Идора ва корхонаҷоти кишвар дар 2 моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 6,5 миллион сомонӣ аз кормандони худ қарздор шудаанд.
Бар пояи маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон, ин маблағи музди маоши моҳонаи коргарони ин корхона ва муассисаҳост, ки дарёфт накардаанд.
Манобеи Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯянд, қарздорӣ аз пардохти музди кор қариб дар ҳама арсаҳои иқтисоди кишвар, вале умдатан дар арсаи саноат, коркард ва фурӯши нерӯи барқ, газ ва таъмини об ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, қарздорӣ дар ин соҳа дар муқоиса бо соли қабл даҳ баробар афзоиш пайдо кардааст.
Бар пояи иттиллои Оҷонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии қарздории корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ аз пардохти музди моҳона то аввали апрели соли ҷорӣ 23 млн. 387 ҳазору 700 сомониро ташкил додааст. Гуфта мешавад, як қисме аз ин маблағҳо аз солҳои пешина боқӣ мондааст.
Тоҷикистон дар миёни бақия кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати ҳаҷми маош дар зинаи аз ҳама охир қарор дорад. Маоши моҳонаи мутавассита дар ин кишвар 115 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Русия бо 800 доллар дар мақоми аввал, Қазоқистон бо 625 ва Озарбойҷон бо 469 доллари амрикоӣ дар зинаҳои дуввум ва сеюм қарор доранд.
Зимнан раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси олии ин кишвар эълон кард, ки аз аввали сентябри соли ҷорӣ ҳадди ақали маош дуним баробар афзуда аз 80 то ба 200 сомонӣ баробар мешавад.