Мавзуна Чориева ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт

Мавзуна Чориева

Варзишгари маъруфи тоҷик дар мусобиқае, ки дар Чин ҷараён дорад, дар даври дувум низ пирӯзӣ ба даст овард.
Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, дар даври дувум низ пирӯзӣ ба даст овард.

Мавзуна дар вазни то 60 кило барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебарад. Дар нахустин даври мусобиқа Мавзуна бар муштзани Беларус Алла Яршевич бинобар бартарии комил, дар раунди чорум ғолиб дониста шуд.

Мавзунаи 19-сола дар даври баъдӣ бо Каролина Грасюки 26-сола (Лаҳистон) рақобат кард. Ин сабқат 14-уми май баргузор шуд. Муштзани тоҷик рақибашро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:10 (1:1, 6:2, 5:2, 8:5) шикаст дод ва ба даври ҳаштякниҳоӣ баромад.

Рақиби навбатии Мавзуна ин дафъа Антонина Шевченко (Қирғизистон) мебошад, ки ӯ дар даври дувум бар Куимия Томоко (Ҷопон) аз рӯи холҳо бо натиҷаи 16:12 ғолиб омад. Дар мавриди пирӯзӣ дар даври ҳаштякниҳоӣ, ки 15-уми май баргузор мешавад, Мавзуна ба чаҳорякфинал мебарояд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон хоҳад шуд.

Вале дар нахустин даври мусобиқот ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Матлуба Каримова дар вазни то 48 кило аз Лидия Ион (Руминия) бо ҳисоби 8:15 ва Светлана Веглина дар вазни то 51 кило аз Кейр Смитт (Ирландия) бо бартарии комили рақибаш дар раунди севум шикаст хӯрданд.