Агар раис мебудед, наздикони худро ба кор мегирифтед?

Танҳо як гурӯҳи сокинони пойтахт ҷалби наздикон ба идораҳои таҳти роҳбарияшонро ба манфиат надонистанд.
Ин дафъа хабарнигори “Озодӣ” бо суоли “агар Шумо роҳбар мебудед, оё наздиконатонро ба кор мегирифтед?” ба сокинони пойтахт муроҷиат кард. Ҳарчанд бархе аз онҳо омодаанд, наздиконашонро ба идораи таҳти роҳбарии худ ба кор бигиранд, вале иддае дигар онро ба нафъи кор надонистанд.

Чунон ки яке аз назардиҳандагон аз мақоли мардумие ёдоварӣ карду гуфт, "дарахтро кирми худӣ мехӯрад, на бегона." Як ҷавони дигар ҳам мегӯяд, ҷалби наздикон ба кор онҳоро "ҳавобаланд" карда ва мӯҷиби сифати пасти кор хоҳад шуд.

Аммо иддае дигар ба ин боваранд, ки дар сурати раис будан ҷалби наздикон кӯмаке ба онҳо хоҳад буд. Чун ба қавли яке аз ҳамсӯҳбатони мо "хубияш ҳамин аст, ки хешу таборат соҳиби як бурида нон мешавад." Баъзеи дигар хешу таборро дар умури раҳбарӣ "асо" номида ва онҳоро аз ҷумлаи афроди боэътимоди худ мешуморанд.

Чанд нафари дигар ҳам пешниҳод доранд, бояд он зумра аз наздикон ба кор гирифта шаванд, ки донишу саводи кофӣ дошта, соҳиби тахассус бошанд.

Ин пурсиш ва ин посухҳо дар ҳоле баён мешаванд, ки созмонҳои байнулмилалӣ ва сокинони кишвар мақомоти давлатии Тоҷикистонро дар хешутаборбозӣ муттаҳам мекунанд. Аммо моҳи октябри соли гузашта намояндагони порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни мубориза бо коррупсия гуфтанд, ки мансабдори давлатӣ ҳақ надорад дар муассисаи зери раҳбариаш афроди наздики худ, аз ҷумла келин (арӯс) ва домодашро истихдом намояд.

Дар оғози соли ҷорӣ баробари ба курсии вазири умури дохилӣ нишастан, Рамазон Раҳимов бародараш Раҳмонқул Раҳимов -- сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти муташаккили вилояти Суғд ва писараш лейтенант Дилшод Раҳимов - ваколатдори фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанберо аз мақомҳояшон барканор кард. Вале пас аз чанд муддат Раҳмонқул Раҳимов яке аз вазифаҳои масъул дар Раёсати гумруки вилояти Суғдро соҳиб шуд.

Хонандаи азиз, аввал ин навори видеоро бубинед ва баъдан назари худро ҳам бинависед, ки агар Шумо раис мебудед, оё ба хешу табори худ ҷои кор медодед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Агар раис бошед, наздиконро ба кор мегиред?