағҳое, ки ҷамъ мешавад, чӣ кӯмакҳои хориҷӣ бошад, чӣ дохилӣ, ба хотири таъмини шаффофият ва истифодаи оқилона бояд ба воситаи як ташкилот, яъне фонди ҷамъиятии хайриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад», - гуфт Хӯҷа Шарифов, муовини раиси бахши хатлонии фонди хайриявӣ.