Дар кохи тозабунёди Сарои Булӯрини пойтахти Озарбойҷон озмуни сарояндагони аврупоӣ -- Eurovision-2012 доир хоҳад шуд.
Моҳи равон таваҷҷӯҳи аҳли олам ба Сарои Булӯрини шаҳри Боку ҷалб хоҳад шуд. Дар ин қасри соҳили баҳри Каспий, ки аз шишаву пӯлод сохта шудааст, овозхонҳои аврупоӣ барои Ҷоми озмуни Eurovision-2012 сабқат мекунанду гурӯҳҳои телевизонии камаш 40 кишвари олам ин маъракаро мустақиман намоиш хоҳанд дод.
Дар озмуни соли гузашта бадеҳахонҳои озарӣ -- Эл ва Никӣ пирӯз шуданд ва тибқи анъана имсол Озарбойҷон мизбонии Eurovision-ро бар ӯҳда дорад. Ба муносибати ин сабқати пурдабдабаи овозхонҳо ҳукумати Озарбойҷон эълон кард, ки 134 миллион долларро барои бунёди Сарои Булӯрини дорои 23 ҳазор ҷои нишаст сармоягузорӣ мекунад. Ин қаср ҳамагӣ чанд ҳафта пеш ба истифода супурда шудааст. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон Алиева чандин дафъа аз сохтмон боздид ба амал оварда, таъкид кардаанд, ки лоиҳа бояд сари вақт ба анҷом расад.
Вале дар ҷараёни як таҳқиқот хабарнигори Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова ва Лоиҳаи гузоришҳо дар бораи ҷинояткории муташаккилона ва фасод ошкор намуданд, ки оилаи президенти Озарбойҷон дар такмили ин Сарой манфиати хусусӣ низ доранд. Зеро ширкати сохтмонии "Азенко" ба воситаи миёнаравҳои пинҳонӣ ба оилаи раисиҷумҳури озарӣ фоидаи молӣ низ меорад.
Аслан сохтмони қасрро ширкати олмонии "Алпине Бау" бар дӯш гирифта буд. Вале дар майдони сохтмонӣ таҷҳизоти зиёде ба чашм мехӯрд, ки дар он тамғаи Азенко зада шудааст. Бар пояи асноди идораи амволи хусусишудаи давлати Озарбойҷон беш аз 97 дарсади "Азенко" моли ширкати Интерэнерҷӣ ММС мебошад. Интерэнерҷӣ дар навбати худ моли ширкати Адор ММС мебошад, ки тибқи асноди сабтиномшуда соҳибонаш дар кӯчаи Самад Вургун, хонаи рақами 7 зиндагӣ доранд.
Соли 2010-ум Орзу Алиева, духтари президенти Озарбойҷон дар хусусигардонии ширкати ҳавоии давлати Озарбойҷон ширкат карда, саҳмияҳои онро харида буд. Он замон сухангӯи президенти Озарбойҷон Озар Қосимов тасдиқ кард, ки соҳиби саҳмияҳо духтари президенти кишвар буда, ҳамроҳ бо модару хоҳараш дар ҳамон адреси кӯчаи Самад Вургун хонаи рақами ҳафт иқомат дорад.
Ширкати сохтмонии "Азенко" дар татбиқи лоиҳаи дигари маъруф нақш дорад. Ҳукумати Озарбойҷон ба хотири бунёди баландтарин парчами рӯи олам ва майдони канори он 38 миллион доллар сармоягузорӣ карда, онро ба як ширкати амрикоӣ супурд, вале қисме аз корҳои ин лоиҳаро ҳам ба ӯҳдаи "Азенко" вогузор карда буданд. Парчами 162-метрии озарӣ дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуд, вале баъд аз муддати кӯтоҳе ширкати амрикоӣ ба Тоҷикистон рафта, дар он ҷо парчами 165-метра бунёд намуд, ки то кунун баландтарин байрақи рӯи дунёст.
Бар пояи асноди идораи назорати давлатии Озарбойҷон ширкати "Азенко" танҳо дар соли 2010-ум ба маблағи 79 миллион доллар мувофиқатнома ба имзо расондааст. Аз он вақт то имрӯз моликияти ин ширкат дар шаҳрҳои гуногуни Озарбойҷон хеле афзоиш ёфтааст. Озар Маҳдиев, раиси пажӯҳишгоҳи мустақил бо номи Маркази кумак ба ташаббусҳои иқтисодӣ, мегӯяд, мисоли "Азенко" намунаи беҳтарини сӯистифода аз даромади фурӯши маводи сӯхти Озарбойҷон аст. Ӯ меафзояд, буҷа аз ҳисоби нафт даромади бузург ҳосил мекунад, вале дар айни замон раванди инҳисор (монополия)-и соҳаҳои иқтисод ва тақсими дубораи моли давлатӣ боз мешавад.
Ба қавли Маҳдиев, даромади бузурги нафт ба ваҷҳи умум миёни ширкатҳое тақсим мешавад, ки ба мансабдорони баландпоя иртибот доранд, номи соҳибони ин ширкатҳо пинҳон асту онҳо асосан дар минтақаҳо ба истилоҳ офшори хориҷӣ сабт шудаанд. Ҳамин тариқ, назорати кори ин ширкатҳо ғайриимкон аст.
Озарбойҷон дар соли 2004-ум маъаракаи мубориза бо фасодро оғоз намуда, мансабдоронро маҷбур кард, ки моликияти худ ва наздиконашонро дар эъломияҳои солона дарҷ намоянд. Вале кӯшишҳои хабарнигори Радиои Озодӣ ба хотири дарёфти эъломияи моликияти оилаи президенти Озарбойҷон бенатиҷа анҷомид, зеро на идораи президент, на Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон, на сомонаи интернетии ҳамсари президенти Озарбойҷон ба ин дархост посух надоданд.
Билохира, хабарнигори Радиои Озодӣ ёдовар шудааст, ки оилаи президенти Озарбойҷон ҳатто аз ҷараёни Eurovision-2012 баҳрабардорӣ мекунад. Зеро дар танаффуси миёни бахшҳо домоди президенти Озарбойҷон рӯи саҳна омада, бинандагонро бо оҳангу таронаҳои тару тозааш ошно мекунад.