Пешниҳодҳо барои халосӣ аз "дард"-и маҳалгароӣ

Онҳое, ки мегӯянд, зидди маҳалгароӣ дар Тоҷикистонанд, барои раҳоӣ аз ин "дард" пешниҳодҳои мухталиф карданд.
Ин навбат хабарнигори "Озодӣ" бо саволи ин ки "Маҳалгароиро чӣ тавр аз байн бояд бурд?" ба сокинон муроҷиат намуд. Агарчӣ баъзеҳо аз ҷавоб додан ба ин савол худдорӣ карданд, аммо қисмати зиёди пурсидашудагон ақидаи худро дар бораи "решакан кардан"-и маҳалгароӣ дар Тоҷикистон баён доштанд.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо ба ин назар аст, ки бояд зиндагии сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон яксон бошад, то дар дили онҳо "рашк"-у "кина" нисбат ба якдигар пайдо нашавад. Вай ҳамчунин пешниҳод дорад, ки одамон дар интихоби ҳамсар ба маҳал ва минтақаи худ маҳдуд нашуда, балки аз минтақаҳои дигари кишвар низ барои худ ҳамсар интихоб кунанд ва ба ин васила пайвандии байни минтақаҳоро бештар созанд.

Онҳое низ кам нестанд, ки мегӯянд, бояд ин масъаларо ба наврасону ҷавонон фаҳмонд, то онҳо дар оянда ба дарди маҳалгароӣ "мубтало" нашаванд. "Фаҳмондан лозим. Аз мактаби миёна шурӯъ карда, ба наврасон фаҳмондан лозим аст, ки дар оянда вақте бузург шуданд, маҳалгароӣ накунанд",-меафзояд яке аз назардиҳандагон.

Нафаре бар ин бовар аст, ки танҳо таъйини ҷазо барои афроди маҳалгаро метавонад, маҳалгароӣ дар ҷомеаи тоҷикро маҳв кунад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "бисёр хуб мешуд, нисбати афроде, ки маҳалгароӣ мекунанд, як ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар мекарданд. Агар чунин шавад, бисёр хуб буд."

Онҳое низ буданд, ки мегуфтанд:

-Ин масъала барои ман бегона аст;
-Чизе гуфта наметавонам;
-Бояд ҳамаро тағйир дод...

Назари сокинонро дар ин навори видео бубинед ва андешаҳои худро ҳам бинависед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳалгароиро чӣ гуна аз байн бубарем?



Мавзӯи маҳалгароӣ дар тӯли бештар аз бист соли истиқлоли Тоҷикистон дар ҷомеаи кишвар матраҳ аст. Ин аст, ки борҳо донишмандону гурӯҳи рӯшанфикрон ба мақомот пешниҳод кардаанд, то барои раҳоӣ аз дарди сирояткунанда чора биандешад. Ҳатто ин мавзӯъ борҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам мавриди баҳс қарор гирифта ва гуруҳи фейсбукиҳо низ бо пахши муроҷиатномае хостори нуқта гузоштан ба маҳалгароӣ дар Тоҷикистон шуданд.