Баъзе аз размандагони собиқи ИНОТ, аз феҳристи пешниҳодии ҲНИТ дар мавриди афви зиндониён изҳори норозигӣ кардаанд.
Садриддин Тошев, як маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе, собиқ фармондеҳи Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ба вакили мудофеаш Бузургмеҳри Равшан арз кардааст, ки аз тариқи матбуот феҳрасти пешниҳодӣ барои афви 161 нафар тарафдорони мухолифин, ки ҳамакнун дар маҳбасҳо ба сар мебаранд дарёфт карда ва номи баъзе аз маҳбусонро пайдо накардааст.
Ба қавли Бузургмеҳри Равшан, муваккилаш Садриддин Тошев, ки бо лақаби Қорӣ Маълум аст, мегӯяд, ки дар ин феҳраст номи баъзе аз размандагони мухолифин се бор оварда шудааст. Аз ҷумла дар ин феҳрист номи Одинаев Ғозибек ду бор ва исми Тоҳиров Аҳтам се маротиб зикр шудааст. Ба қавли вай, дар ин феҳраст номи баъзе аз фармондеҳони маъруф, мисли Намоз Қурбоналиев, ки дар маҳбаси Хуҷанд ба сар мебарад, аслан зикр нашудааст.
Вай пешниҳод кардааст, ки феҳрасти мазкур аз нав баррасӣ ва дақиқ карда шуда, сипас ба мақомоти ҳукумати кишвар пешниҳод шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯзи 8 май бо ирсоли як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳиш кардааст, то ба муносибати 15-солагии таҷлил аз Иди Ваҳдат, размандагони собиқи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ)-ро афв кунад.
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи Ваҳдати миллиро, ки имсол 15-солагияш дар сартосари кишвар таҷлил карда хоҳад шуд, аз "муваффақтарин таҷрибаҳои сулҳофаринӣ дар таърихи башарият" дониста ва аз президент хоҳиш кардааст, то аз гуноҳи аъзои пешини ИНОТ, ки бо сабабҳои мухталиф дар ҳодисаҳои солҳои нооромӣ ширкат кардаанд, гузарад.
Дар номаи мазкур ишора шудааст, ки садҳо нафар аз аъзои Фронти Халқӣ ва размандаҳои собиқи мухолифини тоҷик бинобар мувофиқат накардани амали онҳо бо санадҳои афв дар маҳбасҳо ҳузур доранд ва бахши аъзами онҳо мӯҳлати ҷазои худро сипарӣ кардаанд.
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ бахшишҳои президент дар мавриди шаҳрвандони кишварро ёдовар шуда, ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ афви тарафдорон ва аъзои собиқ мухолифинро, ки дар маҳбасҳо ба сар мебаранд, ҳадяи нодир ба падарону модарони онҳо арзёбӣ кардааст.
То ба ҳол мақомоти тоҷик ба ин нома посухе надода ва дар ин маврид изҳори назаре ҳам накардаанд.