Нигоҳи Аврупо ба марзи Тоҷикистону Афғонистон

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз

Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки дар тақвияти марзи ин кишвар бо Афғонистон кӯмак намояд.
Ин нуқтаро Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддири назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 4-уми май дар ҷаласаи дуввуми ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳодия Аврупо дар Душанбе баён доштааст.

Оқои Назаров гуфтааст, ки Тоҷикистон як навъ сипар дар роҳи интиқоли маводи мухаддири ҷодаи шимолӣ ба Русия ва кишварҳои аврупоӣ аст ва дар ҳоле мӯҳлати хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон наздик мешавад, кишварҳои аврупоӣ бояд ба ин қазия таваҷҷӯҳ кунанд ва барои тақвияти марзи ин кишвар бо Афғонистон мусоидат намоянд.

Ба гуфтаи оқои Назаров, тақвияти марз ин пеш аз ҳама таъсиси бунгоҳҳои ҳарбӣ дар минтақаҳои душворгузар ва кӯҳистонии вилояти Хатлон ва ҳамчунин муҷаҳҳаз кардани ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо технологияи ҷадид мебошад.

Оқои Назаров пешниҳод кардааст, ки дар маркази кинологӣ, ки расман моҳи май ба кор шурӯъ мекунад, як маркази омӯзишӣ барои он сохторҳои ҷумҳурӣ, ки бо маводи мухаддир мубориза мебаранд, созмон дода шавад.

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик кӯмакҳое, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва ИА ба Тоҷикистон дар ин замина мерасонад, натиҷаҳои натоиҷи мусбат дар пай доштааст ва дар зарфи 11 соли ахир бо дастгирии созмонҳои байналмилӣ ва талошҳои мақомоти интизоми Тоҷикистон дар кишвар ҳудуди 74 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки 31 тоннаи он ҳероин будааст. Оқои Назаров афзудаст, ки агар ин 31 тонна ҳероин ба кишварҳои истеъмолкунанда мерасид, эҳтимолан 40 миллион нафар ба мӯътодӣ гирифтор мешуданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздик ба 1400 километр марзи муштарак дорад, ки ба таври мудаввом бо хатари афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва убури гурӯҳҳои мусаллаҳи тундгаро рӯбарӯст.