Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо камтарин маош дар ИДМ


Бар асоси гузориши Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё СНГ, ҳаҷми камтарини моҳонаи миёна дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсуд дар Тоҷикистон аст, ки 106 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса дар Қирғизистон ҳадди миёнаи маош 210 доллар, Озарбойҷон 278, Арманистон 375 ва дар Русия 945 доллар аст.

МАОШИ МИЁНАИ ТОҶИКОН ЧАНД АСТ?

Аммо ба таъкиди коршиносон, 106 доллар ҳадди миёнаи маоши моҳонаи кормандони мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон аст, ки 7 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад.
Арқоме, ки Кумитаи омори ҷумҳурӣ ва Кумитаи омори кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ироа мекунанд, баёнгари вазъи воқеӣ нест...


Ин дар ҳоле, ки бештар аз 70 дарсади сокинони Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва моҳонаи миёна бо ҷамъи даромади иловагии хонаводаашон ба 300 сомонӣ ё дар ҳудуди 70 доллар баробар аст.

Чанде пеш идораи шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода буд, ки маоши ҳадди миёна дар пойтахти Тоҷикистон аз 700 сомонӣ бештар аст.

Вале ба гуфтаи бархе аз коршиносон, аз 500 то ҳудуди 700 сомониро наметавон дар Тоҷикистон ҳадди миёнаи маоши мардум хонд.

КОРШИНОС: "ГУЗОРИШ ВОҚЕИЯТ НАДОРАД"

Ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, гузориши Кумитаи омори кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва худи Оҷонси омори Тоҷикистон баёнгари воқеии ҳадди миёнаи маош дар Тоҷикистон нест.

Вай афзуд, "музди миёнаи ҷумҳуриявӣ ҳама соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзиро низ дар бар мегирад. Душвории масъала дар он аст, ки ахиран дар Тоҷикистон як соҳаи нав - хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ташкил шуд, вале на ягон системаи ҷамъоварии маълумот, ҳисобу китоб дар ин замина вуҷуд надорад ва дар ҷумҳурӣ ҳеҷ идора иттилои дақиқе надорад, ки дар ин соҳа чанд нафар кор мекунад, чӣ қадар музд мегирад ва чӣ қадар андоз месупорад. Ба ин далел, арқоме, ки Кумитаи омори ҷумҳурӣ ва Кумитаи омори кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ироа мекунанд, баёнгари вазъи воқеӣ нест."

Ба гуфтаи ҷаноби Қуддусов, моҳонаи додаи давлат, даромад аз замини назди ҳавлӣ агар як бахши даромади моҳонаи як шахс ё хонаводаеро дар деҳот ташкил кунад, бахши дигари ин даромад воридоти маблағҳои муҳоҷирони корист. Вай гуфт, "таҳқиқот нишон медиҳад, ки даромад аз муҳоҷирони корӣ танҳо сеяки даромади хонаводаҳоро ташкил медиҳад ва ин даромадҳо дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нақши муҳим дорад."

Аммо ба қавли профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бахши асосии хароҷоти зиндагии мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби даромади муҳоҷирони корӣ аст. Зеро дар соли 2010, 2 миллиарду 216 миллион доллар танҳо аз тариқи бонкҳо аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки қариб якуним баробари буҷаи ин кишвар будааст.

ДАРОМАДҲОИ "ҒАЙРИРАСМӢ"
Дар шароити набудани ҳисоби дақиқ дар мавриди шуғл ва даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон, наметавон гуфт, ки ҳадди маоши миёна дар кишвар 106 доллари амрикоиро ташкил медиҳад...


Ба эътиқоди бархе дигар аз коршиносон, дар Тоҷикистон навъҳои шуғли ғайрирасмӣ хеле зиёд аст, ки ҳисобу китоб надорад ва имкон дорад, ҳадди миёнаи маоши моҳона аз 106 доллар ҳам бештар бошад.

Барои мисол, Муҳаббатҷон Абдуқодиров, сокини ноҳияи Рашт, омӯзгор буда ва хонаводаи вай иборат аз 17 нафар аст. Вай мегӯяд, дар кӯҳистони Тоҷикистон хонаводаҳое ҳастанд, ки аз ҳисоби боғи худ, бахусус, аз фурӯши танҳо маҳсули нок солона то 6-7 ҳазор сомонӣ ва аз ин ҳам зиёд даромад ба даст меоранд.

Муҳаббатҷон Абдуқодиров афзуд, "моҳонаи ман 390 сомонӣ дар моҳ аст. Аз замини назди ҳавлӣ соле то 600 -700 ва дар бархе солҳо то 1000 сомонӣ даромад мегирам. Писарҳоям дар Русия кор мекунанд ва аз 1, 5 то 2 ҳазор доллар ба даст меоранд. Дар ноҳияи мо хонаводаҳое низ ҳастанд, ки то 220 сомонӣ моҳона мегиранд, вале сарчашмаи дигари даромад надоранд."

Бино ба омори расмӣ, теъдоди ҳамчунин хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 48 дарсадро ташкил медиҳад ва бар асоси гузориши Пажӯҳишгоҳи кор ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, нафаре, ки аз 500 то 700 сомонӣ маош мегирад, ба синфи миёнаи ҷумҳурӣ тааллуқ дорад ва коршиносони ин ниҳод теъдоди ин табақаи аҳолӣ дар Тоҷикистонро ба таври рамзӣ 15 дарсад тахмин мезананд.

Вале бархе аз коршиносони мустақил теъдоди табақаи миёнаи аҳолиро ҳудуди 7 дарсад гуфтаанд. Ба таъкиди ин коршиносон, дар шароити набудани ҳисоби дақиқ дар мавриди шуғл ва даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон, наметавон гуфт, ки ҳадди маоши миёна дар кишвар 106 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG