Кадом хислатҳои инсонӣ бароятон писанд аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба ақидаи равоншиносони имрӯза инсон бад ё нек намешавад, балки метавонад, хислатҳои бад ё нек дошта бошад. Дар ҳолатҳои гуногун ҷамъи ин ё он хислатҳои инсон бартарӣ пайдо мекунанд ва ӯ дар назари дигарон бад ё нек намудор мешавад. Аммо шояд чанд хосияте ҳастанд, ки пойдевори характери шахсро муайян мекунанд. Пурсиши навбатии видеоии моро бубинед ва агар шавқ доред, ба ин суолҳо посух диҳед. Ва ҳам худ бигӯед, ки кадом хислатҳои инсон бароятон писанд асту кадом писанд нест.