Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон чанд аст?


Федератсияи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз воқеӣ набудани омори расмии теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Массимо Барра, раҳбари федератсия, ки дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, бар пояи таҳқиқоти коршиносони соҳа, теъдоди мӯътодон аз 60 то 100 ҳазор тахмин зада мешавад, на 8 ҳазоре, ки мақомот мегӯянд:
«Ба назарам, мақомот мавҷудияти ин мушкилро хуб мефаҳманд. Ҳамчунин гузоришҳои мустақими Созмони ҷаҳонии сиҳат, Созмони назорати маводи мухаддири СММ, Фонди глобалӣ ва ғайраҳои вуҷуд доранд. Онҳо ҳам аз вазъ изҳори нигаронӣ мекунанд.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, масъулини Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар имконияти ошкор кардани ҳамаи мӯътодон дар кишварро надорад ва аслан афроде сабти ном мешаванд, ки ба марокизи наркологӣ дар саросари кишвар муроҷиат мекунанд ва ё аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои табобат ба ин марокиз фиристода мешаванд.

"ОМОРИ РАСМӢ АЗ ВОҚЕИЯТ ФАРҚ МЕКУНАД"

Маҳмадраҳим Малахов, сарвари Маркази наркологии вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, нашъамандиву майзадагӣ, маризиҳои рӯҳиву сироятӣ ва дигар маризиҳои ғайрирафторӣ метавонанд боиси ба табъиз гирифтор шудани инсонҳо шаванд. Вай афзуд, на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё гирифторони ин навъи бемориҳо намехоҳанд худро ошкор кунанд ва табиист, ки омори расмӣ аз воқеият як дараҷа фарқ мекунад: «На ҳар кас баромада дар назди ҷомиа мегӯяд, ки ман нашъамандам, майзадаам ё ба бемории пӯсту дигар бемориҳо гирифторам. Омори расмие, ки вазорати тандурустӣ мегирад, ҳамон оморест, ки мо дарёфт кардаем ва шумораи мӯътодонро ба қайд гирифтаем. Мо ҳамонҳоро ироа мекунем.»

Оқои Малахов афзуд, бар асоси таҳқиқот, пушти ҳар нафари кашфшуда боз панҷ нафари кашфношуда пинҳон мемонанд.

ДАЛОИЛИ АФЗОИШИ МӮЪТОДӢ ЧИСТ?

Созмонҳои байнулмилалӣ далоили афзоиши мӯътодон дар Тоҷикистонро ҳамчунин ба ҳамсоягӣ ин кишвар бо Афғонистон ва қимати поёни маводи мухаддир дар қиёс бо дигар манотиқи ҷаҳон марбут медонанд. Далели дигарашон ин аст, ки теъдоди мӯътодон дар ҷаҳон сол ба сол меафзояд ва ҳоло дар ҷаҳон 200 миллион нафар гирифтори нашъамандиянд. Ҳамчунин солона дар саросари ҷаҳон 10 дарсади маводи мухаддире, ки истеҳсол мешавад, аз сӯи мақомоти амниятӣ боздошт ва мусодира мешавад.

"МЕТОДОН"- ДОРУ АЛАЙҲИ МӮЪТОДӢ

Массимо Барра, раҳбари Федератсияи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мегӯяд, тибби муосир барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нашъмандӣ дар ҷаҳон пешрафтҳои назаррас кардааст. Вай афзуд, намояндагии созмонаш дар Тоҷикистон яке аз мубтакирони ворид кардани истифодаи "методон", доруи алайҳи мӯътодӣ дар кишвар аст, ки то ба ҳол натиҷаҳои назаррас додааст, аммо ҷомиа дар ин бобат иттилоъ надорад. Ба қавли ӯ, ин дору касро дар як муддати кӯтоҳ аз мӯътодӣ наҷот медиҳад ва дар шаш маркази табобатии мансуб ба федератсия дар саросари Тоҷикистон ройгон тавзеъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, мӯътодӣ, ки бештар аз ҳероин ҳосил мешавад, «бемории сарватмандон» аст. Дар гузашта мавориди дар пайи истеъмоли зиёди ҳероин фавтидани фарзандони афроди баландмақом низ мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG