Натиҷаи таҳқиқоти Gallup ҳокист, фасод дар соҳибкорӣ бештар хоси давлатҳои тавсеаёфта ва дар ҳоли рушд будааст.
Маркази назархоҳии Gallup бо нашри як таҳқиқот мегӯяд, аз се сокини калонсоли ҷаҳон ду нафарашон бовар доранд, ки дар кишвари онҳо мизони фасоду ришват дар бахши тиҷорат хеле фарогир аст.
Митчел Огиссӣ, як муҳаққиқи Маркази назархоҳии Gallup дар Вашингтон, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ натиҷаҳои аслии ин пурсишро чунин хулоса кард: "Дар Амрико ва Канада ин нишондод дар ҳудуди 60 дарсад ва дар қораи Африқо 76 дарсад аст. Масъалаи фасод як мушкили амиқ аст ва пурсиши мо дар соли 2011-ум нишон дод, ки мавзӯи фасод хоси давлатҳои тавсеаёфта ва ҳам кишварҳои дар ҳоли рушд аст. Давлатҳои дар ҳоли рушд, бо ин вуҷуд, назар ба дигар кишварҳо бештар зиён мебинанд. Ба он хотир ки барои рушди моливу вуруди сармояҳои хориҷӣ монеъ мешаванд ва дар ин давлатҳо ноадолатии даромаду маош бештар ба чашм мехӯрдааст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, фасод дар бизнес монеи рушди иқтисод ва пешрафтҳои иҷтимоӣ мешавад."
Озодӣ: Бархе ба ин назаранд, ки мубориза бо фасод дар Ғарб назар ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон хеле беҳтар ба роҳ монда шудааст, вале мо мебинем, ки дар ин нуқот ҳам мардум бовар доштаанд, ки бизнес (тиҷорат) бе ришват пеш намеравад...
Огиссӣ: "Аслан мо ба ин фикрем, ки ҳеҷ ҷои ҷаҳон аз фасод холӣ нест. Тавре гуфтем, дар Амрикову Канада 60 дарсад ва дар хоки Иттиҳодияи Аврупо 63 дарсад бовар доранд, ки фасод дар бахши соҳибкорӣ фарогир аст. Вале дар айни замон, аз паёмадҳои фасод бештар аз ҳама давлатҳои дар ҳоли тавсеа зиён мебинанд."
Озодӣ: Ба назари кас вазъи ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин хеле ҷолиб менамояд. Бардошти мардум аз вуҷуди ришват дар соҳибкорӣ мухталиф аст: агар дар Гурҷистон ин нишондод фақат 28 дарсад бошад, дар Молдова 87 дарсад аст. Шумо мегӯед, вуҷуди фишор ва маҳдудияти озодии баён дар кишварҳо метавонад ба натиҷаҳои пурсиш таъсиргузор бошад. Масалан, вақте аз Узбакистон дар бораи ноадолатҳои зиёд ва дар дасти гурӯҳи хурди наздик ба ҳукумат мутамарказ шудани бизнеси хусусӣ хабар мерасад, ба ин чиз бовар кардан душвор аст, ки ба назари танҳо 30 дарсади сокинони ин кишвар фасод дар соҳибкорӣ вуҷуд дорад...
Огиссӣ: "Натиҷаҳои пурсиши Gallup нишон дод, ки ба ҳисоби миёна дар қаламрави Шӯравии пешин 70 дарсади мардум бо андешаи вуҷуди фасод дар бизнесу соҳибкорӣ розӣ ҳастанд. Ин нишондод хеле баланд аст. Вақте мо дар бораи пасттарин нишондоди Гурҷистон ва баландтарин нишондоди Молдова сӯҳбат мекунем, мебинем, ки ин чиз бозгӯкунандаи як тамоюли куллист. Дар Русия 79 дарсад ба ин андеша ҳастанд. Бале, вазъ яксон нест ва мизони фасоду олудагӣ ба ришват дар ин давлатҳо ҳам вобаста ба рушду пешрафти демокративу иқтисодии ин кишварҳо ҳам аз ҳам фарқ мекунад."
Озодӣ: Натиҷаҳои Тоҷикистон ба назар умедворкунанда менамоянд. Нишондодҳои ин кишварро лутфан шарҳ бидиҳед.
Огиссӣ: "Пурсиши Gallup нишон дод, ки 48 дарсади мардуми Тоҷикистон бовар доранд, ки дар кишвари онҳо бизнесу фасод тавъам аст. Пурсиши мо нишон медиҳад, ки бардошти мардум дар бораи вуҷуди фасод дар ин соҳа назар ба соли 2009-ум коҳиш ёфтааст. Он замон ин нишондод 56 дарсад буд. Ин нишондод ба хотири бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ коҳиш ёфтааст. Вале гузориши имсолаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи “Роҳҳои осони пешбурди бизнес” нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар бахши “шурӯи кори соҳибкорӣ” аз мақоми 137 ба ҷои 70-ум баланд шудааст. Ин пешрафт қобили таҳсин аст, чунки нишондиҳандаи умедворкунанда аст. Аммо дар маҷмӯъ шароити пешбурди кори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамоно сахту вазнин аст, аз ин рӯ, ин кишвар дар мақоми 152 қарор дорад."
Озодӣ: Фикр мекунем, барои бисёриҳо бояд мавзӯи Гурҷистон ва пешрафтҳои ин кишвар дар амри мубориза бо фасод ҷолиб бошад. Шумо метавонед тавзеҳ диҳед, ки бо чӣ роҳ ин кишвар тавонист дар фурсати кӯтоҳ мизони фасодро ба таври нишонрас коҳиш диҳад?
Огиссӣ: "Гурҷистон маъракаи зидди ришват ва адами таҳаммули фасодро ба роҳ монд. Масалан, пештар ҳангоми гирифтани иҷозатномаи фаъолияти соҳибкорӣ гирифтани пора хеле маъмул буд ва ҳамин одат аз байн бурда шуд. Роҳи дигар ин буд, ки масъулони идораҳои масъул ҳама нав шуданд. Натиҷа чунин шуд, ки агар дар соли 2006-ум беш аз нисфи пурсидашудаҳо, яъне 52 дарсад бовар доштанд, ки тиҷорати хусусӣ бидуни ришват пеш намеравад, ҳоло ба ин чиз танҳо 28 дарсади мардум бовар доранд. Яъне, ҳамин маъракаи адами таҳаммули фасод ва мубориза бо порахӯрӣ фасоду фасодкориро коҳиш дод."
Озодӣ: Оё гузориши Шумо барои давлатҳое, ки дар ин таҳқиқот интихоб шудаанд, дар амри муассир шудани мубориза бо фасод машваратҳое медиҳад?
Огиссӣ: "Дар маҷмӯъ, бояд ба эътибор гирифт, ки мудирияти қавӣ, ҳукумати қонун ва шаффофияти бештар метавонад дар мубориза бо фасод мусоидат кунад."